Эмомалӣ Раҳмон: Сӯзишворӣ арзон, ғизои чорво зиёд, гӯшт набояд қимат шавад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 1-уми июл дар машваратӣ корӣ бо масъулини соҳаи кишоварзӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳои атрофи пойтахт аз кашол ёфтани ҷамъоварии ғалладона ва дермонии кишти такрорӣ изҳори нигаронӣ намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, зимни машварат таъкид намудааст, ки бо истифодаи пурсамар аз ҳар ваҷаб замини корами обӣ бояд ду ва зиёда ҳосил рӯёнда шавад.
Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон инчунин бо нигаронӣ изҳор дошт, ки “нархи сӯзишворӣ нисбат ба чанд соли охир хеле паст шуда, хӯроки чорво дар ҷумҳурӣ фаровон аст ва арзиши гӯшт дар бозор набояд боло равад. Бинобар ин болобарии сунъии нархҳо бояд пешгирӣ карда шавад ва ҳамзамон тавассути афзун намудани истеҳсолот ва таъмини фаровонӣ дар бозорҳо ба паст шудани нархҳо мусоидат бояд кард”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзудааст, ки омодагӣ ба зимистон низ бояд ҷоннок карда шавад. Ӯ раисони навоҳиро уҳадор намудааст, ки вазъи феълиро ислоҳ кунанд ва дар ниҳоят барои рушди минбаъдаи зотпарварӣ, тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, содироти меваю сабзавот, бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, тармиму навсозии муассисаҳои таълимӣ, вусъат додани корҳои ободонӣ, иҷрои саривақтии буҷети давлатӣ ва пардохти саривақтии маошу нафақа супоришҳо додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |