Бахшҳо

Тоҷик кист: Ориёӣ? Тӯронӣ? Нажоди муғулу турк? Ё..?

Сарабек БЕКЗОДА

Тамоми аҳли башар асосан ба 3 нажод тақсим мешаванд: 1) ҳиндуаврупоӣ; 2) муғулӣ; 3) африқоӣ. Аз миёни онҳо нажоди калонтарин ҳиндуаврупоист, ки қисми зиёди аҳолии Аврупо ва Осиёро ташкил медиҳад.

Соли 1850 китоби олими Фаронса Артур Гобино бо номи “Опят о неравенстве человеческих рас” аз чоп баромад, ки тамоми мардумро ба нажодҳо тақсим намуда, аз ҳама нажоди пастро африқоиҳо ва нажоди муғулу турк дониста буд. Аз ҳама нажоди воло аз нигоҳи Гобино нажоди аврупоӣ буд. Албатта, ин тақсимбандӣ қобили қабул набуда, балки тамоми инсоният новобаста аз баромад, мавқеи ишғолкардаи он дар тӯли таърих ва ҳиссаи онҳо дар рушду нумӯи ҷамъият баробаранд ва онҳоро аз ҳамдигар ҷудо кардан қобили қабули ақли солим буда наметавонад. Ҳанӯз баробарҳуқуқ будани тамоми қавму қабоилро дар асри 13 милодӣ фарзанди барӯманди тоҷик Шайх Саъдӣ пешкаши аҳли башар кардааст:

Бани Одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як ҷавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.


Дар Осиёи Миёна ягона халқе, ки ба нажоди ҳиндуаврупоӣ ё ориёӣ ворид мешавад, халқи тоҷик аст. Тибқи гузориши бисёр олимони соҳаи таърих ва нажодшиноси Аврупою Осиё нахуст ватани мардуми ҳиндуаврупоӣ Осиёи Миёна мебошад, ки дар аҳди атиқа кишвари Таҷик-Тоҷик (Тӯрон) ном дошт ва ин таърих на кам аз 18 ҳазор солро дар бар мегирад. Дар рисолаи «Дарки таърих» Арнолд Тоинби изҳор медорад, ки асноди Мисри қадим шаҳодат медиҳанд, ориёҳо аз «Дашти бузург», аз он ҷое баромадаанд, ки баъд аз 3 000 сол туркҳо пайдо шудаанд».

Яъне, гузаштагони дури нажоди турку муғулӣ баъд аз 3 ҳазор соли пайдошавии нажоди ҳиндуаврупоӣ, ки ба он халқи ориё-тоҷик низ ворид мешавад, қадам ба арсаи ҳастӣ гузоштаанд. Воридшавии халқи нажоди турку муғулӣ ба Осиёи Миёна, ё бо ибораи дигар кишвари Тӯрон (Тоҷик), ки аҳолии имрӯзаи давлатҳои Қазоқистон, як қисми Узбакистон, Қирғизистон ва Туркманистонро ташкил медиҳад, таърихи дурро дар бар намегирад, ки он аз асрҳои 10-12 оғоз гашта, дар асрҳои 15-у 16-и милодӣ бо омадани қавми узбаки соҳиби нажоди муғулӣ дар асри 16-и милодӣ аз дараи Чу, Дашти Қипчоқ ва Енисей, ки ба хотири хони муғулон - Узбакхон худро узбак номидаанд ба охир мерасад. Тибқи таърих аввалин бор калимаи узбакро дар асри 14 ҳамчун номи қабоили туркию муғулӣ аз тарафи Ҳамдуллоҳи Қазвинӣ (1280-1350) дар китоби «Таърихи гузида» ба забон мегирад.

Як чизро бояд ба хонандаи азиз арза дорам, ки дар Узбакистони имрӯза зиёда аз 15 миллион аҳолиро, ки қиёфаи ориё-тоҷикӣ доранд ва қабилаҳои худро намедонанд ва дар шаҳрҳои Тошканд, Хоразм, Андиҷон, Фарғона, Намангон, Қӯқанд ва Марғелони Узбакистон ва деҳаҳои ободи он зиндагӣ мекунанд ва худро узбак муаррифӣ менамоянд, тоҷикони забонгумкарда мебошанд. Мо аҳолии шаҳрҳои Самрқанду Бухороро дар ин гуруҳ ворид намесозем, зеро дар Самарқанду Бухоро то ба имрӯз мардуми ориётабори тоҷик зиндагӣ намуда, бо забони ноби тоҷикӣ-форсӣ, ки ба қавли Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ забони аҳли миррихиён аст, ҳарф мезананд. Дареғу сад дареғ, ки ба воситаи зӯрӣ ҳуҷҷатан онҳо дар шиносномаҳошон худро узбак менависанд. Он узбакҳое, ки номҳои қабилаҳои худро медонанд, аз ҷумлаи лақай, қунғурот, батош, барлос, қипчоқ, бургут, қатаған ва дар атрофи шаҳрҳои Осиёи Миёна зиндагӣ намуда, шакли муғулӣ доранд, узбакҳои воқеӣ мебошанд. Дар бораи шаклу шамоили узбакҳо ва дигар қабоили турк ҳанӯз дар асрҳои мухталиф аз тарафи таърихнигорони арман, аз ҷумлаи Степанос Арбелян, Моисей Каганкатватси, олими рус Гумилёв Л.Н, инчунин, олими шинохтаи қазоқ Чукан Валихонов ва олими англис Роберт Ша дар асарҳои худ борҳо иброз доштаанд. Улуғбек низ дар китоби худ дар бораи намуди зоҳирии турку муғулони воқеӣ чунин баррасӣ намудааст: “Туркҳо ва муғулон ончунон шабеҳи ҳамдигаранд, ки кадоме аз онҳо турку кадоме муғул фарқ кардан бисёр мушкил аст”.

Шоири тавонои адабиёти классикии тоҷик, Мавлоно Ҳотифӣ, хоҳарзодаи Абдураҳмони Ҷомӣ дар асри 16 милодӣ сурату сирати туркҳоро дар шакли назм баён намуда, чунин иброз менамояд:

Аз он тангчашмони дуну данӣ,
На обистанӣ монду на растанӣ.


Имрӯз як гурӯҳ «олимон»-и узбак ё саҳеҳтараш олимони кирояи узбак аз ҷумлаи Левитин, Гога Ҳидоятов, Алишер Илҳомов ва Рустам Абдуллоеви нотавонбин ба ҳар роҳҳои ғайриилмӣ ва ғайритаърихӣ бо ҳарзагӯиҳои худ ба хотири ҳарчи ба дунёи куҳан расонидани таърихи узбакон мехоҳанд соҳибони марзу буми Осиёи Миёнаро, ки тибқи таърихи тасдиқшуда халқи ориё - тоҷик ва гузаштагони онҳо мебошанд, нодида гирифта, марзу буми таърихии ориётоҷикон, ки дар таърих бо номи Хуросон, Тӯрон (Тоҷик) шинохта мешавад, ватани узбакҳо бароварданӣ шуда, ҳақиқати таърихиро дидаву дониста нодида мегиранд. Ҳол он ки қавмҳои турку муғул Осиёи Миёнаро ишғол карда, ҷавонтарин халқ узбакҳо мебошанд, ки воридшавии онҳо ба ин кишвар ба асри 16 милодӣ рост мегирад ва фаҳмиши калимаи узбак тибқи гузоришҳои Маҳмуди Қошғарӣ, Амир Темур ва набераи ӯ Бобур Мирзо барои халқияти бумии Мовароуннаҳру Хуросон ношиносу номаълум ва бегона буд ва вожаи узбак чун нишондиҳандаи халқ дар ин марзу бум ҳанӯз истифода намешуд.

Амир Темур дар асри 14 милодӣ дар «Темурнома» иброз медорад, ки «ман узбаки палиди манҳус набуда, балки аз хонадони Чингизхон насаб мегирам». Дар «Темурнома» Темур оид ба Хуросон, ки ватани бумии халқи тоҷик аст, тазаккур медиҳад: “Шунидаам, ки сарзамини Хуросон бисёр сермаҳсул аст ва ҳар як хуросонӣ шоири бузург ва ё олими бузург аст. Дар ман ҳамин хел тасаввур пайдо шуд, ки чи хеле Самарқанд ширинтарин харбузаҳоро ба ҳосил меоварад ва назирашро дар дигар кишварҳо намебинӣ, Хуросон низ олимон ва шоирони беназирро додааст. Хуросон абармардонеро ба дунё меорад, ки назири худро надоранд ва мисоли он Фирдавсӣ мебошад. Ӯ китоберо иншо кардааст, ки хуросониён аз он ҳунарҳо меомӯзанд». Дар китоби Темурнома, ки имрӯз дар шакли асл дар осорхонаи Лондон маҳфуз аст, Темур иброз медорад, «шаҳри Самарқанд таърихан шаҳри тоҷикон аст ва ба халқи тоҷик ҳамбастагии ногусастанӣ дорад».

Бобур Мирзо дар асри 16 милодӣ иброз дошта, ки «қариб 140 сол шаҳри Самарқанд ба хонадони мо тааллуқ дошт, номаълум аз кадом ҳавза қавми узбаки ба мо бегонаю душман омада, онро ба тасарруфи худ даровардааст». (Бобур. Асарҳо, саҳ. 101)

Дар ҷои дигар Бобур Мирзо изҳор медорад, ки аҳолии шаҳрҳо ва деҳоти ободи давлати Кобулро халқи тоҷик ташкил менамоянд. Ин суханҳоро дар асарҳои худ Амир Темур ва наберааш Бобур Мирзо иброз дошта гуфтанианд, ки онҳо ба қавми узбак ворид намешаванд, зеро дар асри зиндагии онҳо узбакҳо, ки ҳанӯз ҳамчун халқ ташаккул наёфта, дар сатҳи қабилавӣ арзи ҳастӣ доштанд, аз дараи Чу, ҳавзаҳои Дашти Қипчоқ ва Ҳафтрӯд вориди Мовароуннаҳру Хуросон нагашта, балки қабила ба қабила, ки хоси ҷамъияти ибтидоист, дар ҳавзаҳои дар боло зикршуда зиндагии кӯчиро аз сар мегузарониданд. Олим ва таърихнигори рус Андреева В. дар китоби «Миф об узбекском государстве» (қисми 1): «Великие предки» и исторические фантазии Ислом Каримов»-ро таҳлил намуда, ба чунин хулоса меояд: «Именно Шайбониды на кончиках своих копии принесли в Среднюю Азию само название узбеки которые не имело в то время никакого реального этнического содержания. Узбеки это конгломерат пришлых кочевых турко-монгольских племён и по выражению Чокан Валиханов, союз племён пришедших на территорию Средней Азии в эпоху позднего средневековья. Нынешние узбеки являются весьма неоднородний в рассовом отношении этносом. Среди них есть представители как черезвичайно европоидных, так и сильно монголоидных и множество смешанных в разной степени индивидуумов». (Тарҷума: Маҳз Шайбониҳо дар нӯги найзаҳои худ фаҳмиши узбакро овардаанд, ки он ягон нишонаи нажодро дар он аҳд таҷассум карда наметавонист. Узбакҳо ин чамъи қабоили омадаи кӯчии туркию муғулӣ буда, тибқи гузориши Чокан Валихонов, қабоили муттаҳидшудае мебошанд, ки ба ҳудуди Осиёи Миёна дар солҳои охири асрҳои миёна омадаанд. Узбакҳои имрӯза аз чиҳати баромад, нажод якгуна нестанд. Дар байни онҳо мардуми бисёр шакли аврупоӣ дошта ва беандоза бисёр андоми муғулӣ дошта ва одамони омезишёфта дида мешавад»)

Ақидаи Андрееваро ҳанӯз олими англис Роберт Ша ба тарзи муфассал дар асарҳои худ баён карда, иброз медорад: «Узбакҳо дар кунҷи даҳон ва зери манаҳ якчанд тори мӯй доранду халос. Агар дар рӯи баъзеи онҳо ришу бурути комил бинед, бидонед, ки ин натиҷаи дар шараёнашон хуни тоҷикӣ доштан, асари муддати тӯлонӣ дар Бухорову Қуқанд дар байни тоҷикон зистан аст».

(Идома дорад)
Мӯҳр
.
Нажоди хиндуевропои вучуд надорад. Хаст гурухи забонхои хиндуевропои. Нажод бошад ЕВРОПЕИД аст. Танхо точикони кухистони шаркии Точикистон ба нажоди европои мансубанд. Точикони бокимонда омехтаи нажодхои мугулу-аврупоиву африкоихо хастанд.

Антрополог
Бехтарин тахлил. Ба тадкикоти илмии Шумо ман як чизи чолиберо илова кардани.Кариб 75 фоиз узбак дар Узбакистони имруза, аз Ислом Каримов саркарда то 30 млн ахолиаш бо хуни точики омехта хастанд.Агар пурсида шавад, ки барои чи ин узбакхо ба мо Точикон ва Точикистон тамоман ба созиш намеоянд? Чунки вакте, ки Мугулхо сарзамини моро талаву тороч карданд ва мардони моро кариб зиёдашро аз дами тег гузаронидаанд, аламоварам бошад ба занхои точик бевамондаги ва заифоне, ки гурехта натавонистанд мачбуран хонадор шудаанд. Ин Узбакои аз осмон омадаге не, инхо наслхои гибрид ва клонировани шудагии худамон. Вакте, ки мо ОРИЁИ шарм карда кабулашон накардем ба катори хешутабори, барои хамин алам доранд ва ноилоч худро узбак муарифи мекунанд.

р
Точикон (гайр аз онхое ки бо турку мугул омехта шудаанд) ба шохаи Памиро-Ферганскии нажоди европои дохиланд.

Точдор
Аслан узбак гуфтани миллат нест.Дар асари сафири Пётри 1 дар Порс ва Бухоро,ки солхои 1721 ва 1723 ончо будааст Бонивени ин мардумро гох узбак , гох озбак ва гох узбок ном гирифта,онхро дуруггуйтарин ва бевафотарин мардум ном бурдааст.Чехраи аврупоимонанди сотхои узбакшуда ин нишонаи точикияти онхост ва ё синтезашон бо иронитаборон.Узбаки асли аслан сиёчурадаи зарднамо(нажоди зардпустон-мугулон)ва бо чашмони тангу рухсораи дунг ва беришак мебошад.Он шакли аврупоидоштаашон узбак не,балки асолатбохтагони точиконанд.Ба хар хол узбакхо хазор таърих нависанд хам синну солашон аз 400-500 сол боло намеравад ва ба кавле,ки щзанги ба шустан нагардад сафед.

Точик
Дар давоми таърих хеле абармардон ба ин масала фикр кардаанд ва чавобхои хуберо ба мо оянагон ба мерос гузоштаанд ва дар хамма чо точикро як мардуми бофарханг, созанда, бунёдкор, ободгар инсони беназир, Худопараст ва бандаи вокеии Парвардигор муаррифй кардаанд.. Аз Унсури то Бедил ва Аз Мавлоно то Айнй.. мани факир каломи он бузургонро агар сар то по хондам гуям шояд муболига нашавад.. аммо нихоят як хулосаи фишурди худамро дар кисти ва чистии точик тавонистам пайдо бикунам.. Точик яъне дар гузашта баръакси турк ва дар имруз баръакси узбак.. ( мисли сафед ва сиёх, зебо ва зишт бузург ва кучак) дар гузашта туркон горатгар одамкуш.. бедин бесавод бадафт бефарханг ва Худоношинос буданд имруз албата аксарашон шояд ин тур набошанд зеро ё тахти таъсири мардумони ориёй мусулмони хуб шуданд ва ё мафхуми турк дар лобалои торих иваз шуд мисли он ки аксари Византиёйии собик худро турк мегуяд ва гайра.. дар замони имруз точик баръакси узбак хаст яъне узбак харчи бошад мо баръакси он.. яъне узбак мугул аст аксаран дар башара ва мо дар чехра аксран нестем.. мо аз ислом тули торих хамчун воситаи фиреб ва максади моддй расидан истиода накардем ва узбакхо истифода карданд то замони шравй мо хам мусулмонем ва бародарони Шумо хастем мегуфтанд имруз дузди карданд( сарзаминхои моро ишгол карданд ки дар ислом мусулмон хакки ишголи сарзамини мусулмони дигрро надорад) дигар инки узбак забонаш харчо равад буи дуруг ва буи сохтаги ва фархангдуздиашро хамма чо ошкор мекунад.. як забоне дорад ки бидуни мавчудияти вожжахои мо точикон арзи хасти наметавонад кунад.. ва албатта ин замон хеч гох узбак мардуми созанда набуданаш ва ориёихо ва исломи ноб фарсаххо дур буданашро собит мекунад ва вожахои арабие ки дар ин забон вучуд дорад хама аз тарики забони форси ворид шудааст ки инро як узбаки тахсилкарда хато хеч гох эътироф намекунад.. ва мардумест на баро созндаги ва факат харобкорй.. Бедил бархак мегуяд: Золим намекашад алам аз тиннати хасуд , Тангй фишори дидаи узбак намешавад.. Мавлонои Кабир мефармояд Турке хама туркй кунад точик точикй кунад, Ман соате туркй кунам як лахза точикй кунам.. яъне тамоми корхои модди аз хурдан то халочо рафтан ин туркист ва лахзае ки ман ибодат мекунам ва дар баробари Худо карор мегираму ниёиш мекунам ва шеър мегуям ва бо маънавият сару кор дорам он марид точики кардани ман аст.. Валлоху аълам Худованд хамаи моро ба рохи рости ва дурусти ва ростгуйиву ростзистй хидоят фармояд. Омин ё Раббилоламин..

Офарин.......беҳтарин таҳлил.......
Лекин вақти он расидааст, ки ин ҳақиқати таърихиро дар сатҳи байналмилалӣ исбот кунем ва Самарқанду Бухороро гирем.....................

да кучо навишта шудаастки шайх саъди точикаст, саъди ирониаст ва ба точикон хеч рабте надорад,

Точик
Дар замони Саъди хамаи касоне ки гайри араб ва турк буданд точик номида мешуданд.. Саъди худаш аз дасти мугулон ва туркони хуношом ба дод омада ба Худованди худаш чунин мурочиат мекунад: Руйи точиконаат бинмой то доги Хабаш, Осмон бар чехраи туркони ягмой занад ё дар чойи дигар Аз бахри Худо ки моликон чавр, Чандин накунанд бар мамолик, Шояд ки ба подшах бигуянд, Турки ту бирехт хуни точик ё дар чои дигар дар Бустон ин мисраъро дорад Зи дарёи Умомон баромад яке.............. ва мисраи севвумиш Араб дидаву Турку Точику Рум.. Инчо Точик ба маънои Эрони бузург аст...

Тошкул. Душанбе
Точик ин аз пайвандони узбекхо аст.Агар дар Точикистон номи кишлокхою шахрхоро нигох кунем аз узбеки буданаш маьлум аст.Барои мисол Каротегин.Кургонтеппа,Янгибозор ва бисьери нохияхо номи узбеки доранд ва аз узбекнишинанд.Худи мардуми Хатлон 50%узбеки тозаанду 20% бо узбекхопайвастаги доранд.Сугд 85% узбеканд.Лекин бисьер узбекхо дар паспорташ точик навиштаги муввакати, Барои ин бародарони Точикистон шумоен бо узбекхо хамхуну хамнажодед.БО форсхо хамин Бадахшонихоро аз Дарвоз то он тарф тиеду халос.Мо якчо шуда як халки бузурги узбек ташкил кунем.Шумоен хам зиндагии хуб мекунед. ОЗОДАГОН АКИДАИ ДИГАР МИЛЛАТРО НАШР КУНЕД

Рустами Достон
О ин хама точикоя ахмак кардку!
Агар Осиёи Миёна Турон бошаду мо турони, пас мо эрони нестем, мо дигар аз Шохнома ифтихор карда наметавонем. Пас хайкали Фирдавсиро низ бояд канд ва Рустамро дигар кахрамони халки точик нест гуем ва ба чояш Афросиёбро кахрамон гуем. Хама механдад. Маълум, ки муаллиф чаласавод аст. ё у ягон гарази пантуркистона дорад. У даже намедонад инчо Турон нест, инчо Эрони шарки аст. Ин сафсатахоро гум кун! Турон туркия аст. ба ин сафсатахои муаллиф бовар накунед!!!!!!!

тачик
Точик,
Бахсхои бефоидаи ки будему аз кадом нажодем. Бинед, ки имруз кистем? Ана сари ин мавзуъ гап занед, курбонатон мешавем.Агар мо зур мебудем, ба ин холамон намеоварданд. Биёед, ки МИЛЛАТ шавем! Он гох бегуфти касе нажодамон маълум хохад шуд

антилули
Мы велики! Мы свободны! Мы самые древние! Мы арийцы! Мы достойны восхищения! Достойны восхищения, как ни один народ!
Мы все так говорим - значит, это правда! - кричали они. "
Из Киплинга про Маугли

ориё
муалиф бояд ин маколаро ба забони русси тарчума карда дар сомонаи (www.centrasia.ru/) бимонад ба мисли як фошисти ч.узбак рустамжан абдуллаев......

Рустами Достон,
Барои як хел бесаводо тавсия медихам ки дар бораи Турон хонанд ва фирефтаи пантуркистон нашаванд Турон ин на туркону Туркия дар Турон эронинажодон зидаги мекарданд ва хозира Осиёи Марказист

https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%A2%D1%83%D1%80%D0%B0%D0%BD_(%D1%81%D1%82%D1%80

%D0%B0%D0%BD%D0%B0)

Азиз
Тошкул тудар хакикат Тошкул будаи. Нисф зиеди калимахои узбаки аз забони ширини точики дуздида шудааст.,агар узбак кадима мешуд барои чи душанбею сешанбе мегуянд, чаро экишанбею учшанбе не? Барои чи ошхонаю чойхона мегуянд? чаро ошуй е чойуй не ? Дар мо узбакхо хастанд шояд 20 фоиз лекин дар Узбакистон 60 фоиз точикон зиндагони мекунанд. Як шогирдаки Абдурахмони Чоми Шох-шоири узбако шудааст дигар чи чои бахс Тошкул-берди фахмиди?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)