Бахшҳо

Озодаи Эмомалӣ: Ҳеч гоҳ шаҳрвандонамонро танҳо намегузорем

Озодаи Эмомалӣ, духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон ва муовини аввали вазири умури хориҷии кишвар мегӯяд, мақомоти тоҷик аз ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони худ дар хориҷа ҳамеша ҳимоят мекунанд.

Ӯ зимни як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе гуфтааст, "намояндагиҳо дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар асоси салоҳиятҳои худ ба рушду таҳкими робитаҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамаҷониба мусоидат карда, дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории кишвар аз ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон дар хориҷа ҳимоят мекунанд."

Ба гуфтаи Озодаи Эмомалӣ, ҳоло дар хориҷ аз кишвар 30 намояндагии дипломатӣ ва 14 консули Тоҷикистон фаъолият мекунад, ки вазифаашон ҳамкорӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳалли мушкилиҳои онҳо ба шумор меравад.

Ин дар ҳолест, ки Иззат Амон, яке аз корбарони фаъоли шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар саҳифаи худ аз афзоиши мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия баъд аз қарори ахири сарвазири ин кишвар оид ба манъи вуруд бо шиносномаҳои дохилӣ хабар додааст. Ба қавли Иззат Амон, гӯиё пулисҳои Русия назорати иҷрои ин қарори сарвазири худро, ки интизор мерафт, аз моҳи январи соли 2015 амалӣ шавад, аз ҳоло шуруъ карда, аз муҳоҷирон бидуни асос маблағ меситонанд. “Даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон бо ман тамос гирифта, шикоят доранд, ки пулис аз онҳо ба хотири иҷро накардани қарори дирӯзаи ҳукумати Русия дар бораи манъи вуруд ба қаламрави ин кишвар бо шиносномаҳои дохилӣ пул гирифтаанд,”- навиштааст, Иззат Амон.

Дмитрий Медведев, сарвазири Русия рӯзи 23 июни соли ҷорӣ зери қарори наве имзо гузошт, ки бар асоси он вуруди сокинони Тоҷикистон сар аз 1-уми январи соли 2015 бо шиносномаҳои дохилӣ ба Русия манъ буда, омадурафт ба ин кишвар танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ, дипломатӣ ва шиносномаи баҳрнавард мумкин аст.

То ҳол қарори дахлдор аз соли 2005 амалӣ мешуд, ки имкон медод, шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия бо шиносномаҳои дохилӣ рафтуомад дошта бошанд. Акнун ҳукумати Русия азм дорад, на дертар аз соли 2015 рафтуомад бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ)-ро, ба истиснои кишварҳои Иттиҳоди гумрукӣ, тариқи шиносномаҳои хориҷӣ роҳандозӣ кунад.

Шумораи муҳоҷирони кории тоҷик танҳо дар Русия беш аз як миллион буда, ахиран Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия шумораи онҳоро 1 миллиону 170 ҳазору 825 нафар эълон карда буд.
Мӯҳр
aku padart bisyo ba vadahosh vafo kad bo navbati dxtarsh shid didaistodaem chixel himoya meknen

наход? кошки суханат дар хакикат амали гардад .

Озода ба ту гуфтаниам ,ки дуруги махз гап назан магар ёрдам намекунед дуруг нагуед шумо аз Худо заррае наметарсед? тамоми мухочирони дар Россия дар азобанд нисфашон дар адели милисаи Москва шиштаги ичозатнома барои баргаштан нигох доранд вале консули мо дар хоби гарон аст магар ин аст химояти шумо? як когазе ки дар 10 минут барои 100 одам таёр карда мешавад

behtarined ozodamoh lekin ba'ze konculu pasolhoyaton nomi shumo va hukumatro past mezanand dar nazdi hamagon.

Тавба Симои падарша дорае, нисбати дигар фарзандош президентзебай шавхараш хушбахттарин шахс аст

ранги падарат факат гапои болохонадор гап мезанед, паспорти беометрира 500сомон мефурушеду бо хдта ширин мекуни. Ду рузи дигар бозори паспортфурушитон гарм мешавад Худо дод шумода дига. Аз гапу ваъдахотои бепоятон монда шудем, бовар надорем "мухтарама" Озодахон!

Мухтарам Хукуматдорон шумо фикри 1 000 000 мухочирро кунед махсусан атрофи то охири сол гирифтани паспорти хоричи дар Овиру, Мид корупсия авч мегирад барои он ки мардум тамоман успет намекунанд хамаашон дар гирифтани паспорт,чихеле ки мебинед мардуми бечора алакай саргардон шудаанд дар каламравии Руссия,ин милисахои харомхурда ягон укази сарвази ё президент ро шунаванд тамом вой бар холи мухочирон бад!!
Ва барои чи хукуматдорони мо 7000 солдату афсари Руссияро статуси дипломати медихаду инхо бошанд нисбати мухочирон ин конунхои сахт мекунанд

shafof
in sukhanhoro honda yak matalro ba yod meorad, Buzak buzak na mur bahor meoyad.

Сайид
Бовараш накунед. Викиликсро хонед, ки буданашро мефахмед.

Гариб
Гариби кухи сахтай ей бародар :монда шудем"

Зохиран нигоххои падар...

Озодабону рости гап аз дасти худатам ва аз дасти шавхаратхам инчунин аз дасти падарат хам ягон кор намеояд. Консули генералии Точикистон дар руссия язнаат, ки дар Кумитаи андоз кор мекарду маънии андозро хатто сарфам намерафт хатто забони русиро намедонад. Точикистонро бо ин ноухдабароиатон русиях кардед ва халкро дар азобу укубат гирифтор кардед.

дуруг
Инхо кайфу сафо доранд дар касру кушкхо. Аз кадом хисоб? Шумо кайхо аз боварии халки точик баромадаед!

VAER
Aku Ba nomi MIllat Marduma khub Freb Doden BAS !!!

Ba Nomi Mardum Khela Marduma Fireb Doden BAS !!!

Хехехе может хватить врат аааа?
если она действительно хотела помочь нораду
Цена на загран...паспорта не повешалась бы

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)