Бахшҳо
26 июн 2014 09:27Тоҷикистон / Сиёсат

Паёми табрикотии Эмомалӣ Раҳмон: ВАО, созмонҳо ва аҳзоб эҳтиёткор бошед!

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми табрикияш ба муносибати 17-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз тамоми мардум, аҳзоб, расонаҳо ва созмонҳо даъват намуд, ки зери сиёсати Ваҳдат муттаҳид бошанд.

Дар навори табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдат, ки ҳамасола 27-уми июн таҷлил мегардад, раисиҷумҳур ҳадди ақал се бор созмонҳои ҷамъиятӣ, расонаҳо ва аҳзоби сиёсиро ба эҳтиёткорӣ ва дурандешии сиёсӣ даъват намуд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зикри аҳамияти сулҳу ваҳдат дар кишвар таъкид намуд, ки “аҳзоби сиёсии кишвар, созмонҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори оммаро зарур аст, ки ҳангоми арзёбӣ ва инъикоси масъалаҳои сиёсиву иҷтимоии ҷомеа ба хотири ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, манфиатҳои миллӣ, ҳифзи амният ва суботи сиёсиву оромии ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллии тоҷикон хеле эҳтиёткору бомулоҳиза бошанд.”

Эмомалӣ Раҳмон нобасомониҳои солҳои охири асри гузаштаро ёдоварӣ кард, ки байни мардуми мо амали нангин ва хатарбори бадбиниву таҳдид ва душманҷӯиву сангаргирӣ доман паҳн намуд, ки оқибат боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид: “Он замон ҷинояткориву зӯроварӣ ва қонуншиканӣ ба як рафтори муқаррарӣ табдил ёфта буд. Дар он рӯзҳои сахту сангин яқин буд, ки идомаи ҷанги шаҳрвандӣ метавонад боиси пароканда шудани миллати тоҷик ва барҳам хӯрдани давлати ҷавони тоҷикон гардад.”

Дар ҳамин шароит раисиҷумҳур афзуд, ки давоми 4 сол бо ҷониби дигари музокирот эҳтироми тарафайну таҳаммулпазириро зоҳир намуда, ба сулҳу ваҳдат расиданд ва бори дигар соҳибфарҳангии мардуми тоҷикро ба ҷаҳониён нишон доданд: “Бо кӯшишу талошҳои пайгиронаи ҳукумати мамлакат ва албатта, бо пуштибонии халқи азизи Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихӣ - Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии миллиро ҳамчун омили асосии наҷоти миллат ва давлат эълон намуд.”

Дар ниҳоят Эмомалӣ Раҳмон ҳамаро ба пос доштани Ваҳдат даъват намуда, аз созмону аҳзоб ва расонаҳо хост, созандагиро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, ба таҳкими давлатдорию сулҳу оромӣ равона созанд.
Мӯҳр
Воиз
<Воизон чун чилва дар мехробу минбар мекунанд...>

Rahmon guft ki man yak barodar doram va un ham traktorist hast, lekin imruz imruz Rahmon bo ahlu oilaash Tojikistona baini xud taqsim kardand...

Мардум аз хамин суханхо ки тутивор такрор мекуни безор шудаанд. Мухтарам Рахмон ба ту як маслихати дустона. Як маротиба ба суханронихои Путин ахамият бидех ва бин ки кутохакак, оммафахм ва пур аз маъни мебошанд. Дигар ин ки аз руи вичдон коил шав ки дар ба даст овардани сулх сахми Борс Елтсин 99 фоизро ташкл медихаду ту аз худат кахрамон тарошида гаштаи.

Товба
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд

Озодагони расвоандеш дар хамин матлаби мусби низ ифодахои манфиро истифода мебарад: "Эмомалӣ Раҳмон нобасомониҳои солҳои охири асри гузаштаро ёдоварӣ кард, ки..." Ин асри гузаштае, ки ту бо тамасхур менависи дируз дар пеши чашми тифлии ман тамоми авлодамро огуштаи марг намуд. Инак ман нав 20-сола шудам. Асри гузашта будаст боз, шарм дорене...

точик
Дар солхои 90 чанг сар шуд неки зулми макомот ба и дарача нарасида бд. Да у соло млеса тарбузфуруша латукуб намекад, косаву табаки занакой савдогари бечорара футбол намекард, да тафтишоои млеса одамо хдшона ай 2 юму сеюм этаж намепартофтан.
Да у замон хам кайф када як гурух мегаштан ай шири мург да хонашон ёфт мешид, неки як гурух гадо шида рафтан.
Рахи мардма пулаки накада бдан, пости гаида чугихо 1 суми чамъ намекардан, нархи света да осмон набардошта бдан.

Паёми табрикотии Эмомалӣ Раҳмон: ВАО, созмонҳо ва аҳзоб эҳтиёткор бошед! vagarna shumoro ham zindoni mekunam!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)