Дарёфти садҳо ниҳоли бангдона дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Хуҷанд
Мақомоти пулиси вилояти Суғд дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд 1570 бех ниҳоли бангдона пайдо намудаанд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, ин ниҳолҳо 20-уми июн дар доираи амалиёти «Кукнор-2014» дарёфт гардида, аксарияташонро ниҳолҳои худрўй ташкил медиҳад. Ба иттилои манбаъ вазни умумии бангдона 30 килоро ташкил додааст.
Дар маҷмуъ Раёсати умури дохилии Суғд афзуд, ки тайи рӯзҳои охир дар вилоят 7 ҳазору 703 бех ниҳолҳои худрўйи бангдона бо вазни 81 кг дарёфт гардидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |