Бахшҳо
25 июн 2014 14:40Тоҷикистон / Тема дня

НАТО иҷозаи истифода аз замину фазои Тоҷикистон гирифт: Ба ивази чӣ?

Маҷлиси намояндагон имрӯз, 25-уми июн бо тасвиби як созишнома ба НАТО иҷоза дод, ки аз роҳҳои заминию ҳавоии Тоҷикистон истифода кунад.

Саттор Холов, раиси Кумитаи оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти парлумон гуфт, бо тасвиби созишнома Тоҷикистон ба Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ё худ НАТО иҷоза дод, ки зимни хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон аз роҳҳои заминию ҳавоии кишвари мо истифода барад. Холов таъкид кард, ки ба ивази ин НАТО ба Тоҷикистон кумакҳои молӣ ва силоҳу аслиҳаро ироа хоҳад кард.

Ин вакили парлумон илова намуд, ки созишномаи дуҷонибаи Тоҷикистон бо НАТО дар мавриди дастгирии ҳайат ва нерӯҳои ин созмон соли 2004 дар Душанбе ба тасвиб расида буд ва тибқи он созишнома ҳайат ва неруҳои НАТО ҳақ доранд ҳангоми бозгашт аз Афғонистон аз қаламрави Тоҷикистон истифода кунанд.

Қарор аст, то охири соли 2014 низомиёни НАТО аз ҳудуди Афғонистон берун раванд. Баъди мухолифатҳои Покистон паймон бо кишварҳои “шабакаи шимол” - Узбакистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия мувофиқа намуд, ки дороиҳо ва таҷҳизоти низомии Нерӯҳои байнулмилалии мусоидат ба амният ё ISAF-и НАТО асосан тариқи ин кишварҳо берун оварда шаванд.
Мӯҳр
765
Нато бояд дар точикистон чо дошта бошад..

сино
Акнун фахмо Руссия фишорро болои мухочирони точик барои чи зиед кард.

Афсари-бесилох
НАТО - барои формалност ичозат мегирад. Кандата хуру ичозаташ натех. Ана баъд мебини...

дар кучое ки пои амрико нато расид он чо чанг куштор гуруснаги сар мезанад. худо занад ин мусулмонбадбинони он суи укьенусро.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)