Бахшҳо

Мирбобоев боздошт шуд, Олимов даст ба худкушӣ зад

Идораи умури дохилии Суғд аз боздошти  қотилони зану шавҳар  Нигора Орипова ва Шӯҳрат Ҷалолов, сокинони Истаравшан хабар медиҳад.


Ба иттилои манбаъ, дар пайи баргузории як амалиёти вижаи кормандони милиса рӯшан  шудааст, ки  Мирзо Олимов, сокини 36 сола  ва яке аз дастандаркорони куштори Шӯҳрат Ҷалолови 36 сола  ва ҳамсараш Нигора Орипова, аз сокинони ноҳияи Истаравшан , баъд аз зӯҳри 23- уми августи соли равон пас аз панҷ  рӯзи содирнамоии  куштор даст ба худкушӣ бурдааст ва аммо шарики ӯ Фахриддин Мирбобоев, сокини Истаравшан ва аз дигар дастандаркорони  куштори Шӯҳрат  ва Нигора дар ҳоле мавриди боздошти мақомоти корҳои дохилӣ қарор гирифтааст, ки бо пайдо кардани далелҳои шайъӣ ба мисли табару корди хоҷагӣ, ки дар онҳо моддаи сурхчатоби ба хун монанд мушоҳида карда мешавад ӯ иқрор кардааст, ки барои куштори  Шӯҳрат Ҷалолов ва хамсараш Нигора Орипова аз ин олотҳо истифода кардаанд.

Маврид ба тазаккур аст, ки куштори ин ду нафар дар рӯзи 19 августи соли равон дар замоне рух дода буд, ки Мирзо Олимов ва Фахриддин Мирбобоев, бо маслиҳати пешакӣ ба манзили Шӯҳрат Ҷалолов дар кӯчаи Авесто-19-и Истаравшан, ки ин соҳибхона дар бозор ба муомилоти пул машғул будааст, ворид шуда, дар ҳоҷатхонаи он пинҳон шудаанд ва  ба ҳангоми  омодани соҳиби хона   ӯро бо зарби табар ба пешонааш аз пай дарафтонида, бо истифодаи корди хоҷагӣ ба ҳалокат расонидаанд. Аз ин ҳодиса ҳамсари Шӯҳрат пай бурда, ба ҷои ҳодиса меояд  ва ӯро ҳам аз корд ба тахтапушташ зада ба ҳалокат расонида ва пас аз чунин амали зишт, онҳо вориди ҳуҷраи истиқомати онҳо шуда 7 ҳазор доллари амрикоӣ ва 28 ҳазор сомониро гирифта, аз ҷои ҳодиса ғайб зада будаанд-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)