Бахшҳо

ВКД: Зиёдагул сари духтари 6-солаашро аз тан ҷудо кардааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба иттиҳоми куштори Мадинаи 6-сола дар Душанбе модараш Зиёдагул Шариповаи 29-соларо боздошт намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод ҷасади аз сар ҷудошудаи Мадина, ки тарбиятгирандаи хонаи кӯдакони №2-и Душанбе будааст, нисфирӯзи 30-юми июн, дар роҳрави назди бинои рақами 11-и кӯчаи Федина дарёфт гардид.

Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, ки ҳамагӣ баъд аз 20-дақиқаи содир шудани ҷиноят аз ҷониби кормандони ШВКД-2-и ноҳияи Синои ҳамчун гумонбар модари марҳум - Шарипова Зиёдагул дастгир карда шуд.

Ба иттилои тафтишот Зиёдагули 29-сола, зодаи ноҳияи Ҳисор, шаҳраки Шарора, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе буда, рӯзи 30-юми июн тахминан соатҳои 10 ба 11 фарзанди ноболиғи худ Мадинаи шашсоларо аз Хонаи кӯдакони №2 гирифта баъдан ба таври ваҳшиёна ба ҳалокат расонидааст.

Манбаъ мегӯяд, сипас боздоштшуда ҷасадро дар назди бинои рақами 11-и кӯчаи Федина гузошта, худ аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, ки нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Мӯҳр
сабр
хок бар сарат модари касиф конунгузор бояд баройи чунин чиноятхойи вахшиена ва аз пиндори инсони берун чазойи эъдомро пешбини кунад ва мухлати тафтишотро хамаги як мох мукарар намояд баройи харчи зудтар эъдом кардани чунин ашхос вакте модар ба чигарбанди худ рахму шафкат надорад аз у дигр чиро бояд интизор шуд мардум дахшад дахшат...ф

Е наузамбиллох...............тавба, тавба сад хазорон бор тавба..........о бечора кудак дар хонакудакистон ку будаст о давлату хукумат ку аз у нигохубин мекардаст о мурданиба кудака аз ончо гирифта ба катл расонди??? Хайр хакки дасткаши мекардиву аз кудак даст мекашиди дигар на у ва на ту аз у вобаста намебудед!!!

Mawlon
Хеле афсус. тифли бегунох. модари бе рахм ба фикрам аз акл берун. Дод аз дасти бесаводи. Агар аз сабаби камбизоати кушта бошад намедонистааст ки Худованд гуфтааст ки "фарзандонатонро накушед мо ба онхо ризк хохем дод ба шумо инчунин"
Наход ягон кас инро пешгири карда натонист? Дилам хуншор шуд.

Сафар
Чунин зан бояд тир карда шавад.Вассалом!

Рауф
! Офарин ба ВУД! Шумо сазовори ситоишед. Вазифаи худро медонед. Чустучуйхою ёфтанхои милисаи точик чандин маротиба маро дар хайрат гузоштааст. Аз барои ду-се чиноятхои милисахо набояд хамаи онхоро бад гуфт. Онхо хастанду тартибот хаст. Офарин!

сино
Ин нишонахои Киемат аст. Холо хам дер нашудааст Хукуматдорон тавба кунед амри маъруфи нахи мункарро чори кунед ки одамхо аз азоби Аллох бохабар шаванд. Чунин котилон аз рузи Охират ва зинда шудан дар назди Парвардигори хеш бедараканд гумон доранд бо чон додан чун чуб пусида мераванд саволу чавоб нест.

Рауф,
Агар Хукумат сиесати хуб медошт чунин ходисахо кам мегашт

карор
тавба, эй Худоё тавба, наход рост бошад, акли солим ба ин хабар бовар намекунад, иншоъаллох дуруг бошад

Агар боз ягон модар хамин корро кардани бошад, хохиш мекунам, духтарчаатонро ба ман барои калон кардан дихед! Дар озодагон раками телефонатонро монед. Конунан ба фарзанди кабул мекунам. Хеч гуна чанчол ё ягон чизи дигар сабаби куштори кудак бояд нашавад, кахрро аз кудак гирифтан нодуруст аст. Уро ту хаст накардаи, хукук надошти, ки ин корро куни, уро Худо додааст. Хар руз аз Худо хохиш мекунам, ки умри писараконамро дароз кунад, онхоро дар панохаш нигох дорад, ту чи гуна модар хасти! Хар боре ки падарашон писаронамро сарзаниш кунад дилам хун мешавад, гохо бо у чанчол хам мекунам. Ту чи гуна мусулмон хасти! Садкаи номи модар шави!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)