Бахшҳо
07 июл 2014 19:45Тоҷикистон / Сиёсат

Рақиби Абдуллоҳ Абдуллоҳро пешсафи интихобот эълон карданд

Бино бар иттилои Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон, Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо 56,44 дарсади раъй пешсафи даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳурист. Ин ниҳод эълон карда, Абдуллоҳ Абдуллоҳ 43,56 фисади овозҳоро соҳиб шудааст. Гуфтанист, ин ҳанӯз натиҷаҳои аввалияи интихоботи президентии 14 июн аст.

Ин дар ҳолест, ки аз ин пеш хабар расида буд, тимҳои интихоботии ду номзад дар мавриди бозшумории ҳазорҳо маҳали раъйдиҳӣ ба мувофиқа расидаанд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо изҳори ин ки дар раванди шумориши оро ба манфиати рақибаш тақаллуби густурда сурат гирифтааст, эътироз карда буд. Ӯ гуфт, то орои “пок” аз “нопок” ҷудо нашавад, натиҷаҳои интихоботро қабул надорад.

Тими ҷаноби Абдуллоҳ 22 июн дар пайи як нишасти хабарӣ қисмате аз суҳбати телефонии Зиёулҳаққ Амрихел, раиси дастгоҳи иҷроияи Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистонро пахш карда, гуфта буд, дар ин тамоси телефониаш бо бархе аз аъзои тими Ашрафғанӣ Аҳмадзай суҳбат мекунад.

Зиёулҳаққ Амрихел дар пайи пофишории зиёди ҳаводорони доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва тими интихоботии ӯ аз мақомаш канор рафта, гуфт, гӯиё ин иқдомро ба хотири манофеи миллии кишвараш гирифтааст. Каме баъдтар расонаҳои хабарии афғонӣ иттилоъ доданд, ки оқои Амрихел ҳамроҳ бо хонаводааш ин кишварро ба қасди Имороти Муттаҳидаи Араб тарк кардааст. Як манбаъ аз Комиссияи интихоботи ин кишвар бидуни бурдани номаш дар суҳбат бо "Тулуъ Нюз" гуфтааст, Зиёулҳақ Амрихел ҳамроҳи хонаводааш озими Лондон шудааст.
Мӯҳр
Панчшери
Дар даври аавал, ки Доктор Абдулло ба гирифтани 43% райи пируз шуда буд, ё ки медонад аз 50% зиёд буд.Дар пустини тамоми Паштунистон ва Покистону Узбакистон ГУНДАЛ даромада буд.Ин бадхохони миллати Точик, хатто ба точики дурагаи худашон дар якчояги НАГЛЫЙ ОБРАЗОМ корашона карданд.Акли кадом инсон натичаи даври дуюми интихоботро кабул дорад, дар сурате, ки даври 1-ум 44% ва 2-ум 43,58 ба фоидаи Абдулло ва даври 1-уми Ашраф 32% даври 2-юм 56,44%.Ин кадар овоз аз кучо овардаанд. Шояд ТОЛИБОНИ ПОКИСТОНУ АФГОНИСТОН ва ИДУ-и УЗБАКИСТОН хам ширкат варзида бошанд.

Точвар
Дуруги махз аст,шумори паштунхо аз даризабонхо хело камтар аст,паштунхо боз фирбро пешакардаанд.Акнун дар Афгонистон чанг боз доман пахн хохад кард.Такалубкори натичаи кори душмани сарсахти точик дар минтака,кори давлати ба таври сунъисохт ташкилкардаи Покистон ва хамтоёни ичирики онхо янкихост!Па пеш эътилофи шимол то галаба бар паштунхо ва нопокхои покистони!

душанбегӣ
бояд дастандаркорони ин фитна як чизро дарк намоянд, ки бо ин роҳ онҳо хиёнат ба раъйи мардуми Афғонистон карданд, амоман беинсофӣ ва ифроти хеле дағал. Охирин умеди мардум ба як интихоботи шаффоф ва мардумсолор ба фано рафта истодааст. Доктор Абдулло як номзади хеле хуби шоиста буд ва воқеан метавонист Афғонистони ҷадидро бо командлаи худ бисозад.

аҳмадчон
инҳама кори дасти душманҳо аст куваҳои аҷнаби баъди муҳлате аз хоки авгонистон бароварда мешавад боз дар ин хоки афгон чанги кавми сар мезанад паштунҳо бо дариҳо ин накшаи душман аст

"Пештози"-и Ашрафгани кори Карзайу доирахои сиёсии у ва хоинони миллати афгон аст. Чи тур мешуда будаст, ки доктор Абдуллох дар даври аввал бо анкариб 45 дарсади раъйи мардум пештоз буду дар даври дуввум наздик ба 44 дарсади овозхо. Нишонаи баланди такаллуб дар ин сохтакорихо нухуфтааст...
Карзай, ки бо рохи такаллуб руйи кудрат буд бо дасиса бо фитна бо хиллаву найранг бо бетаваччухи ба мардуми афгон ин мардуми чафопешаро ба фигон оварда. кудратро мехохад ба чун худаш маккору мунофик вогузор кунад. Сад вой ба чунинрусиёихо!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)