Бахшҳо

Эрон хостори таълими хатти форсӣ дар макотиби Тоҷикистон шуд

Эрон интизори иҷозаи ҳукумати Тоҷикистон аст, то тариқи Бунёди Саъдӣ дар макотиб ва донишгоҳҳои Тоҷикистон таълими хатти форсиро роҳандозӣ кунад.

Муҳаммадризо Дарбандӣ, муовини мудири Бунёд дар умури байналмилалӣ дар суҳбат бо расонаҳои эронӣ гуфтааст, дар сурати дарёфти иҷоза курсҳои таълими хатти форсӣ дар муассисоти таълимии Тоҷикистон ояндаи наздик оғоз хоҳанд шуд: “Хатти форсӣ дар Тоҷикистон хеле муҳим аст, чун аксари китобҳо дар ин кишвар ба ҳуруфи кириллӣ навишта шудаанд. “

Дарбандӣ бо зикри кишвари форсизабон будани Тоҷикистон таъкид намудааст, ки хатти форсӣ дастрасии шаҳрвандонро ба нусхаҳои асли адабиёту забони форсӣ таъмин мекунад.

Ӯ афзудааст, ки дар ин робита талош мекунанд бо ҳукумати Тоҷикистон ба созиш оянд. Дарбандӣ аз таваҷҷуҳи хориҷиёни дигар ба хатти форсӣ, аз ҷумла олимону донишҷӯёни ҳинду суҳбат карда, афзудааст, ки бунёдашон ба шавқмандон кӯмак хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон бозгашт аз ҳуруфи кириллӣ ба хатти форсӣ солҳост, ки ба як баҳси доғ табдил ёфтааст. Қаблан Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар ҳоли ҳозир мухолифи бозгашт ба хатти форсӣ аст.

Саидов таъкид кард, ки гузаштаро ҳатман омӯхтан ва дар хотир гирифтан лозим, чунки ин хотираи инсон мебошад, шахсе, ки гузаштаро намеомӯзад ва хотира надорад манқурт мебошад.

Вазири маориф мегӯяд, ӯ тарафдори он ҳаст, ки дар мактабҳо «Алифбои ниёгон» ҷиддӣ тадрис карда шаваду ҳар як зиёии тоҷик хати форсӣ-араби асосро донад ва таҳқиқоти илмӣ барад: «Лекин аз ҷиҳати иқтисодӣ дар ҷомеаи мо гузаштан ба хатти форсӣ ба манфиати мо намебошад».
Мӯҳр
Гумон кардам Эрон хостори бунёди цехи махсулотбарориест, ё хостори кумаки техникиест, хостори дастгирии иктисодиёти кишвар аст,... аммо афсус боз хамон ахмади поринаву талабхои нодаркор. Дарбанди кист, ки менависад: дар ин робита талош мекунанд бо ҳукумати Тоҷикистон ба созиш оянд... Дар Точикистон касе ба омузишу тахкикот машгул аст хати форсиро хуб медонад. ин огоюн боз дар фикреанд..

эрон бо ин дасисахо мехохад ки сиёсати мазхабии худро дар Точикистони ором пиёда намояд. мисли Ирок ва дигар кишвархо

Фируз
Донистани хуруф ё алифбои форси-араби танхо ба нафъи точик ва точикистониён аст. Ман дар тачубам, ки чаро инкадар руи ин масала бахсхо ва худи "точикон" зидди ин мавзу сухбатхо ва бахсхо мекунанд. Шумо чанд масъаларо бубинед:
1) Омухтани забонхои хоричи вакти бештар, талоши бештареро талаб мекунад, забони форси забони модарии мост барои мо танхо ёд гирифтани алифбо лозим асту тамом.
2) Имруз дастраси ба адабиётхои сохахои гуногун барои мардуми мо мушкили дарачаи аввал шудааст ва омухтани хуруфи форси-араби барои мо рохи аз хама осони берун рафтан аз ин мушкили аст.
3) Эрон яке аз пурчоптарин давлат аст, ки хамасола намоишгохи бузурге дар техрон барпо мекунад ва бехтарин ва мухимтарин китобхои илми ва тахкикотии дунёро эронихо бо бехтарин тарчума пешниход мекунанд ва нархи китоб барои мардум имконпазир аст.
4) Мо бояд коил шавем, ки дар давоми беш аз 70 соли совети мо дур мондем аз фархангу оини хеш. Ва эрон, ин як архиви таёрест барои истифода бурдан ва баркарор кардани унсурхои фарханги ва миллиамон ва бисёр мавзухои дигар.....
Ман пешниход надорам, ки хатман биёед аз алифбои кирили даст кашем ва бачои у аз форси- араби истифода кунем, вале ман мутмаинам, ки хамаи точик бояд хадиакал дар баробари алифбои кирили дастраси доштабошад ба алифбои форси-араби ва хатман аз бачаги тахкурси ва шинохти дини дошта бошад.
Хулоса: ман хамчу як чавони точик тарафдори хатти форси хастам ва иншаллох, ки ин пешниходи аз тарафи Эрон шуда дар мо кабул шавад.


Қанд ҷӯӣ, панд ҷӯӣ, эй ҷаноб,

Ҳар чӣ меҷӯӣ, биҷӯ.

Бекарон баҳрест, гавҳар беҳисоб,

Ҳар чӣ меҷӯӣ, биҷӯ.

Форсӣ гӯӣ, дарӣ гӯӣваро,

Ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ.

Лафзи шеъру дилбарӣ гӯӣваро,

Ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ.

Баҳри ман танҳо забони модарист,

Ҳамчу шири модар аст,

Баҳри ӯташбеҳи дигар нест нест,

Чунки меҳри модар аст.

З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам,

Дӯст медорам варо,

Чун навозишҳои гарми модарам,

Дӯст медорам варо.

Ахмади Бекалла
Ба гумони банда, Алифбо - колаби тафаккуррони ва инъикоси хастиу хуввияти хар як миллатро ифода менамояд. Дар сурати мархум кардани миллатхои чудогона аз колаби ташаккулёфтаи аслиашон, Алифбо- Хат омили асосиро мебозад. Махз Точиконро Хукумати Шурави аз асолати аслиашон дур кард ва аз Алифбои ачдодиашон махрум сохт, Яъне ба раванди фикррони, эчодкори ва бунёдкории миллати мо зарбаи манкуртизм зада шуд. Мо хамагон мефахмем, ки барои табобати вирусе, ки дар мафкураи миллати мо ачнабиён тавассути Алифбои хеш- Кирили барномарези кардаанд, барои рахои аз он вакт лозим аст.

Алӣ
Донистани хати ниёконамон бисёр мухим аст. Вале набояд бо омухтани хат мушкилии дигаре ба мо рӯ ба рӯ шавад. Мушкили инҷо аст, ки агар китобҳои дарсиро Ирон таҳия кунад, мардумро боз ба фикри мазҳаби шиагӣ хоҳад кашонид, зеро хоҳед нахоҳед дар он мақола ва ҷумалоте падо мешаванд, ки ба мазҳаби поки ҳанафии мо шояд созгор набошанд. Бигузор ҳамкори кунанд вале китобҳоро донишмандони тоҷикӣ таҳия намоянд ё аз кишвари дигари ҳамсоя, ки ба мазҳаби мо мушкили надорад Афгонистон, ба шарте, ки онҳо ҳам ягон чизе мухолиф ба фарҳанги тоҷики надошта бошанд мешавад истифода кард. Мо дар кишвар мушкилии ҷадид намехоҳем. Бигузор ин корҳо аз тариқи донишмандони худӣ бароҳ монда шавад. Бас аст, ба ҳар сабаб ба кишвар овардани ҳар фарҳанг, ки нооромиҳоро мумкин аст бабор орад.

Мухаммад
Базгаштан ба алифбои ниёгон ин ягона рохест ба суи тамаддун пешрафт ва таракиёт лекин мутаасифона хама тарафдор нест ва баъзе мамлакатхо ба монанди Руссия ва Узбакистон талхакаф мешаванд.Аз пешрафти миллати мо метарсанд

Точикандеш
Касе,ки зидди хати форсист ин душмании ашадии миллату давлати точикон аст на чизи дигар ва ё сахт бесавод аст.Барои миллати мо зарбаи сахт ин на махрум шудани мо аз Бухороб ва Самарканд,балки тагири алифбои форсист,ки натавонистем,ки дар 74 соли шурави акаллан 1 фоизи асархои олимону удаборо ба кирилли гардонем.Узбаку казоку киргизу туркман аз тагири алифбо бурд карданд,чаро? ба он хотир,ки онхо дар 1000 соли охир бо хати форси чизе надоштанд,лекин мо мардуми точик сахт бой додем.Махсусан узбакон аз хуруфоти порсии мо чун Рогун сахзт тарс доранд.Он гох тамоми дастоврдхои 1000 соли охири Осиёи Миёна сохибашро хохад ёфт.Мухимаш ин аст,ки то соли 1924 забони мо забони илм буд, ба шарофати кирилл забони илми аз байн рафт(забони илми то хол дар кишвари мо русист) хуруфоти порси имкони забони илм кардани моро дорад,зеро дастгоххо ва иниститутхои сершумори тадкикотии Ирон асархои химия,электроника ва нанатехнологияро (иронихо дар англиси ва франсузидони аз русхо пештаранд) таъчилан хар моха тарчума ва чоп мекунанд.Сари масъалаи бахонаи мазхаби ин нодуруст буда,хадамотхои чосусии мо бояд кор баранд,зеро солхои зиёдест,ки чосусони узбак бо максади пешгириифорси ва бадбинии ирони ин корхоро тарки масчидхо ва бо дасти худи узбакон ба андешаи точики бесавод чори карда истодаанд.Дигар замон,замони соли 1924 ва фиреб кардани точик ва шиносномаашро ба чои забони форси дар Самарканду Бухоро навищштани узбак нест уртокхои узбак миллат худро шинохтааст

Мухтарам Али,чаро китобхоро Ирон тахия мекардааст?О наход надони,ки китобхоро Вазорати маорифи кишварамон тахия мекунад.Сари масъалаи интиколи мазхаби шиъа.Ирон ба точики бесавод ниёз надорад,чуноне,ки ба 15 миллион точики Афгонистон низ ниёзе надорад.Тахмили мазхаб ин бофтаи хадамотхои чосусии ду кишвари душмани давлатдории точикон-Туркия ва Узбакия аст.Инро бояд хар як точики боакл донад!

Ба тавччухи хамагон мерасонам,ки он мансабдороне,ки зидди гузашт ба хатти порси астанд,аслан агар хуб диккат дихед аслан точик нестанд,агарчанде,ки шиносномаи точики гирифтаанд ва дар мактабхои точики хонда худро точик хам шуморанд.Замона.замонаи соли 1992 нест,халк этнография хар минтака ва ки точик асту ки не пурра омухта баромадааст.Сабаби зидди хати порси будани ин "точикон" низ аз точик набудани чунинмансабдорон ва бо шири модар шинос набудан ва бегона будани хун аст на чизи дигар.Зеро ба ном чунин"точикон" агар диккат дихед танхо забони точикии турки порсиёдгирандаро монанди дошта,онхо аз асолдати фахмидани шеъри Хофизу Бедил фарсахо дуранд,зеро барои фахмиши Хофизу Мавлоно аслан бояд точик таваллуд шуд вагарна онро нахохи фахмид.Ин як нишонает,имруз ба зуди ки точик ва ки гайриточикро зуд хис мекуни бародарон!

Салим
Бояд бе чунучаро ичозат дода шавад

123
Бисер пешниходи хуб ва саривакти аст донистани хуруфи алифбои ниекон магар бад аст баъд аз он донистани ин алифбо касро босавод мекунад ба пеш Ирон.

mo boyad tarikhi khudro khonem ki yak zamone bo chi alifboe menavishtem va chi kasone moro az in ilifboi niyokonamon dur kardand to farhang moro ivaz kunand

Гумон мекунам, ки ононе ки зидди баргаштан ба хати форсиянд,ё ба ин хат навистан наметавонанд ё танбаланд. Ё рашк гулугирашон мекунад.Охир бо хамин хати кирилиатон ба чи комёб гаштем, ки шумо аз кафомонии чамъият гап мезанед?!
демократ,
демократ,
демократ,
демократ,
демократ,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)