Нахустин сафари Сисӣ ҳамчун президент ба хориҷа ду соат давом кард
Абдулфаттоҳ Сисӣ, раисиҷумҳури нави Миср аввалин сафари хориҷии худро ҳамчун президент аз ал-Ҷазоир оғоз кард.
Сисӣ рӯзи 25 июн дар доираи як сафари расмӣ вориди ал-Ҷазоир шуда, ба иттилои расонаҳои мисрӣ боздиди ӯ аз ин кишвар ду соат давом кардааст. Раисиҷумҳури нави Миср дар ин сафараш ба ал-Ҷазоир бо Абдулазиз Бутефлиқа, раисиҷумҳури ин кишвар мулоқт ва густариши равобити дуҷонибаи Қоҳираву ал-Ҷазоиррро хостор шудааст.
Инчунин ӯ бо Абдулазиз Бутефлиқа вазъияти ахир дар бархе кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Либия ва Сурияро ба баҳс кашидааст.
Сисӣ асосогузори кудетои низомии моҳи июни соли 2013-и Миср мебошад, ки мунҷар ба барканории Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури “ғайринизомӣ”-и ин кишвар шуд. Вай дар интихоботи ғайринавбатии 26 майи раёсати ҷумҳури кишвараш иштирок карда, ба ягона рақиби худ Ҳамдейн Сабоҳӣ, муассиси Ҳаракати мардумӣ даст боло шуд. Ба иттилои, Кумитаи марказии интихоботи Миср, Сисӣ дар ин корзор тавонистааст, 96,91 дар сади орои мардумро ба даст орад. Дар ҳоле, ки ба иттилои манба, Сабоҳӣ танҳо 3,9%-и овозҳоро соҳиб шудааст. Ӯ рӯзи якшанбе 8 июни соли ҷорӣ расман ба курсии раёсати миср барои Чаҳор соли оянда нишаст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |