Қатъи ваколати сафирии Урмат Саралаев дар Тоҷикистон

Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон зери қарори барканории Урмат Саралаев, сафири ин кишвар дар Тоҷикистон имзо гузошт. Ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, ин қарор рӯзи 30 июн ба имзо расидааст.
Урмат Саралаев ҳамчун сафири Қирғизистон дар Душанбе тайи солҳои охир кор мекард. Вале мақомоти Бишкек дар пайи тирпаронии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонони қирғизу тоҷик сафири худ дар Душанберо ба ватан хонда ва ҳамакнун сафири навро таъин карданд.
Кумитаи умури байналмилалии парлумони Қирғизистон рӯзи 6 июни соли ҷорӣ номзадии Мирослав Ниёзовро барои сафирӣ дар Тоҷикистон тасдиқ намуда буд. Ниёзови 63-сола, аз соли 2001 то 2005 низ ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон кор карда буд. Ӯ, ки унвони генерал-майориро дорад, солҳои охир ҳамчун котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон ифои вазифа намудааст.
Ин дар ҳолест, ки моҳи марти соли равон парлумони Қирғизистон пешбарии номзадии Нур уулу Досболро ба ҳайси сафири фавқулодаи ин кишвар дар Тоҷикистон қабул накарда буд. Аъзои Кумитаи умури хориҷии парлумони Қирғизистон аз нахуствазир ва раисиҷумҳури кишвари худ хоста буданд, то ба ин мақом шахси дигарро пешниҳод намоянд. Нур уулу Досбол, доктори илмҳои таърих, раиси собиқи Донишгоҳи миллии Қирғизистон буда, дар Шӯроби Тоҷикистон ба дунё омадааст.Дар акс: Урмат Саралаев
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |