Абдул Ҳорис: Дар Тоҷикистон корхонаи мошинбарорӣ месозем, агар...

Абдул Ҳорис Абдулло, мудири ширкати “Протон холдинг”, корхонаи мошинбарории Малайзия мегӯяд, роҳандозии ҳамкорӣ бо Тоҷикистон омӯзиши бештар мехоҳад.
Абдул Ҳорис дар доираи боздиди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз корхонаи Протон дар Малайзия бо хабарнигорон суҳбат карда, изҳор доштааст, ки содироти мошинҳои тайёри ин ширкат ба Тоҷикистон дар ояндаи наздик аз эҳтимол дур нест: “Раисиҷумҳури Тоҷикистон ва доираҳои соҳибкорие, ки ӯро ҳамроҳӣ карданд, имконот ва роҳҳои муфиди ҳамкорӣ бо Малайзия аз ҷумла ширкати Протонро меомӯзанд. Мо талош мекунем, махсусиятҳои Тоҷикистонро омӯзему агар муфид бошад ба бозори он ворид шавем .”
Аммо барои ташкили корхонаи мошинсозии Протон дар Тоҷикистон Абдул Ҳорис мегӯяд, сармояи калон зарур аст ва онҳо пеш аз равона кардани маблағҳои калон шароити Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд: “Меомӯзем, ки оё ҳаҷми талабот барои ташкили як корхонаи истеҳсолӣ кофӣ аст ё на.”
Мудири Протон илова намуд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон дар корхонаашон як соат қарор дошт. Корхонаи мошинсозии Протон дар ҳамкорӣ бо брендҳои ҷаҳонии Лотуси Инглистон ва Митсубисии Ҷопон солҳои 80-уми асри гузашта ба кор шуруъ намуда, дар дохил ва хориҷи кишвар бозори фурӯши маҳсулоти худро пайдо намудааст. Дар ин корхона ҳамасола беш аз 300 ҳазор мошинҳои гуногуни сабукрав истеҳсол мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |