Бахшҳо

Хабаргирии баҳсбарангези Шабнаму Фарзона аз Фурқат Қосимов дар зиндони №1

Як манбаъ аз Муассисаи ислоҳи ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, Фарзонаи Хуршед – хонандаи маъруфи попи тоҷик бидуни иҷозаи расмӣ вориди зиндони рақами яки Душанбе шудааст. Ин ҳодиса як ҳафта пештар иттифоқ уфтода, ба қавли манбаъ, Фарзона ҳамроҳи хоҳараш -- Шабнами Сурайё мехостаанд, аз ҳоли Фурқат Қосимов, хоҳарзодаи Сурайё Қосимова, хабар бигиранд. Фурқат ба ҷурми узвият дар ҳизби мамнӯи “Таҳрир” зиндонӣ будааст.

“Тибқи қоидаҳои дохилӣ Фарзона, ки қаблан зиндонӣ буд, наметавонист вориди маҳбас шавад. Даромадани Шабнам тибқи қонунгузорӣ дуруст аст, аммо маълум нест, Фарзона бо мусоидати кӣ вориди зиндон шудааст”,-афзуд манбаъ. Мусоҳиби мо илова кард, ҳарчанд ин хабаргирии Фарзонаи Хуршеду Шабнами Сурайё баҳсбарангез буд, аммо касе барои ворид шудани, ба гуфтаи ӯ, ғайриқонунии Фарзона ба зиндон муҷозот нашудааст. "Баъд аз панҷ дақиқаи ин ҳодиса шахсан Иззатулло Шарифов, муовини вазири адлия, аз ҳодиса бохабар шуда омад ва онҳоро аз зиндон берун кард",-илова кард манбаъ.

Фарзонаи Хуршед, духтари Сурайё Қосимова ва хоҳари Шабнами Сурайё, моҳи феврали соли 2010 ба ҷурми мусоидат дар фирори дӯстписараш - Фаррух Рӯзиев ба ду соли зиндон маҳкум шуда буд. Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт ӯро бар асоси моддаҳои 36 (қисми 5), 365 (қисми 1)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор донист.

Баъди аз маҳбас раҳо шудан Фарзона ба сифати меҳмон дар озмуни "Big Apple Awards"-и Амрико ҳунарнамоӣ ва ҳамроҳи хоҳараш Шабнам таронаи “Баро-баро”-ро иҷро кард. Дар соли 2012 Фарзона, Шабнам ва модарашон Сурайё барномаи бузурги консертиеро бо номи “Баъди борон” низ баргузор намуданд.

Нахустин қадамҳои Фарзонаи Хуршед рӯйи саҳнаи шоу-бизнес соли 2000 гузошта шудааст. “Ёр, биё, ёр”, “Модар”, “Гардаме”, “Дарди ниҳон”, “Ёрумо”, “Ҷӯраҷон”, “Эй ошиқон” ва “Чашмхумор” аз маъруфтарин таронаҳои ӯ то замони пушти панҷара рафтанаш ҳастанд. Дар ин миён чанд таронаи хонандаҳои эронӣ, бо шумули хонум Гугуш "Оҳуи ишқ" ва Комрону Ҳумон "Маро бубахш"-ро, низ бозхонӣ кардааст.
Мӯҳр
..........
Ин хар ду дуздони сахна хастанд

Душанбеги
Анаю мана! Ба худуди махбасхона бемалол даромада мешудааст-ку?

Сорбон
Баъд айби Фарзона дар чист, уро касе ки вориди махбасхона кардаст хамун айюор аст. Фарзона ку хукукшинос нест ва намедонад ки даромадан мумкин хаст ё... аз кучо медонад ки даромадан мумкин нест. Инчо кормадони хифзи хукук эхтимол пора гирифта уро ба даромадан ичозат доданд, касе ки ичозат додаст хамун айбдор буда метонад. Мувофики Конуни ЧТ дар холе ки шахси ичозат надошта вориди махбасхона мешавад, инчо худи шахси даромад айбдор нест. Аммо агар у зуран ё бо рохи дигар яъне чиноят карда даромада бошад дар ин холат айбдор буда метонад. Инчо кормандони хифзи хукук пора гирифтиян да....
Одамхо барои пул шуда чи корхое намекунанд.

Фанат
А бача, биен хамин Фарзонара тема накнен дига. Бигузор дар сахнаи точик чилва куна.

DJ-X
"Фарзона ҳамроҳи хоҳараш -- Шабнами Сурайё"-НЕ! Шабнам АПАИ Фарзона мешавад. Хохишмандем ислох кунед!

сино
Бояд хардуяшро дар зиндон махкам мекарданд.

1
Наздикони З.Саидро намегузоранд то аз у дидорбини намоянд, вале барои Шабнаму Фарзона касе
монеъа эчод намекунад. Зери коса тагора аст.

Ин ду фархангу миллати точикро дар замин задаанд бо формахои лучи худ.

руза
э Фанат бесавод набош дар фарханги забони точик "апа" гуфтани калима нест апа хохар як гап мешавад ХОХАР ок хондан даркорр

Фарзона
Озодагон, чаро шумо гаразона менависед. Масалан "маъруфтарин таронаҳои ӯ то замони пушти панҷара рафтанаш" ин тахкир аст. Шумо хамчун журналист бояд шахси бетараф бошед. Аз ин суханхоятон бармеояд, ки нисбати ин нафарон гараз доред. Ман пуштигири онхо нестам танхо кори номатлуби журналистро гуфтаниям

Найнавоз
Оре онхо дуздони сахна астанд.Хеч гох ба истеъдои Манижа баробари карда наметавонанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)