Бахшҳо
04 июл 2014 16:22Тоҷикистон / Сиёсат

“Сарбозонро ба корҳои берун аз хидмати ҳарбӣ ҷалб накунед!”

Созмони иҷтимоии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” аз ниҳодҳои зирабти кишвар даъват кардааст, сарбозонро ба корҳои берун аз хидмати ҳарбӣ ҷалб накунанд.

Ин ташкилот дар варақаи иттилоотии худ, ки нусхаи он дастраси “Озодагон” низ гардид, гуфтааст, “сарбозон гурӯҳи вижаи шаҳрвандоне ҳастанд, ки ба ҳимояи махсус ниёз доранд, аз ҷумла хизматчиёни ҳарбие, ки бо ин ё он асос дар госпитали низомӣ таҳти муолиҷа қарор доранд, набояд ба корҳое, ки бо гузаштани хизмати ҳарбӣ алоқаманд нестанд, машғул шаванд.”

Ба навиштаи “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, банди 8-и Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон маҳдуд намудани ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбиро, ки Сарқонуни кишвар ва санадҳои дигари меъёри ҳуқуқӣ кафолат додааст, манъ мекунад: “Хизматчиёни ҳарбие, ки дар госпитал ва худи қисми ҳарбӣ ба ёрии тибби муҳтоҷ мебошанд, дар вақти муолиҷа ва муоина аз корҳо ва машғулият озод карда мешаванд.”

Ин даъвати ташкилоти мазкур дар ҳолест, ки кормандони он рӯзи 17 январи соли ҷорӣ дар назди даромадгоҳи Раёсати Тиббӣ, комиссияи ҳарбӣ-тиббӣ ва госпитали ҳарбии қисми ҳарбии 45010-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хизматчиёни ҳарбии бемореро дидаанд, ки ба фасли сармо нигоҳ накарда бо сару либосҳои номувофиқ ба рӯбучин ва тоза кардани барфҳо машғуланд.

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ мегӯяд, бо гирифтани акси ин ҳолат мустақиман ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз болои дастандаркорони ин қазия шикотя бурдааст. Ба қавли онҳо, масъулини кумита расман ҷавоб дода, гуфтаанд, ки гӯиё нисбати шахсони дахлдор чораҳои зарурӣ андешида шуда, минбаъд ба роҳ надодани чунин камбудҳо супоришҳои қатъӣ дода шудааст. Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ миннатдории худро ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои саривақт санҷиш гузаронидани ҳолати мазкур изҳор менамояд.
Мӯҳр
Шаҳрванд
Гумон меравад аз ин армияи мо касе умед надорад. Агар умед медоштанд, муносибатҳои ноинсоние, ки офсаро нисбати аскарон раво медоранд, намекарданд. Офсар барои аскар ҳамчун мураббӣ аст, вале маълум мегардад, ки офсарон худ ба тарбия ниёз доранд. Гуфтани зиёд аст, аммо агар ягон барнома аз ҷониби ОЗОДАГОН таҳия мешуд, барои баланд бардоштани савияи ахлоқӣ, фарҳангӣ, ватандӯстӣ ва дӯст доштани ҳамватан, дур шудан аз вируси маҳалгароӣ, ба роҳ мемонаданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)