Бахшҳо

“Як тарафи сулҳ – сазовори тухму помидор, тарафи дигар – лоиқи базм?”

Ҳумайрои БАХТИЁР

Ҳамагӣ баъд аз чанд рӯзи дигар ба имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон 17 сол пур мешавад. Чун одат дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдат тамоми сохторҳои ҳукуматӣ аз ин дастоварди худ ситоиш карда, барномаву филмҳои мустанаде пахш менамоянд, ки як мазмун доранд: сулҳ бо талоши як ҷониб - манзур ҳукумат - ба даст омадааст.

Солҳои аввали сулҳ аз Ваҳдати миллӣ ҳамчун маҳсули ба ҳам омадани ду ҷониб ёд мешуд. Телевизионҳои кишвар, ки яке аз дастгоҳҳи пурқуввати таблиғоти ҳукуматӣ боқӣ мондаанд, филмҳои мустанад пахш мекарданд. Аммо он филмҳо аз ин намоишномаҳои имрӯзӣ комилан фарқ дошт. Дар он мантиқу ҳақиқат вуҷуд дошт. Яъне, дар соли 1997 тоҷикон бо ҳам сулҳ карданд, бо заҳмату ризоияти ҳарду ҷониб.

Мазмуну шеваи пахши ин филмномаҳо бо гузашти солҳо дигар шуд. Дар 5-7 соли аввал мегуфтанд, ки Ваҳдат ин дастоварди умумимиллӣ аст. Вале таҳияи филмҳои баъдӣ бо мазмуни дигар буд. Оҳиста-оҳиста ҷониби дигари мусолиҳаро аз доира берун карданд. Мардумро одат ва бовар кунонданд, ки ин сулҳ дастоварди як гурӯҳ аст ва ҳеч ҷониби дигаре дар он гӯиё нақше надорад.

Боз чанд соли дигар сипарӣ шуд. Дастгоҳҳои таблиғотӣ аз ситоиши “дастовард”-и якҷониба гузаштанд ба васфи талошҳои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар. Дастгоҳи таблиғотӣ пайваста мегӯянд, ки бо кадом аз худгузаштагиҳое Эмомалӣ Раҳмон ин Ваҳдатро ба вуҷуд оварда, муҳоҷиронро низ баргардонд. Агар дар аввал мегуфтанд, ки сулҳ ин натиҷаи кори ду гурӯҳ, баъдан як гурӯҳ ва дертар заҳмати як нафар арзёбӣ карданд. Ҳоло даври дигар фаро расид. Чунин ба назар мерасад, ки ҳамакнун дастгоҳҳои таблиғотии ҳукуматӣ ҳадафмандона аз ҷинояткориву сиёҳкории ҷониби дигар ёд мекунанд. Ҳадди ақал пахши навору гузоришҳои пай дар пай дар мавриди пайравони ҳизбу ҳаркатҳои дигар чунин бардоштеро ба вуҷуд меорад.

Нерӯҳои мухолифин: мушкили мо ё мушкили ҳукумат?

Дар ниҳоят дар симои мухолифин аксар шаҳрвандони кишвар ифротгарову ҷинояткоронро “шинохтанд”. Хуб, фарз кардем, ки чунин ҳам ҳаст, аммо идомаи амали ҳукумат чӣ хоҳад буд? Чунин ба назар мерасад, ки ҳукумат бо аз худ кардани дастоварди сулҳ аз масъулияту ӯҳдадориҳои худ фаромӯш кардааст. Ҳукумат фаромӯш сохта, ки вазифаи аввалиндараҷаи ӯ ин таъмини зиндагии беҳтари мардум аст. Фаромӯш карда, ки рисолати аслии ӯ ин сиёсати муътадил, рушди иқтисод ва бо ҷойи кор таъмин кардану беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии сокинон аст.

Мушоҳида мешавад, ки ҳукумат фаъолиятро комилан дар ҷанбаи дигар пеш мебарад. Давоми ин даҳ соли охир мо шоҳиди он гаштем, ки чӣ гуна қадам ба қадам сулҳро “худӣ” карданд.

Зайд, Кабирӣ, Зойиров, Тӯраҷонзода...

20 соли давлатдорӣ дар Тоҷикистон собит намуд, ки ҳар он шахсият ва нерӯе, ки барои тағйир додани вазъи кишвар, барои ворид шудан ба сиёсат азм намояд, он сарнагун хоҳад шуд. Муҳаммадрӯзӣ Искандарову Ёқуб Салимов аз ҷумлаи он шахсиятҳое мебошанд, ки тасмим доштанд, то ба майдон ворид шаванд. Ба зудӣ онҳо аз як мансабдорони муваффақ ва калидӣ ба ҷинояткору зиндонӣ табдил ёфтанд. Ба эҳтимоли зиёд дар солҳои наздик низ ин майдон моли нерӯе нахоҳад шуд. Мисле, ки ин раванд идома дорад. Мисоли охирин боздошту зиндонӣ шудани Зайд Саидов, роҳбари гурӯҳи ташаббускори “Тоҷикистони нав”, собиқ вазири саноати кишвар мебошад. То замони ба сиёсат ворид шудан, Зайд Саидов яке аз чеҳраҳои муваффақе буд, ки пайваста дар чорабиниҳои ҳукуматӣ ва дар паҳлӯи Эмомалӣ Раҳмон буд. Вале, баъдан, аз ин соҳибкори муваффақу марказгаро якбора ҷинояткор “сохтанд”. Боз ҳам ҳамин дастгоҳҳои таблиғотии ҳукумат буд, ки дар як фурсати барои худашон муайян чӣ гуна далелҳоеро барои ҷинояткории ӯ пайдо накарданд.

Аммо бо сарнагуну зиндонӣ кардани мухолифин, ки ҳеч мушкиле дар ҳеч кишвари дунё бартараф нашудааст. Фарз кардем, ҳоло ҲНИТ ва роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ, ҲСДТ ва роҳбари он Раҳматилло Зойиров, Ойниҳол Бобоназарова, Файзиннисо Воҳидова, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва ҳар равшанфикру дигарандеши дигар барои рушди воқеии сиёсат ва иқтисоди кишвар монеъ мешаванд. Аммо кӣ кафолат медиҳад, ки ҳукумат дар суханҳои худ замони ба Ваҳдат расидан содиқ мемонад? Магар он замон савганд ёд нашудааст, ки тамоми заҳмату нерӯ барои беҳтар кардани вазъи миллату давлат равона хоҳад шуд? Бо мубориза алайҳи мухолифон намешавад, ки тараққиёти кишварро таъмин намуд. Пас аз маротибаи чорум ба мақоми президентӣ расидани Эмомалӣ Раҳмон чунин менамояд, ки зердастонаш бо тамоми қувва бар зидди мухолифон амал мекунанд. Мисли инки дар ин кишвар ҳеч мушкили дигар вуҷуд надошта бошад. Ё бо шикаст додани дигарандешон мушкилоти беҳудуди ҷумҳурӣ ҳар мешуда бошанд?

Ба ҷои хулоса

Тааҷҷубовар ин ки пас аз чанд рӯзи дигар бо дабдабаву ҳамҳама дар Наврӯзгоҳи пойтахт ҷашни Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. Фикр мекунам, иштирокдорон танҳо як ҷониби сулҳ бошанд. Дар назар аст, ки ҳатто дар охири ҷашн салютпаронӣ хоҳанд кард, ки касро ба андеша водор месозад: Як тарафи сулҳ сазовори тухму помидор, тарафи дигар лоиқи базму тараб. Вале, оё касе аз оқибаташ меандешида бошад, ё не?!
Мӯҳр
jamshed
behtarin tahlilu fikru andesha xelo jichzhoi vokeiyatro gufted.

Бунёдчон
Вокеан дуруст аст.

Хайрандеш
Офарин, Хумайро!!!

salom ba hamai binandagon, ba nazar merasad ki in kasone ki dam az sulh mezanand va khudro faqat tarafdori on me donand ba yak ruhiyai diktoturi giriftor shudaand

Хувайдо
Хис мешавад,ки куввахои беруна аз бесаводии минтакагароён,ки аслан ба чуз вазифа ва пулу мол парвои миллати моро надоранд ба хуби истифода бурда истодаанд.Ин мардум интихоботхоро ба мазхака табдил доданд.Чун диданд,ки точикон беакланд боз сулхро низ мехоханд,ки ба номашон изофа кунанд.Лекин чомеъаи чахони дар бораи чангу катли оми точикон холо бисёр чизхоро медонад ва хохад донист,агарчанде,ки русхо холо бисёр кушиш доранд,ки дар ин катли оми точик худро бегунох ва халки русро генотсидшуда эълом намоянд,чун чинояти генотсид вакти гузашта надорад ва он мумкин аст баъди 40-50 сол барраси гардад.

.
Тарафи оппозиция сиесатмадор нестанд. Сиесат ин макру фиреб аст. Ин соддахоро мисли кудак фиреб доданд. Бе ягон кафолат омада худро ба дахони аждахо андохтанд. Вазифа доданд, корхонахоро ба онхо фурухтанд. Вакту соаташ ки омад хамаашонро аз вазифахо пеш карда молу мулкашонро мусодира намуданд.

Аброр
Рузномаи "Вахдат"-ро гирифтам,нашри навашро,дар ончо ба гайр аз аксхои як тарафи даргир дигар акси мухолифони точик,тарафи дигар сулх умуман вучуд надорад.Ин чи маъно дорад.Аслан точик на ба сулх расидааст ва на вахдат.Аслан ин суханхоро ба забон оварданд хандаовар низ хаст.О бародарони бесавод шумо кушиш кунед,ки вахдати андешахо ва якдигарфахми миллиро руи кор оваред.Вахдат ва сулх ин як маъони оташбас нест.Он аз чандин зинахо,азчумлда зинаи вахдати андешахо,чизи аз хама асоси иборат аст.Афсуз,сад афсуз.

Абдулло
"Яъне, дар соли 1997 тоҷикон бо ҳам сулҳ карданд, бо заҳмату ризоияти ҳарду ҷониб.".......
Саволи ман ин аст, ки ониби дигар низ мисли Чаноби оли кушишхову захматхову гузаштхо низ доштанд??????
Ба фикри ман ба чуз аз химояи манфиатхои худ ва фоизбандии мансаб коре надоштанд.
Дигар ин ки чаро баъди сари тарафи дигар холо хам баъзехо, ки он вактхо умуман ё набуданд ва ё намехостанд худро хамакнун тарафи сулх медонанд?
Оё метавон чизхои баъзан маънавиро ба мерос гирифт?

сино
Хамин ЭШР агар ба ондозаи хамин рузноманигор яъне Хумайро дониши сиеси медошт инкадар миллат хору зор намегашт.

Собир
Хумайро медонй, ки журналисти вокей тавре менависад, ки мавкеяш маълум намешавад. Ё дар донишгох дигар хел дарс доданд. Ба назари ман ин маколаро ягон нахзатй навишта бошад. Канд занед!!
Барои мушаххас гуфтани мавкеъ журналистони русро дар Украина фишору таъкиб ва хатто мепаронанд.

Сарир
Абдулло,чи хел гузаштхо надоштанд.Галаба аз паси галаба доштанд ва метавонистанд дар назди Руссия тамоман дигар масъалахоро ба миён гузоранд,лекин гузашт карданд,аслан 30 фоизаашон низ нодуруст буд,миллати точик хеч гох 30 фоиза ва 70 фоиза набуд.Имруз 30 фоиз гуфта точикони аслии хуни турки надоштаро мефахманд.Яъне точикро дар давлатдори рох намедиханд,то хуни турки ва мугули надошта боши.Шармандаги аз ин зиёдтар намешавад.

Марям
Ҳақиқат ҳеҷ гоҳ пинҳон намемонад .. Худованд ҷурати "Озодагон" ва ҳама тоҷиконро зиёдтар кунад!

Офарин хонум Хумайро .. бисер тахлили ошкоро ва хакикати талхро руи калам оварди . Ин як навъи фикри мардум ва насли ояндаро тагир доданаст, ки гуё Эмомали Рахмон ин сулхро яктара кардааст ва дигарон сахм надорард. Ва дигар масъала ин 0аст ки бо воситаи ин гуеа худнамоихо ва хою хуй диккати мардумро аз дигар ма7окили рузгор дур карданаст..

Хоҳари азиз, Ёқубу Маҳмадрӯзӣ шахсият нестанд ва онҳо ҳеҷ гоҳ аз зумраи мувафаққон набудаанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)