Бахшҳо
02 июл 2014 11:11Тоҷикистон / Сиёсат

Иҷозаи Амнияти Амрико барои ҷосусӣ дар Тоҷикистон: Суҳбатҳои президентро гуш кардаанд?

Оҷонсии амнияти миллии Амрико иҷозаи ҷосусӣ дар 193 кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистонро доштааст.

Ин нуқта дар пайи омӯзиши асноди ифшокардаи Эдвард Сноуден, собиқ корманди ин Оҷонсӣ муайян шудааст. Тавре Washington Post бо такя ба ин аснод иттилоъ медиҳад, бо қарори додгоҳ Оҷонсии амнияти миллӣ иҷоза гирифтааст, дар 193 кишвари дунё фаъолияти ҷосусиро пеш барад: “Аз ҷумла ҳақ доштааст, суҳбатҳои телефониро гуш кунанд, мукотиботи электрониро омӯзанд,”

Тибқи созишномаҳои Амрико хадамоти ин кишвар танҳо ҳаққи ҷосусӣ дар чор кишвар-Британияи Кабир, Канада, Австралия ва Зеландияи Навро надоштаанд.

Намояндагони Оҷонсии амният изҳор доштаанд, ки вуҷуди иҷозатнома маънои онро надорад, ки ҳатман дар қаламрави ин кишварҳо фаъолияти ҷосусӣ амалӣ шудааст. Ба иттилои ин ниҳод баъди ифшокориҳои Сноуден раисиҷумҳури Амрико Барак Обама имкониятҳои ҷосусонро маҳдуд кардааст ва аз ҷумла дастур шудааст, гӯш кардани суҳбатҳои телефонии сарони давлатҳо қатъ гардад, то замоне, ки зарурати сахт набошад.

Ин дар ҳолест, ки Шерхон Салимзода, додситони кулл ахиран дар нишасти хабарии худ изҳор дошт, ки иттилоеро дар мавриди гӯш кардани тамосҳои телефонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз ҷониби мақомоти амниятии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Амрико дарёфт накардаанд.

Ӯ изҳор дошт, мақомоти қудратии кишвар ягон иттилое дар бора гӯш кардани телефонҳои шахсии роҳбарияти ҷумҳуриро аз ҷониби Хадамоти амнияти миллии Амрико надоранд. Ин дар ҳолест, ки Эдвард Сноуден, собиқ корманди мақомоти амниятии Амрико эълон намуд, масъулини амнияти ин кишвар тамосҳои телефонии даҳҳо роҳбарони кишварҳои ҷаҳонро гӯш мекунанд.

Мӯҳр
впыф
Хамин Точикистон ягон секрет надора. Бра пеши занакхои лаби об хамаи секретора мегант.

беном
ай хами гуш кадани гапои бехуда чи мегирифта бошан.

Чордана Бруно
Хадамоти амнияти миллии Амрико ва кормандашон Сноуден баъди омузиши тулони дар байни 193 давлати дунё- Точикистонро хамчун давлати бе Секрет ва Безарар эътироф карданд.

впыф,
siru asrori rohbaru hukumatro agar xalk donad in ozodist ya'ne xalk ozod ast naenki misle uzbakhoi bechora.

хамаи дигар давлатхора барои нафту газу яроки ядериву дигар дигарша гуш менанд точикистона барои чи гуш мекарда бошанд? барои раками дурусти чанд нафар мухочират да мебошад гуш мекарда бошанд яке, барои ки инаш ягона боигаримон ва ракамаш нихои

сино
Ин дар ҳолест, ки Шерхон Салимзода, додситони кулл ахиран дар нишасти хабарии худ изҳор дошт, ки иттилоеро дар мавриди гӯш кардани тамосҳои телефонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз ҷониби мақомоти амниятии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Амрико дарёфт накардаанд.

Хукумати Точикистон бо ин сиесати хозирааш то дахсолахо аз ягон чосус даракдор намешавад.Аслан Точикистон чи "секрет" дорад????

Хуршед
Ин Амрико ахиран ба Точикистони азизи мо хам бини халонида истодааст. Як бор чунину чунон карда кариб буд Точикистони азизи мора ба вартаи нобуди мекашиданд боз хамин максадхои нопокашонро амали карданианд лаънат ба чосусию чосусиашон.
Хукумати Точикистонро мебояд чунин хомуш набошад дар арсаи байналмилали ин масъала бояд матрах шавад.

Фард
tojik, Точикистони бечора хеч чизи махфиву мухим надорад. Бо омадани режими хозира ба сари кудрат, Точикистон бечора шуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)