Бахшҳо
08 июл 2014 11:38Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Кордзанӣ дар бозори "Корвон" ва ҷароҳати Саидҷону Далер

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 7 июл як гуруҳ аз ҷавонон дар ошёнаи дувуми бозори “Корвон”, ҳангоми савдои пойафзоли тобистона, ба фурӯшандагон дарафтодаанд.

Бар асоси иттилои ин ниҳод, “Меҳроҷ Раҳматуллоев (соли таваллудаш 1993) ва Одил Олиев (соли таваллудаш 1987), сокинони кӯчаи Бинокорони шаҳри Душанбе, аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, Саидҷон Охиров (соли таваллудаш 1992) ва рафиқаш Далер Қурбонов (соли таваллудаш 1994)-ро латту кӯб намуда, бо корди дар дасташон буда, ба қисмати рони пояшон зада ҷароҳати ҷисмонӣ расондаанд.”

Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Мӯҳр
Савдогар
Масъулони ВКД бояд бо рухониени кишвар хамкории зич барпо намоянд, то барои тарбия намудани насли наврас мусоидат кунанд. Махз хамкории сохторхои кудрати бо маориф ва рухониени кишвар натичаи самарабахш медихад. Хондан умуман дар насли наврас нест. Китобхои дарсиро базур мехонанд, кучо китоби бадеиву китобхона. Факат дар даст телефон, гапи бехуда хакорат, хаваси мошин ва гайра.. Пешгири кардани ходисахоро чидди кабул накунем, аз ин дида ходисахои нангинтар моро интизор аст. Худо панох дихад!

то чавонони мо ба масчид напайванданд одоб илм фарханг гирифта наметонанд. мисол хама абармардони мо ки ифтихор мекунем дастпарпарвари масчид мебошанд мисли сино, рудаки, бедил, умар хайом, тамоми чахон мешиносанд, аммо абармардони ифтихори моки аз масчид гурехтан факат точикистон мешиносаду халос ба мисли айни гафуров лоик ва хоказо...

хомид мадалиев,
Мухтарам хомид мадалиев хамин чавононе, ки авбоши ва кордазани мекунанд аксарияташонро дар рузхои чумъа дар масчидхо во мехурем ... Ин илочи кор нест

Рост гуфти, Beni_tj, кам нестанд чавонони масчидраве, ки баробари намоз хондан боз аз дахонашон калимахои кабех шунида мешавад, дар кучахои пойтахт ба духтарон гап партофта хакорату танбех медиханд, ва боз барои ваъдахои дуругона дар назди рафикону еру дустонашон дар миени гапашон хазору як маротиба калимаи Оллохро истифода мебаранд. Мушкилие, ки имруз мо дар гуфтор ва рафтори бадахлоконаи чавонон мебинем харгиз аз рафтан ва е нарафтани онхо ба масид нест, балки дар тарбияи дурусти онхо дар мухити оила ва мактаб мебошад ва баъдан масчид аст. Бигзор аввал падару модар ва мактаб масъулиятшинос бошанд ва баъдан намояндагони дини мухтарами мо хам албатта сахм дошта бошанд. Магар олуда намудани калимаи Оллох бо калимахои кучаги ва хакорат роиз аст ? Магар ба апаву хохарон дар куча лукма партофтан ва баъдан боз хакорат кардан дуруст аст ? Магар дар ин мохи шарифи Рамазон нарххоро бардоштан аз руи мусулмони аст ? - Ва агар ба он нафарони ба чунин кирдор даст мезада таваччух намоед, аксарияташон ба масчид мераванд ва аз худ мусулмони худотарсро метарошанд. Хулласи гап, дар Точикистон мусулмонони асил хеле ангуштшуморанд, шояд аз 98% танхо 15 ва 20 % аз руи гуфтахои Куръон кору рафтор намоянд.

Салм
хомид мадалиев,
Леки хандонди да! охир хамин кордзанхо хамааш масчидраванд. Оё ту медони, ки 90 фоизи савдогарони Корвон масчидаву такводоранд ва таачубовараш онки дар фасодию, дуруггуи, ифлоси ва вахшоният дар Точикистон бозори корвон дар 1ум чой меистад

Исо
Хамааш айби зардутштихо аст, ки чомеаи мусулмони моро нодида гирифта тахкир мекунанд, динни исломро сиёх мекунанд ва моро аз ислому масчид дур мекунанд бояд дарвозахои масчидхоро барои хама мардум кушоянд чи зану, чи мард! то чомеъа тарбияту одобро аз ислом омузад!

Ин сари масълала чидди омадан лозим, яъне шахсе, ки бо корд ба шахс зарари чисмони мерасонад, бояд ба мухлати 10 сол зиёд, ба хабс гирифта шавад. агар чунин кунан фикр мекунам, кордзанхо кам мешаванд. Онхо медонан, ки 1 пас дар амнистия меброян ва медонан ки доги судирохам бо як пули муаян метавонан, аз таърихи худ гум кунан. барои хами сари ин масъала бояд вакилони мухтарам чидди назар кунан.

949596
холо ахволи харду чавон хануз вазнин аст кордзанонро намедонам лекин Далеру Саид харду намоз хонанд. Ман умедворам ки онхо чазои хуб хоханд дид аз чониби Худованд ба Далеру Саид шифои комил хохонам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)