Бахшҳо

Қаҳрамониҳои Хусравов дар Тошканд: Ростӣ, ҳарос доштам...(ВИДЕО)

Нилуфари КАРИМ

Хушқадам Хусравов, паҳлавони 21-солаи тоҷик ду рӯз қабл дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаи самбо ширкат варзида, барандаи медали тилло ва унвони қаҳрамонӣ дар байни калонсолон гардид. Баробари Хусравов Тоҷикистонро инчунин Зафарҷон Алиев, хонандаи синфи 10 намояндагӣ карда, миёни наврасон соҳиби ҷои 3-юм гардид. Хабарнигори Озодагон ба табрикашон рафт ва бо истифода аз фурсати муносиб суҳбате анҷом дод.

Озодагон: Шумо аз мусобиқаи осиёӣ дар шаҳри Тошканди Узбакистон бо чӣ армуғон ва таасуроте баргаштед?

Х. Хусравов: Барои аввалин маротиба аст, ки ман дар вазни бароям бегона, яъне 62 кило баромад кардам. Пештар дар вазни 57 кг дар мусобиқаҳо ширкат карда, баранда мешудам. То ширкат ва ҳунарнамоӣ дар ин сабқат каме боварам “камтар” буд. Хушбахтам, ки тамринҳои пайдарпай ва талошу заҳмати устодам- ҷаҳонпаҳлавон Маҳмадшарриф Сулаймонов ва ҳидояти ӯ барабас нарафт. Ин дафъа ҳам унвони қаҳрамони Осиёро гирифтам, қаблан се маротибаи дигар дар ин навъи мусобиқот баранда шуда будам.

Озодагон: Кадоме аз ҳарифонатро дар ёд гирифтед? Манзурам, ин ки пурқувваттаринаш кӣ буд...?

Х. Хусравов: Рақиби аслии ман дар ин мусобиқа ҳарифи узбакистониам Давлат Ҳамроев буд, ки ӯ ҷоизадори чандинкаратаи мусобиқоти ҷаҳонӣ дар байни ҷавонон мебошад. Талошҳои зиёди Давлат Ҳамроев ӯро ҳамеша дар ҳама мусобиқаҳо дастболо мекард. Агар росташро гӯям, ман ҳам аз ӯ каме ҳарос доштам. Хушбахтона, дар вохӯрии ниманиҳоӣ ман ӯро бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст дода, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтам. Дар вохӯрии ниманиҳоӣ ҳарифи ман аз Қазоқистон буд, ки ӯ низ устоди шоистаи варзиш, чемпиони чандкарата буд. Бо инояти Худо аз болои ин паҳлавон ҳам бо ҳисоби 10 бар 0 ғалаба кардам.



Озодагон:
Баъд аз баргаштан аз мусобиқаи осиёӣ оид ба самбо аз шаҳри Тошканди Узбакистон, ки дар он барандаи медали тилло шудед, оё раиси тозатаъини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ шуморо ба ҳузур пазируфт, ё ба дидоратон омад?

Х. Хусравов: Мо тариқи роҳи заминӣ, яъне нақлиёт аз Тошканд ба Душанбе баргаштем ва қариб касе дар бораи омадани мо хабар надошт. Ҳоло ба мо аз Кумитаи варзиш занг заданд ва даъват карданд, ки ба он ҷо ҳозир шавем. Фикр мекунам, сӯҳбати хубу самимӣ хоҳад буд.

Озодагон:
Мураббии нахустини шумо кист? Падар, муаллими тарбияи ҷисмонӣ, ҳарифи пурқуввати даврони кӯдакӣ ва ё каси дигар?

Х. Хусравов: Нахустустоди ман дар соҳаи варзиш, асосан гӯштини самбо падарам Носири Хусрав мебошанд. Баъдан, вақте шомили дастаи яккачини ҷумҳурӣ гаштам аз мураббии пуртаҷриба ва устоди сахтгир Маҳмадшариф Сулаймонов дарси маҳорату мардонагӣ мегирам. Оянда низ зери таълими он кас идома доданиам.

Озодагон: Аввалин мусобиқаи пурнуфузеро, ки ширкат кардед дар ёд доред?

Х. Хусравов: Ин соли 2007-ум буд. Пас аз мусобиқаи ноҳиявӣ ва вилоятӣ ба Душанбе омада, дар сабқати ҷумҳурӣ дар вазни 42 кило ширкат кардам ва қаҳрамони Тоҷикистон шудам. Ногуфта намонад, ки ҳамон сол аз ҳамин мусобиқа ба сабқати АвруОсиё, ки дар шаҳри Брест баргузор шуд, роҳхат гирифтам ва он ҷо низ пирӯз гаштам.

Озодагон: Дар ин шароити мушкил чӣ тавр ба сафарҳо ва мусобиқаҳо меравед? Ишкол вуҷуд надорад?

Х. Хусравов: Мусобиқаҳои расмии моро бештар дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мактаби маҳорати олии варзишӣ дастгирӣ мекунад. Аз сарпарастоне, ки сарватманд ҳастанду барои ба мусобиқа рафтани ман саҳм мегузоранд, ташаккур мекунам. Онҳо низ кӯмак мекунанд.

Озодагон: Яъне, ҳоло ҳама проблемаҳо ҳал ва мушкилот надоред?

Айни ҳол мушкили ҳар як варзишгари тоҷик ин надоштани сарпарасти хуб мебошад. Худатон медонед, ки барои тарбияи як варзишгари сатҳи байналмилалӣ маблағи зиёд даркор аст, то дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намояд. Маблағ натанҳо барои сафарбар шудан ба мусобиқаҳои балналмилалӣ, балки барои манзили зист, шароити иҷтимоӣ, ғизо ва ғайра зарур аст...

Озодагон: Машқу тамринро аз чанд солагӣ шурӯъ кардед ва дар куҷо? Метавонед, касеро ҳамчун шогирд ном бубаред?

Х. Хусравов: 6 сола будам, ки падарам маро ба толори варзишии маркази ноҳияи Ванҷи Бадахшон бурд. Аз ҳамон рӯз машқи ман шурӯъ шуд ва инак, 15 сол боз болои гилеми татамӣ мебошам. Аввал дар маркази ноҳия, баъдан дар вилоят шаҳри Хоруғ ва ҳоло чанд сол боз дар пойтахти кишвар. Бояд гуфт, ман дар ду мактаби ноҳия, макатби рақами 4-и Рохарв ва рақами 16-и Вотхуд таҳсил кардаам. Ман ҳоло худам шогирд ҳастам, аммо ҳастанд бачаҳое, ки мо бо онҳо тамрин мекунем ва онҳо барои мо мисли додар, мисли шогирд ҳастанд. Зафарҷон Алиев, ки шогирди Маҳмадшариф Сулаймонов ҳастанд, тайи чанд сол аст мо бо ӯ машқ карда истодаем ва онч изе, ки ман меомӯзам ба Зафар низ меомӯзонам. Зафарҷон чемпиони Тоҷикистон дар вазни 56 кило мебошад. Дар Тошканд дар чемпионати Осиё дар байни наврасон дар риштаи самбо иштирок карда, барандаи ҷои дуввум гардид.

Озодагон: Ба ғайр аз варзиш боз ба ягон кори дигар низ шуғл доред?

Х. Хусравов: Донишҷӯи донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ мебошам, ба ғайр аз гӯштин ба волейбол, футбол ва давидан низ машғулам. Аммо гӯштин бароям аз ҳама намудҳои дигари варзиш болотар аст...

Озодагон: Нақшаи ояндаи шумо чӣ аст?

Х. Хусравов: Аз 15-уми июл шурӯъ карда, дар мусобиқоти ИДМ оид ба гӯштин, ки дар Еревани Арманистон баргузор мегардад, ширкат хоҳам кард. Насиб бошад, аз он ҷо ҳам бо ғалаба бармегардем. Орзу, ё ҳамон нақшаи ман дар шаҳри Токиои Ҷопон дар мусобиқоти ҷаҳонии гӯштини дзюдо ширкат кардан ва қаҳрамони ҷаҳон шудану барафроштани байрақи Тоҷикистон аст. Ҳоло бошад, барои ширкат дар мусобиқоти Ереван мо 10 варзишгар дар толори мактаби “Маҳорати олии варзишӣ” тамрин намуда истодаем.
Мӯҳр
Часур
Офорин бародари азиз! Мувафакият хамеша еру мададгорат бошаду номбардори точикон боши!

Алишер
Авалов
Э бародар метони бара хора ягончохакда о и самбо намуди олимпи набошад, ки ика вохима кунед. ту аз намуди дздо як медали биринчи биёр ана ба гап зан 70 медали тиллои самбо баробар аст ба як медали дзюдо зрро дзюдо намуди олимпи аст.

Офарин! Офарин! Офарин!

Паричехра
Худованд мардуми ТОЧИКРО хамеша дастболо кунад! Гурури милли! Хуввияти милли, фахр мекунам бо чунин мардони асли ТОЧИКИ ! АХСАН!!!!!!!!!!!!!!!!

Искандар угли
Мухтарам Аввалови монанд ба Охиров бас кунед хамин хасудии точикиро чавонанд дар пойтахти Гузбакистон медал гирифтаанд хазор рахмат.Русхо метавонистанд соли 1980 самборо ба олимпиада дохил кунанд,лекин ба хотири наранчидаи Индира Ганди ва бо суцпориши рафик Брежнев бозии чавгони алафии Хиндро кабул карданд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)