Бахшҳо
08 июл 2014 09:56Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Оқохони IV бо харҷи 62 миллион $ дар Хоруғ ДОМ месозад

Намояндагони Бунёди Оқохон дар мулоқот бо Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон изҳор доштаанд, ки то солҳои 2017-2018 сохтмони Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ (ДОМ) дар Хоруғ ба анҷом мерасад.

Тибқи иттилои сомонаи “Импулс” зимни мулоқот, ки дар ҳузури намояндаи доимии созмони Оқохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Акбар Алӣ Песнанӣ, Шамш Кассим Лакха - раиси шӯрои муассисони донишгоҳ, директори генералии ДОМ, Богдан Кравченко ва директори сохтмон ва ишоотҳо Грант Робертсон баргузор шудааст, таъкид гардидааст, ки то охири соли равон барои корҳои сохтмонӣ наздики 25 миллион сомонӣ ҷудо хоҳад шуд.

Ба гуфтаи директори генеарлии ДОМ Богадан Кравченко донишгоҳ нақша дорад, ки моҳи сентябри соли 2014 ба сохтмони аввалин кампус оғоз кунад ва ният дорад, ки дар соли 2017-2018 дарҳои худро барои донишҷуён боз намояд: “Мо ба давраи басо асос дохил гардидем ва барои ба пеш ҳаракат намудан ба кӯмаки ҳукумати Тоҷикистон ниёз дорем.”

Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ дар асоси созишнома, ки аз ҷониби Оқохони IV ва сарони кишварҳои Тоҷикистон, Қирғистон ва Қазоқистон имзо шудааст, бунёд гардида, интизор меравад, аз калонтарин муассисаҳои таълимии минтақа хоҳад буд.
Мӯҳр
БАРОИ ДАСТГИРИ ХАМАТРАФАИ ТОЧИКИСТОН АЗ ОН ЧУМЛА БАДАХШОН АЗ ТАРАФИ ВОЛОХАЗРАТ БА ВОЛОХАЗРАТИ БУЗУРГВОР МИНАТДОРИИ ХУДРО АЗ САМИМИ ДИЛ БАЁН МЕНАМОЕМ

Grigorian
хонанда аз душанбе,
волохазраташ ки? Огохони 4? чаро волохазрат?

Китобхон
Исломе, ки Окохон муаррифи мекунад ободкори, дастгирии бенавоёну дармондагон, омухтану гирд овардани дониш, хамзистии мусолихатомез бо тамоми адёну мазохиб, тахаммулпазири ва хайру сахо аст. Афсус мо хануз дар банди халли масолиле назири дарозии риш, бузургии саллаву дастор, ранги челак, нишаста ва ё истода хурдани об аз назари фикх андармонем. Эй вой бар мо, сад вой бар мо!

Абуфаттох
Барои он дустам волохазрат мегуянд,ки дар дарбори Шохони Аврупо ва чахон ин ибораро нисбати ин хонадони ахлу байти пайгамбар хамин гуна пазируфтаанд.Хам маликаи Англия ва хам шохони Испания ва Португалияву дигар сулолахои асилзодагони шохи чунин кабул кардаанд.Нашавад,ки бо онхо чанчол кунем.

Посух ба Grigorian
Волохазрат ё ки His Highness (Eго Высочество) ин унвон, аст, аз тарафи маликаи Англия (Елизавета 2) ба Огохони 4 дода шудааст. Ин барои хурмат ё реклама нест! Китоб хондан даркор!!

.
safar,

Ба як саволи ман чавоб дихед: оё Огохон намоз мегузорад, руза мегирад, хачч кардааст? Ба фикри ман хамин шахс умуман диндор нест. Занаш фотомодель, худаш сирф аврупои.

ман ба ин сафари бесавод гуфтаниям пеш аз номи Огохон навиштан дасту рута тоза кун баъд номи уро ба забон гир дуюм хамин ки агар вай диндор намебуд уро дар олами ислом барумантарн шахси ис лом дохил намекарданд

эй, ки номатро наменависи. доир ба асилзодагон чунин беэхтиеткорона сухан нагу.асилзода аз авлодони пайгамбарамон аст ва ое намоз мегузорад е на хар кас барои худ мекунад барои ободонии он дунеаш.

.
малика,

Аз авлоди пайгамбар будан е набудан ягон имтиез надорад. Хама мусулмон баробар аст. Дар мо хам хастанд самозванецхое, ки худро эшон эълон карда аз авлоди пайгамбар мешуморанд.

.
барои сафри бесавод,

Ки ба ту гуфт, ки у барумандтарин шахс дар олами ислом аст? Спецлужбаи Англия гуфт?

Позднер-ХОН
Дар Хоруг кушодани Донишгохи байналмилали аз тарафи ОГОХОНИ 4 бисёр як пешравии хуб аст. Аммо,вале, лекинаш ояндаба бисёр мешавад. Мардуми Точики камбагал хурсандии пешаки накунед, вай барои Шумо камбагалон нест.Ретораш аз Шугнон намебонанд. Шурои Олимонаш дар хиёбони Скотлен-Ярди Англия мебошад.

Эй мардуми точик. Бо мардум бадахшоон бахс накунед бефоида аст. Барои он, ки дар вакти гуруснаги дастгири инхо ОГОХОНИии 4 ё 5 буд. Барои хамин ин мардум хеле сахт бовари доранд

Рамазон
Ар чизе ки набошад барои Точикистон чандин миллионхо доллар барои ривочу равнаки инфраструктураи Душанбе Гарм, Чиргатол, Кулоб Шуробод ва дигар регионхо. Вилояти Бадахшон тамоми ахли мазабдору бемазхабро дар солхо чаг хуронд, пушонд, ГЭС-хоро сохт тамоми Бадахшон аз авали сохои 2000 ба свет эхтиёч надорад хазорхо проектхои хурду калон маблаггузори кард, ки аксарият ба коми дуздхову беимонхо шуданд. То имруз чандин хазор одам аз хисоби ташкилоташ ободихо дар Точикистон карда истодааст

худотарс
Аз ахли сунниёнам ва хушдор мекунам! Эй мардум дар хакки Хозир Имом Огохон Шохкарим ал-Хусайни чизе бад нагуед,ки дер ё зуд чафо хохед дид ва баъд пушаймон мешавед. Мо инро санчидем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)