Бахшҳо
07 июл 2014 13:06---

Нуриддин Саидов: “Қаср надорам. Як манзили дуҳуҷраӣ дораму бас”

Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, ҳамон тавре ки дигарон фикр мекунанд, ӯ қасру кӯшк надорад, балки ҳамроҳи хонаводааш дар як манзили дуҳуҷраӣ дар пойтахт зиндагӣ мекунад. “Дар як ҳуҷра ману ҳамсарам ва дар дигареаш духтаронам ба сар мебарем”,-афзуд ӯ.

Ин ҳарфҳои вазири маориф ва илм дар ҳолест, ки дар нимаи дувуми моҳи июн Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи ҳукумати кишвар натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ дар панҷ моҳи соли 2014-ро ба баррасӣ гирифта, изҳор дошта буд, вазъи феълӣ дар кишвар ӯро қонеъ карда наметавонад. Ӯ бо зикри баъзе равандҳои манфӣ дар 5 моҳи соли 2014 аз сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон ва шаҳрвандони кишвар хост, бунёди қасру хонаҳои боҳашаматро қатъ намуда, бештар барои ташаккули сармояи истеҳсолӣ, воридоти технологияи нав ва дар ин замина ва ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намоянд.

Нуриддин Саидов: “Қаср надорам. Як манзили дуҳуҷраӣ дораму бас”Ҷаноби Саидов гуфт, ҳатто ӯ соҳиби мошини шахсӣ нест, балки ба кор тавассути мошини хидматӣ, ки аз тарафи ҳукумат дода шудаасту тамғаашро ҳам намедонад, рафта меояд. Дар идома вазири маориф ва илм дар бораи фарзандони худ низ суҳбат кард. Ӯ гуфт, духтари калонияш факулати ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллиро ғоибона хатм карда, додраси Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе будааст. “Писари калониам ҳоло дар Донишгоҳи давлатии лингвистикаи шаҳри Маскав рисолаи докторӣ ҳимоя мекунад. Ин писарам чор фарзанду як манзили сеҳуҷраӣ дорад”,-афзуд вазир.

Нуриддин Саидов мегӯяд, писари дигараш - Фаридун дар Минск таҳсил дорад ва соли оянда донишгоҳро бо ихтисоси “хирург-травмотолог” хатм хоҳад кард. “Як духтари дигарам нуқси забонӣ дорад ва ҳоло тарроҳи мӯю либос мебошад”,-гуфт ӯ. Бар асоси иттилои вазири маориф ва илм, духтари хурдиаш дар Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе таҳсил мекардааст. “Оилаам дар мактаби рақами 88 ба ҳайси муаллима кор мекунад”,-таъкид дошт Нуриддин Саидов.

Нуриддин Саидов аз моҳи январи соли 2012 вазири маорифи Тоҷикистон аст. Ӯ соли 1956 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омада, соли 1983 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро хатм кардааст. Ҳоло доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон мебошад. Ӯ то омаданаш ба Вазорати маориф чаҳор сол раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бар уҳда дошт.


PS: “Озодагон” тасмим гирифтааст, дар ҷараёни нишастҳои хабарии масъулони вазорату кумитаҳо ва идораҳои давлатии Тоҷикистон аз онҳо дар бораи дороӣ ва фарзандонашон бипурсад. Иттилои бадастомада дар торнамо нашр мешавад.
Мӯҳр
Sardir
Гапа росташ дуруги осмони мегуфтааст вазири маориф!!! Тамоми кормандони вазорат медонанд ки чи хел пул доред е надоред!!! Хатто маблагхои бучети тавассути фирмахои сохтмониатон дар корхои сохтмони чалб шудаанд!!! Ин гардани баланда тон чаноби вазир шукронаи Хамин давлату хукумат гуед ки аз хисоби Хамин манса батон хаст! Хеле пул доред корам ба микдораш нест вале но шукри накунед!!! Дуруггуйи хам но шукри хаст !!!!!!))))) худованд окибат ба хайрамон гардонад

Донишчу
Устод Нуриддин Саидов. Шахси бо илму фарханг, хоксор ва пур мартаба хастанд. Ахсан бар он кас!

Нурато
Мегуянд,ки дар Кургонтеппа бинои серошёнаи дакаданги магоза доред.Оё ин овоза низ дуруг ми чаноби вазир?

доктори аз хисоби кучо рафт. магар дигар шахсон нестанд? такси меронд, холо докторант. хандаовар

Джин
Ана чавоб ,ба Сафорати Амрико! Вазири маорифи мо хаёти хоксорона дорад. Вазири Маорифи Амрико чи ? Please?

нимчааспирант
Иктибос аз вазир “Писари калониам ҳоло дар Донишгоҳи давлатии лингвистикаи шаҳри Маскав рисолаи докторӣ ҳимоя мекунад. Ин писарам чор фарзанду як манзили сеҳуҷраӣ дорад” - фарз кардем ки ин писари вазир 36-37 сола мебошаду сохиби чор фарзанду як хонахаки сехучраги дорад бар замми ин докторант. О ин мардаки хуб агар 36-37 сола бошад аз Бобокалонаш мерос гирифта хонаро харид ми? Магар ун сехучрагиро вазири мухтарам нахаридааст ми????
фикр мекунанд ки хама чаласавод

Як та нимта хам мансабдори камбагал хам будаст де?Ин хел бошад канша занад чаноби вазир.

r
"духтари хурдиаш дар Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе таҳсил мекардааст"

вообще то учеба в данной школе стоит 5000 долларов в год ))))

кӯчактарин таҳсил дар хориҷи кишвар маблағи ҳангуфтро талаб мекунад. Таҳсил дар Мактаби байналмилалии Прнезидентӣ солона чор ҳазор (4000) доллари амрикойист.
Шарт нест, ки манзили истиқоматӣ дар номи шахси мансабдор бошад. Дар номи дигар кас буданаш ҳам мумкин аст. Инчунин бизнес.
Ва, дар охир: аксари (шояд ҳамаи) мансабдорони Тоҷикистон дар Русия "ФУРӮДГОҲИ ЭҲТИЁТӢ" (Запасной аэродром!) доранд. Кишвари рус барои мансабдорони аз таги дор гурехта ( аз тамоми дунё) ба як ҷазира табдил шудааст. Русҳо аз ин бахубӣ хабар доранд ва ҳамин аст, ки дар аксари маворид роҳбарони Тоҷикистонро мавриди шантаж қарор медиҳанд.

Шахрванд
Нуриддин Саидов одамонро беакл медонад магар, мегуяд , ки як манзили ду хучраги дораду халос. Писараш дар Минск тахсил дорад. Мо медонем, ки хозир хондан махсусан дар дигар давлатхо пулаки мебошад, ба замми ин хурду хурок ва чойи истикомат арзон нест. Хамаи ин маблаги калонро талаб мекунад. Хеч набошад барои ин писараш 7-8 хазор доллар камаш дар як сол (агар зиёд набошад) харочот мешавад. Боз Нуриддин Саидов мегуяд, ки духтари хурдиам дар мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе таҳсил мекунад. Оё медонед ки як мохи тахсил дар мактаби байналмилали чан сум аст?. 10 сол пеш як мохаш 500 доллари ИМА буд, хозир мумкин 1000 доллар бошад. Чамъи харочоти хониши писару духтари хурдиаш 17-18 хазор доллар мешавад. Нуриддин Саидов мумкин дар як мох 2000 сомони ё 400 доллар маош гирад. Занаш хамчун муаллима 1000 сомони мегирад ё не? Пас у аз кучо 17-18 хазор доллар танхо барои хондани ду фарзандаш меёбад. МУАМО?

Мерганкул
Ана фикр кунед,ки корманди прокуратура,милиса,амнияти точик хамааш шуда,200 доллар маош мегирад,бо ин маблаги ночиз у 15 руз оилаашро низ сер карда наметавонад.Мана бадбахтии миллат дар кучост.

Маъруф
БМВ Х-6 азони писаратона фаромуш кардет ку!

гулаг
Кадом мансабдори точик рост гуфта буд, ки инаш гуяд. Хамааш дуруг. Ингуна мансаьдоронро Сталин намерасад.

хай дига чи мехохи ин фарзандат дар минс дигараш дар маскав дигараш пракрор дигараш дар мактаби байналмилали мехонад магар ин хама кам аст ку ягон писари камбагал дар ончохо хонад

кулоби бача
Рост мега хами мардак касру кибла надорад аз вазифа ки озод шуд бад соз мекунад пулаш тайор мондаги хаст. Шумо хайол накунед ки ин мисли дигархо хому бесавод хаст.

Эзоҳ илова кунед
Маълумот
Возможность комментирования данной публикации было отключено.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)