Бахшҳо

Нуралиев: Буҳрони "Барқи тоҷик” танҳо айби роҳбарият нест (ВИДЕО)

Ҳумайрои БАХТИЁР

Дар доираи тасвиби созишномаи қарзии Тоҷикистон бо Бонки исломии Рушд, ки баргардондани маблағи он ба дӯши ширкати “Барқи тоҷик” вогузор шудааст, дар парлумон вазъи молии ин ширкат мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳаи қарзӣ дар парлумон гуфт, ки маблағи умумии ин созишнома 14миллиону 500 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи оқои Нуралиев аз ин миён 13 миллион доллар қарзи имтиёзноки БИР ба Тоҷикистон буда, 1,5 ҳиссаи он аз аз ҳисоби ширкати саҳҳомии “Барқи тоҷик” мебошад.

Ин маблағҳо барои таҷдиди зеристгоҳи барқии “Равшан” дар минтақаи Турсунзода равона хоҳанд шуд, ки ба гуфтаи Ҷамолиддин Нуралиев дар ҳолати фарсуда қарор дорад: “Бояд зикр кард, ки зеристгоҳи мазкур дар соли 1963, яъне бештар аз 50 сол мешавад, ки мавриди истифода қарор дорад. Ва ҳоло он фарсуда шудааст, ки ин боиси мунтазам бо барқ таъмин нагардидани сокинони Шаҳринаву Турсунзода гардидааст.”

Ҷамолиддин Нуралиев илова намуд, ки Вазорати молияи кишвар созишномаи зерро бо мақсади баланд бардоштан ва сифатнок анҷом додани корҳо роҳандозӣ кардааст: “Нақшаи татбиқи лоиҳаи мазкур 44 моҳро баъд аз ба расмият даровардани созишномаи қарзӣ дар бар мегирад. Дар ин муддат ба маблағи 9 миллион доллар таҷҳизот харидорӣ ва насб карда хоҳад шуд. Ҳамчунин ба маблағи 3 миллион доллар корҳои сохтмонӣ ба анҷом мерасанд.”

Дар ҳамин маврид Сӯҳроб Шарифов, вакили парлумон аз вазъи молӣ ва нигарониҳои зиёд атрофи ширкати саҳомии “Барқи тоҷик” ёдоварӣ кард. Оқои Шарифов гуфт, ки чӣ гуна вақте як ширкат шароити хуби молӣ надорад дар созишномаҳои қарзӣ ҳамчун саҳмгузор ёд карда мешавад: “Шумо дар умум таҳлил мекунед? “Барқи Тоҷик” шароити молии хуб надорад ва оё бо ин қарзгириҳо мо “Барқи тоҷик”-ро ба муфлисшавӣ оварда намерасонем? Оё ин ширкат тавони пардохти ин ҳама қарзҳоро дорад ё на?”

Дар посух ба ин пурсиши вакили парлумон, Ҷамолиддин Нуралиев гуфт, ки бад будани шароити молии “Барқи тоҷик” пӯшида нест: “Аммо он мушкилоте, ки “Барқи тоҷик” дорад, он танҳо мушкили менеҷментӣ нест. Ин ҳамчун проблемаҳои институтсионалӣ, зерсохторӣ ва умуман занҷири идора, таъмин ва фаъолияти корхона мебошад, ки дар маҷмӯъ аз нигоҳи дигар онро бояд таҳлил намуд.”

Муовини аввали вазири молия гуфт, ки созишномаи қарзии мазкур барои “Барқи тоҷик” даромад хоҳад овард. Ба гуфтаи номбурда аз ҳисоби қарзи имтиёзноки ҷалбшуда, аз ҳар доллар 35 сент ба манфиати кишвар хоҳад шуд.



Ба гуфтаи оқои Нуралиев муҳлати пардохти қарзи мазкур (14,5 милион долар) 25 сол буда, аз ин миён 7 соли он давраи имтиёзнок мебошад: “Мо ният дорем, ки дар ин 7 сол “Барқи тоҷик” аз вазъи имрӯза бароварда шавад.”

Нуралиев мегӯяд, ки аҳолии минтақаи Турсунзодаю Шаҳринав ҳамасола то 22 ҳазор нафар зиёд шуда, ба ҳамин минвол теъдоди аҳолӣ то соли 2017, 485 ҳазор нафарро ташкил хоҳад дод ва мувофиқан талабот ба барқ низ бештар хоҳад шуд.
Мӯҳр
Ташнаибарк
Ба акли банда, тамоман рост намеояд, вакте сухан аз камбизоатии Барки Точик меравад. Чор фасли сол симхои Барки Точик чун най Мавлоно Руми шикоят мекунанд ва контролиёрхо харруз хона ба хона пул мечинанд.
Ба фикрам точикон, мисли ман таблицаи ПИФАГОРА дар хурди хуб аз бар кардаги не, ки ПУЛ кани ?

айби ки хаст айби халк? 113млн доллара кучо кардед мардума карздор кардед, пулора шумо хуреду боз ба сари халк мепартоед. Айба надонед шармандахо. боз худи президент хусури ту хаст. шумо бучети давлата управлят доред. Барои чи камбудихотона дар телевизионхои давлати фош намекунед? Факат таъриф мекунед худтлона

натичаи санчиши корупсия кучо шуд? 113млн доллар аз кучо карз пайдо шудааст? Барои чи халкро карздор мебуроред? Пули баркро хар мох чамъ мекунед!

Чаро нархи барқ 1-2% неву якбора 15 фоиз боло меравад? Акнун касе моҳона 100 сомонӣ пардохт мекард, акнун бояд 115 сомонӣ пардохт бикунад. Ва ғайра.... Чанд сол пеш ман дар яке аз давлатҳои Аврупо дар сафар будам. Баронмаи ТВи он замон ёдам меояд, ки чӣ тавр вакилони порлумон ҳамагӣ 2% боло бурдани нархи барқро бо ҷангу ҷанҷол баррасӣ мекарданд. Вакилон ҳеҷ намехостанд, ки ба соҳибони барқ (онҳо шахсианд) афзоиши нархи он иҷозат дода шавад.
Мутаассифона то ҳол ёдам нест, ки афзойиши нархи ин ё он хизматрасонӣ ба халқ дар парлумони Тоҷикистон боре баррасӣ шуда бошад, ва ё "вакилони халқ" ба он афзойиш муқовимат нишон диҳанд. Чун вакилони парлумони Тоҷикистон аз ҷониби ҳизби ҳоким (ҲХДТ) таъин гардидаанд, на интихоб аз ҷониби мардум, онҳо ба ҳар пешниҳоди номатлуби ҳукумат хомӯшона розӣ мешаванд. Пас куҷойи инҳо вакилони мардуманд????

дилфуза
ачоибот гап мезанен да. наход, ки пула шумо хуреду аз хисоби халки бечора канда гирен. як маротиба аклатона дуруст кор фармоед, ба гуфтаи вакили парлумон ширкат худаш мустакилона кудрати карз доданро надорад пас кучо шартнома мебандеду карз мегиред аз хисоби хали бечора талаб мекунед. модоме ки кудрат надоред накунед худатонро шарманда накунед охи. факат халкро фиреб мекунеду халос дигар аз дастатон бало намеояд. худатон хурдед пула чавобаша дихед да! мардуми бечорара гам натен...

Хайфи Барки точик. Дар 20 соли чи кор кардед, ки акнун дар 7 соли дигар мекунен? "Бузак намур, бахор меояд"....Афсонахои имрузаи элитаи хукмрони точик

нозир
Сабаби асоси дуздиву харомхури ва списать кардани хакки барки бачахакои боло аст. Худи нуралиев хакки баркро пардохт мекарда бошад? Бовари дорам.ки не! Тамоми корхлнаву обектхои бачахакои боло пули баркро намесупоранд ва ин факт аст.

1
Ачабо ин масаларо хукумат акалан сарвазир бо сабабхои асоснок барраси мекард а хулосаи кумитаи антимонополи кани?Агар талафоти баркро ухда карда бутонан кайхо аз бухрон БТ мебаромад.Ба камбизоато кумак мешавад е на?

Хочи аз Душанбе
Фиребгарию гораттгарию дуздию каллоби пешаи ин раисон шудааст.Шарму хае дар рафтору гуфтораш нест.Гуйе пусти инсони надоранду Истехсоли барки оби хело арзон аст ва имконияти карздор шудан надорад.Барои донистанаш он кадар савод хам лозим нест.Хама медонанд.ки тахчизоти мехаридаги аз дасти фирмахоии хусуси раисон мегузард ва нархи он 5 сомони бошад бо 50 сомони мефурушанд.Барои корхонахои болонишин нархи баркрро аз хадди акакл арзон карданд.хусусан барои ТАЛКО.Хардуи ин корхона дар дасти авлодони болонишинанд.Баьдан мутахассиси дилсузу ватанпарасту миллатдуст дар ин соха нест ва шуданхам гайриимкон аст.Ман 200% бовари дорам агар ба ин корхонахо мустакилияти коркуни тиханд дар муддати як сол на танхо карзашро адо мекунад балки даромадаш ба бучча 3-4 маротиба зиед мешавад.Хозир тамоми фоидааш ба киссаи хусуси рохбарон медарояд ва халки бечора дар азоб

Вақте ки нархи барқро 11 дирам карда буданд, онро бо "тавсиаи Бонки асъори ҷаҳонӣ (МВФ)" асоснок карда буданд. Яъне, МВФ гуфта бошад, ки "барқ дар Тоҷикистон арзон асту бояд нархи он ду баробар бардошта шавад". Ва ҳамин тавр ҳам карданд. Ин дафъа болоравии барқро бо чӣ асоснок мекунанд?" Бо тавсиаи кӣ ин бор барқ гарон мегардад? Барқи тоҷик ва ҳомиёнаш набояд фаромӯш бикунанд, ки мардуми Тоҷикистон қашшоқтарини дар минтақаанд! Даромади мардум асосан аз омади муҳоҷирини корӣ дар хориҷ аз кишвар ба даст меояд. Вале, омад меояду меравад! Ҳамин ҳозир ҳам нархи барқ аз будаш гарон асту бояд арзон шавад, на қимат! Тавре ки гуфтем барқ бесифат аст. Он ба ҳамин нарх ҳам намеарзад. Бар зидди ин иқдоми ғайримардумии Барқи тоҷик бояд қишрҳои васеи Тоҷикистон назари хешро фаолона изҳор бикунанд. Чиновникҳои тоҷик аз хомӯшии мардум сӯиистифода мекунанд.

Корбари доими,
eee korbari doimii-kadom 113 miliona tu navistai?dar kujo guftan 113 milion?

дар кишвар чанд мансабдор вазифадор хаст онхо агар пули светро супоранд карзхо канда мешавад контролер таги дари онхо рафта наметавонад агар равад аз кораш махрум хохад гашт.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)