Бахшҳо

“Ҳомиён”-и туркӣ баъд аз 2 соли мамнӯият дубора ба фурӯш баромад

Фурӯши филми туркии “Ҳомиён”, ки бо қаҳрамонҳои худ – Наҷиб-сардору Йигит маъруф буд ва ду соли пеш тарҷума ва тавзеъ (паҳн кардан)-и он дар Тоҷикистон мамнуъ гардид, аз сар гирифта шудааст. Ин филм аз тарафи студияи “Ҳамсадо” ба забони тоҷикӣ дубора тарҷума ва ба нуқтаҳои дискфурӯшии Тоҷикистон роҳ ёфтааст.

Фурӯши “Ҳомиён” моҳи майи соли 2012 дар баробари “Пайроҳаи тақдир”, “Мисли Юсуф”, “Хаёлҳои сабз” ва “Водии гургон”, ки тайи солҳои охир дар Тоҷикистон тавонистаанд, бинандаи худро пайдо кунанд, аз сӯи Муассисаи давлатии кино ва видеои “Тоҷиккино” манъ карда шуд. Он вақт мақомот гуфта буданд, дар филмҳои мазкур саҳнаҳои таблиғи зӯроварӣ, терроризм ва ифротгароӣ ҷой дорад ва бинандаи аслии онҳо наврасону кӯдакони тоҷик мебошанд, ки ба осонӣ зери таъсири амалҳои ғайриахлоқӣ дар ин филмҳо мемонанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон теъдоди зиёди филмҳои туркӣ, аз ҷумла Садбарги сиёҳ, Ҳикмати зиндагӣ, Дили захмдор, ба тоҷикӣ тарҷума ва рӯзҳои чоршанбеву шанбе ба фурӯш бароварда мешаванд.
Мӯҳр
Пас Давлат Сафар прав будаст бугу.

йигит
Ехе акаи мансур муборак шавад . дар охири и директори нави Точиккинора дилша ёфтен чи .

----------
Ин вируси пантуркистии бо усули нав воридгашта ба Точикистон мебошад, ки алакай ба мардум сироят кардааст

Султон Валад
Аввалан дуруст аст, ки ин филми туркист, вале росташро икрор шудан лозим, ки бехтарин филмхо хастанд. Барои чи мардуми Точик ба ин сериалхои туркии ба забони Точики тарчумашуда рагбати зиёд пайдо кардаанд ? Ба фикри ман дар ин филмхо мардуми точик арзишхои милли ва тарзи хаёти хешро, ки фарзанди бузургаш МАВЛОИ РУМ як замоне ба туркхо мерос монда буд, дарёфт кардаанд ва албатта аз ин мерос дил канда наметавонанд.
Сониян, Барои чи мо Точикон хаминхел филмхои хуб офарида наметавон, то ки туркхо ба забони худ тарчума кунанд ва халоват баранд ? Факат бахона тайёр, пул даркор. Агар акида бузург бошад пулро гумрох мекунад.

ДЕр ояду шер ояд Хомиён баргашт

Офарин хазор ташаккур ба нафароне, ки барои дубора баромадани ин филм мусоидат карданд. Хамаги 8 серияи дигараш мондаст монед тамошо кунем. Мо ду сол 125 серия дидем баъд манъ карданд сара вайрон карда, бо баъди ду сол дигарбора бароварданд. Ин маънои онро дорад, ки филм арзиш дорад, арзиши инсондусти, ватандусти дар рохи хак ва ватан мурданро авлотар аз пастиву беномусихо меомузонад! Тугрияй!!!

----------
Хамин гуна туркдустдорихои мо буд, ки Самарканду Бухороро аз даст додем. Ин филмхои бемаънии турки ба чуз таргиботи амалхои нодуруст хеч фоидае намеоранд.Як биандешед, тамошобинони филмхои турки бештар наврасону кудакон шудаанд ва ман шохиди ин чиз хастам, имрузки ба филмхои турки онхо мехр бастанд фардо мехрашон ба кишвари турк низ зиёд мешавад, дар лахзахои муташанич метавонад ин наслхатари миллат бошад. Ман котеан зид хастам, ки филмхои турки ба забони мо тарчума шуда дар дуконхои фитафуруши ба фуруш бароянд. ))))))))))))))

.
----------,
Ин туркдустдории мо набуд. Ин тарсончакии мардуми Самаркаду Бухоро буд, ки худро бо ду дасти адаб ба гуломи супориданд.

Антиузбак
Дар ин гуна фильмхо бародарони мусулмон ва хамхуну хамкешу хамфарханги мо курдхои диловар ва шучоъ тахкир шудаанд.. касе Туркия рафта бошад медонад ки курдхо чи кадар шучоъ ва далеранд ва туркон аз унхо хамеша дар харосандзеро курдхои хакку хукуми хдро хб мешиносанд.. мутаассифона дар ин гуна филмхои кудакона курдхои часур ва бебоакро як мардуми ифроти ва тарсу ба тасвир кашидаанд.. ва бо хамин филмхо саргрм кара мардуми соддаи точикро ба худ чалб мекунанд

Гариб
Ман диск мефурухтам аз Точикино меомадан мегуфтан кадом кинои турки ба точики боша нафуруш, агар кинои турки ба руси боша фуруш. Чихел фахмем ? Яъне мардум забони точикиро фаромуш кунанд ?!

ИН ХАМАШ БАРОИ ШИКАСТ ДОДАНИ ХАМСАДО БУД. ФИЛМИ МИСЛИ ЮСУФ ФИЛМИ КУДАКОНА ВА ТАРБИЯВИ БУД. МО ХУБ МЕДОНЕМ КАДОМ ФИЛМ ХУБ ВА КАДОМАШ БАД АСТ. ДУРУГ ДУРУГ БОЗ ДУРУГ.

Кудаконро аз масчид дур кардед, духтарони сатрдорро аз мактабу донишгох хорич кардед, дахони Хочи Мирзоро бастед, фуруши филмхои бехтаринро манъ кардед. Офарин ба шумо. Барои чи филмхои лучу пучро манъ намекунед ? Мардумро мисли русхо ва мисли худатон аракнушу луч кардан мехохед?! Ба хар хол рахмат ба рохбари Точикфилм ки боз кам кам инсонсифат шудааст ва Хомиён дубора ба фуруш баромад.

Хочи
Хаминкадар студияи хуб дорем. Тарзи видеоии Куръони Каримро ба мардум пешниход кард.

душанбинец
ин филмҳо (филмҳои туркӣ) сифатан гарчанде аз маҳсулоти имрӯзаи тоҷиккино болотар меистад аммо моҳиятан маҳсулоти хароб аст, между прочим филмҳои имрӯзаи истеҳсолмекардаи мо низ хеле харобу бемантиқанд. арои ҳамин ин филмҳоро камтар тамошо кунед, метавонед маҳсулоти дигари туркиро истифода кунеду каме аз туркӣ шудани мағзҳоятон худдорӣ намоед... Баъдан масъулин бояд дорнанд, ки имрӯз дар ин бозор вакуум аст, охир каме ба ҳамин аҳамият диҳед, подходи комплексӣ намоед, ҳар сол ақаллан як 4 та филми баландбюджети таърихию муосирро ба навор гиред, ё ҳаминро ҳам бояд роҳбари сатҳи аввал гӯяд ?!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)