Бахшҳо
24 июн 2014 15:24Тоҷикистон / Тема дня

Қудратов: “Дар фирори Низомхон Оҷонсии зидди фасод айбдор аст”

Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик ва яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, дар ғайб задани Низомхон Ҷӯраев – соҳибкори боздоштшудаи тоҷик кормандони Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон айбдор кард. Ӯ дар саҳифаи Фейсбуки худ навиштааст, “агар, дар ҳақиқат, Ҷӯраев фирор карда бошад, кормандони масъули Оҷонси зидди фасоди молии кишвар бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд.”

Ба гуфтаи Қудратов, ин соҳибкори боздоштшудаи тоҷик аз замони “омадан”-аш ба Тоҷикистон дар бинои Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар нигаҳдорӣ шуда, таҳти назорати кормандони оперативии ин ниҳод қарор доштааст: “Ҳуҷраи нигаҳдории Ҷӯраев бо утоқи кории Абдуфаттоҳи Ғоиб (Фаттоҳ Саидов), раиси Оҷонсии зидди фасоди молии кишвар девор ба девор буд. Ӯ шабу рӯз зери назорати кормандони оперативии агентӣ буда, ҳатто бе онҳо, яъне кормандоне, ки ӯро нигоҳубин мекарданд, ба дастшӯӣ намерафт.”

Шуҳрат Қудратов бо ишора бар ин ки макони будубоши ин соҳибкори боздоштшударо ҳоло бояд аз раҳбари Оҷонсии зидди фасоди молӣ пурсид, афзудааст, фикр мекунам, “Низомхон Ҷӯраев рисолаташро дар назди мақомот иҷро кард.” Низомхон Ҷӯраев, ки ӯро дар Тоҷикистон бо чанд иттиҳом, аз ҷумла даст доштан дар куштор, азхудкунии маблағ ва таъсиси гуруҳи мусаллаҳ муттаҳам медонанд, 18 августи соли 2010 дар яке аз минтақаҳои шаҳри Маскав аз сӯи пулиси Русия бо дархости ҷониби Душанбе боздошт гардида буд. Додгоҳи олии Русия дар он замон ба қароре омада буд, ки ӯро ба ватанаш истирдод кунад. Вале дар пайи эътирозҳои шадиди ҳуқуқшиносон аз ин қарори худ даст кашид.

Дар ибтидои соли 2012 Ҷӯраевро аз боздоштгоҳи Зеленогради Русия раҳо намуданд. Вале баъд аз чанд муддати беному нишон гардиданаш нохост дар Тоҷикистон аз худ дарак дод. Ӯ тариқи телевизионҳои давлатии кишвар гуфта буд, ба Ватан бо хоҳиши худ омадааст, то ба мақомот таслим шавад. Ба гуфтаи Ҷӯраев, гӯиё ӯ аз Русия тариқи қаламрави Қазоқистон ва Қирғизистон ба Тоҷикистон омадааст. Вале ба навиштаи расонаҳои хабарӣ Низомхон Ҷӯраев аз тарафи чанд тан аз ҳамватанони худ рабуда, ба Ватан оварда шудааст.

Баъд аз боздошт ва оғози мурофиаҳои додгоҳии Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва раҳбари Ҳизби сабтиномнашудаи Тоҷикистони нав моҳи сентябри соли гузашта дубора номи Ҷӯраев дар сархати расонаҳои хабарӣ қарор гирифт. Оҷонсии зидди фасоди молӣ он вақт бо такя ба нишондоди Низомхон Ҷӯраев эълон кард, ки гӯиё Зайд Саидов дар замони вазири саноат буданаш корхонаи “Тоҷикатлас”-ро аз ӯ ба зӯрӣ гирифтаву дар иваз пуштибонияшро ваъда додааст. Иттилое, ки баъдан Зайд Саидов воқеияти онро рад карда, дурӯғе беш надонист.
Мӯҳр
самад
бовар дорам онро кадом як макомоти давлати гурезондаанд вагарна у намегурехт.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)