Бахшҳо
07 июл 2014 15:43Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Дастгир шудани се додрас (судя) ва нигаронии раиси Шӯрои адлия

Зафар Азизов, раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон, аз боздошти се додрас (судя) ба иттиҳоми порагирӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ хабар дода, гуфт, то ҳол ду нафари онҳо маҳкум шудаанд. Оқои Азизов, ки дар нишасти хабарии 7 июл дар Душанбе суҳбат мекард, даст ба фасоди молӣ задани додрасҳоро амали нанговар донист.

“Ин масъаларо мунтазам мавриди таҳлил қарор дода, пайваста таъкидҳо низ мекунем”,-баён дошт ӯ. Раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон дар идома афзуд, “агар даст ба коррупсия занем, ояндаи кишварро чӣ интизор аст? Давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон замоне дар вазъи ҳозираи Тоҷикистон қарор доштанд. Он замон додрасҳои ин давлатҳо 50 доллар маош мегирифтанд, вале баробари тараққиёти иқтисодиёташон ҳоло музди маошашон ба 14 ҳазор доллар расидааст. Аз ҳамин лиҳоз, бояд судяҳои мо ба шароити имрӯзаи Тоҷикистон нигоҳ карда, фаъолият намоянд. Кам будани музди меҳнат ба ҳеҷ кас ҳуқуқ надодааст, ки даст ба ҷиноят занад.”

Оқои Азизов дар ин суҳбаташ рақами мушаххасеро дар бораи маоши додрасҳо ба забон наовард, вале гуфт, моҳонаи онҳо дар муқоиса ба маоши кормандони тиб ва маориф зиёд аст.

Ӯ дар ин нишасти хабарӣ аз афзоиши ҳукмҳои сафед дар кишвар низ хабар дода, гуфт, дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба 14 нафар ҳукми сафед содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон илова кард, “зиёд шудани ҳукмҳои сафед аз адолатпарварии додрасҳои кишвар дарак медиҳад”.
Мӯҳр
ТОЧИКИСТОНИ ОЗОД
“зиёд шудани ҳукмҳои сафед аз адолатпарварии додрасҳои кишвар дарак медиҳад”Худоё наход рузе нарасад, ки мани нимсиёхшуда пурра САФЕД шавам. Ман солхои дароз аст, ки инро интизорам.

99
50 доллар маош фақат ва фақат дар Тоҷикистони аҷоибу ғароиб ҳаст, на дар ягон гӯшаи дунё, на дар ягон замон!!!
Ин дурӯғро ба касе гӯй, ки "туро нашносад"!!!
Вале, бо ин тарзи кор, додситону давлатдорону ва дигар масъулони моро агар маошашаонро 100 000 доллар кунӣ ҳам, пора мегиранд, ки мегиранд!!! О, чунки ин одат шуд ва ба система даромад!
Одамонро бояд иваз кард, одамонро!!! Яъне тафаккури мардумро бояд иваз кард!!! Барои ин аз президенти муҳтарам сар карда, роҳбарияти босалоҳият лозим аст, ки ин корро карда тавонад!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)