Бахшҳо

Комил баъди бозгашт аз Сурия: “Мегуфтанд, мепаронӣ, ҷиҳод мекунӣ, шаҳид мешавӣ!”

Комил Шукуров, як сокини ҷавони ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, шоми 4 июл дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон пайдо шуда, эълон кард, баъди бозгашт аз Сурия худро ба мақомоти кишвар таслим намудааст.

Шукуров дар ин барнома, ки дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ омода кардааст, гуфт, ӯро аввал барои таҳсил ба Сурия бурда, баъдан барои иштирок дар ҷангҳои ин кишвар ташвиқ кардаанд. Ин сокини ҷавони Спитамен дар суҳбатҳои худ аз Сайфиддин Файзуллоев ном гирифт, ки гӯиё ӯро ба Сурия бурдааст.

“Дар тӯли 4 рӯз дар Сурия будам. Мақсади онҳо тамоман дигар будааст. Ҳадафашон барпо кардани хилофат аст. Онҳо мегуфтанд, мепаронӣ, шаҳид мешавӣ, ҷиҳод мекунӣ, мекушӣ. Назди Худо савобаш баланд. Шароити ҷои зистамон хуб набуд, дар як ҳуҷра 20-30 нафар будем”,-нақл кард Комил Шукуров дар барномаи телевизионӣ.

Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ин барнома гуфтанд, “пешвоёни иттиҳод бо ғояҳои зиддиҳукуматӣ ва ташкили хилофат Комил Шукуровро ба худ моил карданӣ будаанд, вале Шукуров барои ислоҳи хатоии худ бо пешниҳоди аризаи пушаймонӣ ихтиёран ба Ватан баргашт, ки ин ба манфиати ӯ хоҳад буд. Зеро дар банди 187-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон омадааст, шахсе, ки ихтиёран оид ба иштирокаш дар иттиҳодияи ҷиноӣ ба мақомот иттилоъ дода, барои пешгирии фаъолияти он мусоидат мекунад ва агар дар кирдори ӯ таркиби ҷиноятии дигар набошад, аз ҷавобгарӣ озод карда мешавад”.

Ҷанги шаҳрвандии Сурия аз баҳори соли 2011 ба ин сӯ идома дорад. Ин нооромӣ дар пайи эътирози бархе аз сокинони ин кишвар алайҳи ҳукумати Башшор Асад, ки аз соли 2000 инҷониб қудратро дар даст дорад, ба миён омад. Баъдан нооромиҳо ба задухӯрди мусаллаҳона миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифон табдил ёфта, то имрӯз садҳо нафар аз мардуми осоишта дар ин ҷанг ба ҳалокат расидаанд.

Қазияи ҳузур ва иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар нооромиҳои дохилии Сурия ба як масъалаи баҳсбарангез ва нигаронкунанда табдил ёфтааст. Дар охирҳои соли гузашта Сергей Смирнов, муовини аввали раиси ФСБ-и Русия, гуфта буд, мушкили кирояи ҷангҷӯён дар тамоми кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла Тоҷикистон ҷой дорад. Ба гуфтаи ӯ, аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Чин, Қазоқистону Узбакистон низ ҷангҷӯёни кироя алайҳи ҳукумати Сурия меҷанганд.

Аз сӯи дигар, Аҳмад Бадриддин Ҳассун, муфтии аъзами Сурия гуфта буд, теъдоди тоҷикон, ки дар ин кишвар алайҳи ҳукумат меҷанганд, 190 нафар арзёбӣ мешавад. Моҳи декабри соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон барои аввалин бор се ҷавони тоҷикро ба иттиҳоми иштирок дар муборизаҳо алайҳи ҳукумати Башшор Асад дар Сурия ба муҳлати ду солӣ маҳкум ба зиндон кард.

Баъдан, моҳи апрели соли ҷорӣ хабар дода шуд, ки Масрур Иброҳимов, сокини ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, аз сӯи нерӯҳои давлати Сурия дар яке аз навоҳии ин кишвар кушта шудааст. Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар доданд, Иброҳимов 22 марти соли ҷорӣ ҳангоми набардҳои мусаллаҳона алайҳи ҳукумати Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, ҷон бохтааст.

Масъулини ВКД мегӯянд, ин сокини ноҳияи Исфара моҳи декабри соли гузашта Тоҷикистонро ба нияти Русия тарк мекунаду баъдан бо даъвати хоҳараш, ки ба яке аз сокинони Сурия ба шавҳар баромадааст, озими ин кишвар мешавад. Маъмурини Вазорати умури дохилии кишвар, ки зимни барномаи телевизионии “Сипар” дар ин бора хабар медоданд, инчунин, аз иштироки дигари як сокини 27-солаи Исфара дар ҷангҳои Сурия алайҳи ҳукумати Башор иттилоъ доданд. Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ӯ Илҳом Ҳакимов ном бурда шуд, ҳамроҳи зану фарзандаш ҳоло дар Сурия ба сар мебарад.

Дар барномаи “Сипар” ду бародари Илҳом Ҳакимов – Нуриддин ва Қаюм низ ин хабарро таъйид карда, иқрор шуданд, ки онҳо барои инқоли зану фарзанди бародарашон ба ӯ кумак кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, оилаи Ҳакимов тавассути қаламрави Русия ва Туркия вориди Сурия шудаанд.
Мӯҳр
baroi 4i kasoneki dar ukraina mejangand onhoro hechiz nameguyand onhoro namebinand in hukumatdoro kurand magar? okhir onho az tarafi padarash putin mejangand agar hazorho tojik murad dar ukraina dahon namekushoyand yakaski suriya raft darrav dar televizor nishon medihand

Ал- Самарканди
Ин Муллохо бо чараёнхои фалшивнишон САЛАФИ, АНСОРИ,ЧАВИ, ЧУКРИИ ТАГИ САНГИ ва ИДУЛИ чомеаи Исломиро ба давраи ЧОХИЛИЯТИ асри 7 мелоди тела карда бурдесан. Ислом бояд дар катори дигар динхо бояд рушд кунад, ва дар охир бартарии худро нисбати дигар динхо дар хама чамбахо нишон дихад. Ана ин аст рисолати ИСЛОМ. Дар никоби Чиход миллати худро нобуд карда истодаед.

Антитеррор
Эх руи хамин арабхои биёбоният сиёх бод.Исломрову Шаркро беобуру карданд-чохилони бесавод.Бо куштани одам ки чанат меравад.Аблахи нодон!

махмадулло
аз руи як кас хамаро сиёх накунед .... муллохо ....андоза нигох дор ки андоза накуст хам лоики душманасту хам лоики дуст

[Масалаи вазмин ин. Аз як тараф дар сураи Бакара гуфта шудааст ки кофарро бикуш. Аз тарафи дтгар одаме ки калимаи шаходат мегуяд ое кофир хаст? Ба фикри ман ин ешора хамашро иреб доза истодаанд. Хамаи ин ерон куклаи амрикоие мебошанд. Боя Халифати Исломи одамони баъмарифату илмдор организовать кунанд. И бисери инхо бе маърифатанд бе хунаранд акат несту куштана медонанд. Вакте ки чечняро урусхо 3 сол ба додан Дасти вахобие вахобиен натонистанд сатхи зиндагиро бардоштан. Аз нотавонияшон чанг ба догистон дохта аз шармандаги гурехтан

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)