Бахшҳо
01 июл 2014 08:35Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Баҳси нархи гӯшт, футбол ва қурби доллар дар ҷаласаи ҳукумат (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳукумат аз болобарии сунъии нархи маводи ғизоӣ, хусусан гӯшт дар моҳи шарифи Рамазон изҳори нигаронӣ карда, барои муайян намудани сабабҳои он дастур додааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30-юми июн ба масъулини ҳукумат супориш дод, раванди болобарии сунъии нархҳо бартараф карда шавад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки дар моҳи шарифи Рамазон, мувофиқи расму оин ва суннатҳои мусулмонӣ, нархҳо бояд арзон карда шаванд на баръакс. Ин дар ҳолест, ки бо фарорасии моҳи Рамазон нархи гӯшт дар бархе аз дӯконҳои Душанбе аз 35 сомонӣ то ба 40 сомонӣ боло рафтааст.

Ба иттилои манбаъ баробари нархҳо Эмомалӣ Раҳмон масъалаи футболро низ ба миён гузошта, барои оммавӣ шудани он супориш додааст. Дар ин робита раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ба раисиҷумҳур гузориш додааст, ки дар асоси супоришҳо аз соли 2010 дар ҷумҳурӣ 19 варзишгоҳ ва 100 майдони гуногуни футбол бунёд ёфтааст: “Дар 103 мактаби варзишии кишвар 603 гурӯҳи футбол ташкил шудааст, ки ба онҳо 5756 футболбоз ва 261 мураббӣ шомил мебошанд. Фаъолияти 5 мактаби махсуси футбол ва Академияи футбол низ назаррас аст.”

Дафтари матбуот дар идома афзуд, ки зимни ҷаласаи ҳукумат инчунин дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 маъқул дониста шуд: “Тибқи ин санад, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2015 дар ҳаҷми 52,8 миллиард сомонӣ бо суръати афзоиши 7,2% пешбинӣ шудааст. Дар солҳои 2016 ва 2017 бошад ин нишондиҳандаҳо мутаносибан ба андозаи 60 миллиард ва 68,4 миллиард сомонӣ ва 7,2% ва 7,4% дар назар аст. Барои муқоиса зикр гардид, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли равон ба андозаи 46,3 миллиард сомонӣ бо суръати афзоиши 7,1% пешбинӣ шудааст.”

Тибқи дурнамои тасдиқкардаи ҳукумат сатҳи таваррум барои соли 2015 7,5% ва қурби миёнасолии асъори миллӣ нисбат ба 1 доллари амрикоӣ 5 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Қурби асъори миллӣ нисбат ба 1 доллари амрикоӣ дар солҳои 2016 ва 2017 мутаносибан ба андозаи 5,05 ва 5,10 сомонӣ дар назар аст.


Баҳси нархи гӯшт, футбол ва қурби доллар дар ҷаласаи ҳукумат (АКС)

Баҳси нархи гӯшт, футбол ва қурби доллар дар ҷаласаи ҳукумат (АКС)

Баҳси нархи гӯшт, футбол ва қурби доллар дар ҷаласаи ҳукумат (АКС)

Баҳси нархи гӯшт, футбол ва қурби доллар дар ҷаласаи ҳукумат (АКС)

Баҳси нархи гӯшт, футбол ва қурби доллар дар ҷаласаи ҳукумат (АКС)
Мӯҳр
Хайр баъд чй? Ин сахар ба бозор рафтам. Нархи гушт боло рафту поён не. Аз болоравии нархи гушт Убайдуллоев ва думраваконаш фоида мебинанд дия.

АМИР
Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон гузориш намедихад, ки дар "Соли рушди футбол" кахрамони Точикистон бе сарпараст монда, чунин дастахои машхур аз кабили Регар ТадАЗ, Вахш ва ССКА Помир дар холи бади молиявй карор доранд. Футболи Точикистон сол то сол ба нестй рафта истодааст. Як ба рейтинги дастаи миллии мо нигаред, ки дар кучо карор дорад? Хатто Афгонистон аз мо пеш аст. Канй РУШД????????

ВОЙ БАР ХОЛИ ИН СИЁСАТЕ, КИ НАРХУ НАВОХОРО ДАР БОЗОР ИДОРА КАРДА НАТАВОНАД!
ХАЗРАТИ УМАР ХУДОВАНД АЗ У РОЗИ БОШАД ДАР ЯГОН ДОНИШГОХ ТАХСИЛ НАКАРДА БУД ВАЗИР НАБУД МИНИСТР НАБУД БО ЯК ЧЕЛАКИ ПОРГИДОР 52 ДАВЛАТИ ИСЛОМРО БА ТАЪБИ ДИЛИ ХАЛК ИДОРА МЕКАРД!!!
ДАР АКС ХАМА ВАЗИРУ ОЛИМУ ШАХСОНИ ХОНДАГИ ВА СОХИБОНИ 2-3 ТОГИ ДИПЛОМхои суп-сурх, ДОКТОРОНИ ИЛМХОИ ХУКУК 3-4 БОЗОРЕ, КИ ДАР ДУШАНБЕ ХАСТ ИДОРА КАРДА НАМЕТАВОНАНД МАГАР ИН ШАРМАНДАГИ НЕСТ?????

ХАРИДОР АЗ БОЗОР рост мегуд. Вой бар холи ин сиёсати иктисодию бозаргонй. Ба фикрам раиси ш. Душанбе ва раисони бозорхои худаш таъинкардагй бозаргониро дар пулхурй дар бозор ва мардумфиребй медонанд. Фикри Президент, хурмати чаласаи Хукумати Чумхурии Точикистон, давлатдорй ва охирати худро кунед охир. Мардум ба чон задагййййййййййййййййййййййййййййййййй

ВАТАНДОР
ХАРИДОР АЗ БОЗОР,
ХАСТ ХАСТ )

Сугди
ман аз Сугд ва дудаста тарафдори онам ки тамоми мансабдорони хукумати вилояти Сугд, милиса. додгоху додрасхо, хукумати шахри Хучанд ва дигар раёсату макомотхои рохбарикунанда аз дигар минтакахои чануб таъин карда шаванд. Кур якбор асояшро гум мекунад... Озодагон манзурам махалчиги нест балки дифоъ аз ягонагии миллат, бинобар ин нашр кун.

Сенатор
Сад фоиз! Аз мафияи хучандихо эхтиёт шудан даркор. Информацияхо бисёру лекин нависам хам нашр намешаванд.

Сугдй ба ин гапат чй гуфтанй. Кадр даркор мй? Хеч гап не. Як эшалон подабонро мефиристем, баъд мебинй. Моёну шумоёнба фаркаш не. Така бошад шир тияд. Худи пагох як эшелон кадрхои дипломи сурхдорро мефиристем.

Карим
атархои гусфандонатон аз саратон бимонад

дехкон
Хукумати хозира дар фикри пешравии халк нест ,онхо факат дар фикри пешравии худашон ва авлодонашон мебошанд. Ба ин хукуматдорон мо харгиз бовар надорем.

Сугди,
Почкатонам бадорид, фоидаш нест, бе хаминам хамаша оста оста гифсодиян.Хулосаи гап хамин-инчаям лахзахои гувора шуда истодас,

на ин ки бозордорони дигар бозорхои хурока инчунин корвон раисонаш бурутошон руган молидаги худашон раису таъбашон вазир аз горат кунии точирони бозор дигар кор надоранд хар мох нархи ичораро мебардоранд махсусан бозори яклухти корвон бо сардории алишер музафари чамшеди дузана тамоман пул чашми унора сер накардаас аз контерефуруши сер нашуданд боз аренда мебардоранд контенерхоро дарошона канед гуфта жалуз мекунанд ки нархашро бозордор 500 долар мегуяд хулас дар корупсия одамашон будас лачомашонро хеч кас намекашад мо бонк ба бонк карз кофта гаштяем озодагон як бор озодагита нишон те

шоир
Раиси шахр дар хакикат марди "серкор" аст. Ачибаш он аст ки дар бораи "кавми" Чо хама мегуянду дар бораи кавми УБайдуллоев хеч кас харф намезанад. Бародарону чиянхои раиси мухтарами шахр аз "куратории" бозор агар раванд, нарххо арзон мешавад. Агар нашавд Раисе мондан даркор ки шахрро аз дехот фарк кунад.
Азбаски дар чахон сари бемагз шуд баланд
Дар рузгори шахр ба гайр аз каду намонд
Каду-ба часпетон фоидааш калон аст, бовар накунед аз А. Миралиев - асосгузори иди каду пурсед.

[b]Сенатор[/b], Сугди[/b],Э муред ба хамин нафаси хунукатон, аз ин гарагараю дипломхои сурхи гусфандон безор моен хамон кухпораяшонба гаштан гиранд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)