Бахшҳо
25 июн 2014 13:02Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

ВИДЕО: Хориҷиҳо ва “коктейли молотов” дар гирдиҳамоиҳо мамнуъ шуданд

Парлумони Тоҷикистон, имрӯз, 25-уми июн бо вуруди тағйирот дар қонунгузории кишвар ширкати шаҳрвандони хориҷиро дар гирдиҳамоию роҳпаймоиҳо мамнуъ карда, “коктейли молотов”-ро ҳамчун силоҳи оташфишон эътироф намудааст.

Саттор Холов, муовини раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти парлумон дар сӯҳбат ба хабарнигорон аз тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо” ҳимоят карда, афзуд, ки барои ташкил ва ширкат дар роҳпаймоию гирдиҳамоиҳо дар Тоҷикистон танҳо шаҳрвандони кишвар ҳақ доранд: “Шаҳрвандони кишвар мутобиқи талаботи Сарқонун ҳуқуқ доранд, то гирдиҳамоӣ ташкил кунанд. Нахуст онҳо бояд ариза нависанд, дар мавриди мақсад ва теъдоди ширкатдорони роҳпаймоӣ. Ин аризаи онҳо аз тарафи мақомот ба назар гирифта мешавад ва аз рафти он намояндагони пулис ва ҳукумат назорат хоҳанд бурд. Вале истифода аз моддаҳои оташафкан дар баробари силоҳ низ манъ карда шуд.”

Саттор Холов омили аслии мамнӯъ гардидани истифодаи моддаҳои оташафкан, аз ҷумла “коктейли молотов”-ро, ки вақтҳои охир роиҷ шудааст, дар он арзёбӣ намуд, ки он ба ҳаёти инсон хатар дорад: “Вақте, ки бензинро дар бутилка ҷой мекунанду дар макони гирдиҳамоӣ мепартоянд, он метавонанд ба инсон ва ё манзили зист бирасад ва онро хароб кунад.”

Ба иттилои муовини раиси кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти парлумон дар гузашта истифода аз моддаҳои оташафкан ҷузъи Кодекси маъмурӣ буда, ҳамакнун он ба Кодекси ҷиноӣ ворид карда шуд.

Саттор Холов гуфт, ки акнун дар сурати истифода аз моддаҳои оташафкан шаҳрвандонро ду намуди ҷазо мунтазир аст: “Агар мақомот мушаххас кунад, ки дар амали шаҳрвандон кирдори ҷиноӣ аст ва он амал боиси марги шаҳрванди дигар шудааст, он шахс ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Дар сурати дигар молу мулки шаҳрванд мусодира хоҳад шуд.”

Тибқи меъёрҳои нав “афроде, ки ғайриқонунӣ аз “коктейли молотов” ё худ маҳлулҳои оташангез ва моддаҳои зуддаргиранда дар тазоҳурот, гирдиҳамоиҳо, ҷойҳои ҷамъшавии оммавии мардум истифода мекунанд, ҳамчун истифодабарандагони ғайриқонунии яроқи оташфишон шинохта мешаванд. Аз ин рӯ, кормандони милитсия ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки нисбат ба ин гуруҳи шахсон бемалол тибқи талаботи қонун аз яроқи оташфишон истифода баранд.”

Ин тағйирот дар ҳолест, ки “коктейли молотов” вақтҳои охир аз маъмултарин силоҳ дар гирдиҳамоиҳо ба ҳисоб меравад, ки барои ноором кардани вазъ истифода мешавад. Аз ҷумла тазоҳуротгарони Украина аз ин намуд маводи даргиранда васеъ истифода карда буданд, ки бо марги чандин нафар анҷом ёфт.


Мӯҳр
чи магар дар мо митинг хам мешудааст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)