Бахшҳо

Андуҳи Эмомалӣ Раҳмон аз даргузашти Эдуард Шеварднадзе

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз даргузашти Эдуард Шеварднадзе -- раиси ҷумҳури пешини Гурҷистон ва вазири умури хориҷии Иттиҳоди Шӯравии собиқ андуҳгин шудааст. Ҷаноби Раҳмон шоми 7 июл бо ирсоли паёми тасаллият ба Георгий Маргвелашвили -- раиси ҷумҳури кунунии Гурҷистон гуфтааст, “хоҳишмандам, ҳамдардии самимии маро ба мардуми Гурҷистон ва наздикону пайвандони марҳум бирасонед”.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар номаи тасаллияти худ, инчунин, афзудааст, “ҳарчанд таърих чандин пурпечутобҳои зиндагиро пеш оварда бошад ҳам, Эдуард Шеварднадзе дар он ҳамчун як чеҳраи барҷаста, арбоби сиёсии муосири ҳамон давра боқӣ мемонад. Хизматҳои марҳум аз ҷониби халқи Гурҷистон қадр гардидаанд, зеро ӯ дар ин кишвар замоне роҳбарӣ мекард, ки дар он давра марҳилаи хеле вазнин буд.”

Эдуард Шеварднадзе рӯзи 7 июл дар шаҳри Тбилисӣ, пойтахти Гурҷистон, дар синни 86-солагӣ вафот кардааст. Ӯ аз соли 1983 то 1990 курсии вазири умури хориҷии Иттиҳоди Шӯравиро дар ихтиёр дошт. Баъдан, моҳи марти соли 1992, дар пайи табадуллоти давлатӣ ва суқути ҳукумати Звиад Гамсахурдия, раиси ҷумҳури фирории Гурҷистон, раиси Шӯрои давлатӣ таъйин шуда, дар интихоботи парлумонии моҳи октябри ҳамон сол раҳбари давлат ва раиси парлумони ин кишвар таъйин гардид.

Эдуард Шеварднадзе 5 ноябри соли 1995 бо ба даст овардани аксари оро (овоз) дар интихоботи президентии Гурҷистон раиси ҷумҳури ин кишвар баргузида шуда, дар интихоботи 9 апрели соли 2000 низ дастболо гардид. Моҳи ноябри соли 2003 Михаил Саакашвилӣ, ҳуқуқшинос ва сиёсатмадори 35-сола ҳизби ҳокими кишварашро дар тақаллубкорӣ муттаҳам карда, дар рӯ ба рӯи бинои Маҷлиси қонунгузорӣ тазоҳурот баргузор кард ва истеъфои Эдуард Шеварднадзеро талаб намуд. Баъди як рӯзи ин ҳодиса Шеварднадзе пас аз мулоқот бо фиристодаи Русия Игор Иванов ба истеъфо рафт.
Мӯҳр
Sasha
чида зик мешида боша ?
(Худо рахматаш кунад)

Э. Шеварднадзе беҳтарин зиндагиро дидааст. 86 сол умр на ба ҳар кас насиб мегардад. Ғайр аз ин, мамлакати Гурҷистон дар дасти мардони далер ва мағрур аст. Онҳо ба қадри соҳибистиқлолӣ мерасанд. Ғуломсифат нестанд. Шеварднадзе оромона сафар кард. Сафараш ба хайр бод! Ба дунё омади, рӯзе ин дунёро падрӯд мегӯӣ. Чӣ шоҳ, чӣ гадо. Барои ҳеҷ кас истисно вуҷуд надорад. Паёмбарҳо рафтанд, чӣ бирасад ба ашхоси қаторӣ. Марг барои ҳама як аст. Шоҳону арбоби аркон ҳар қадар ин воқеиятро зудтар дарк кунанд, мамлакат ҳамон қадар озодтар ва ободтар мешвад.

Ин президент рахмати-шеварнадзера мешинохта боша? бврои чи андухгин шава?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)