Раҳмон ва Убайдуллоев бо харҷи 960000 сомонӣ 180 ҷавонро хонадор карданд

Имрӯз, 26-уми июн ба муносибати Рӯзи Ваҳдат дар шаҳри Душанбе дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикимстон ва Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пойтахт тӯйи арӯсии 90 ҷуфт ҷавон ва хатнасури 360 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони навхонадорро дуои неки падарона дода, онҳоро ба барпо намудани оилаҳои солим, эҳтироми ҳамдигарӣ, муҳаббату самимият ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои хонаводагӣ даъват намуд: “Оилаҳои устувор барпо намуда, оянда фарзандони солим ба дунё биёред ва барои таълиму тарбияи дурусти онҳо аз ҳозир омодагӣ дошта бошед”.
Навхонадорон аз ҷониби шаҳрдории Душанбе баробари либос инчунин 5 ҳазор сомонии нақд барои хариди ҷиҳоз гирифтаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба 360 писарчаи соҳибҷашн ки қисмате ятиму бепарастор ва боқӣ аз оилаҳои ниёзманди чор ноҳияи пойтахт мебошанд, бозича ва туҳфаҳои дигари хотиравӣ тақдим намудааст. Ин кӯдакон аз ҷониби шаҳрдории Душанбе баробари туҳфаҳо инчунин 1000 сомонӣ кӯмак дарёфт кардаанд.
Дар маҷмуъ шаҳрдории Душанбе мегӯяд, барои тўйҳои хайриявӣ аз ҷониби шаҳрдорӣ беш аз 960 ҳазор сомонӣ маблағҳои ғайрибуҷетӣ масраф гардидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |