Бахшҳо
08 июл 2014 12:41Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Пойафзоли Абдураҳмон Қодирӣ, раиси Суғд, ба Шаҳбол Мирзоев (САДО)

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, ба Шаҳбол Мирзоев – сарбози маъюби нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон як пойафзол ё кафш ҳадя кардааст. Дар ин бора худи Қодирӣ дар нишасти матбуотии 8 июл дар Хуҷанд хабар дод ва гуфт, ҳадаф аз тақдими пойафзол ҳарчӣ тезтар сиҳҳат шудану ба хонаводаи худ баргаштани Шаҳбол аст.

САДОИ АБДУРАҲМОН ҚОДИРӢ

“Аз он ҳолате, ки дар шаҳри Маскав дошт, хеле беҳтар шудааст. Ба духтуроне, ки ӯро табобат кардаанд, миннатдорӣ намудам. Мо ҳамеша дар тамос ҳастем. Ҳатто ба ӯ як кафши нав тақдим кардам, ба умеди он ки Шаҳбол рӯзҳои наздик роҳ мегардад. Фаҳмо? Хавотир нашавед. Ҳамавақт мо инро зери назорат дорем. Ҳаракат мекунем, ки Шаҳбол бо пои худ роҳ гашта, ба Ашт равад”,-афзуд Абдураҳмон Қодирӣ.

Шаҳбол Мирзоеви 23-сола ин шабу рӯз дар шифохонаи физиотерапевтии шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, табобат мегирад. Ӯ сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд буда, ҳамагӣ 9 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафтааст. Шоми 6 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад.

Рӯзи 19 июни соли ҷорӣ додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми низомии 2620-и нерӯҳои марзбониро, дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор дониста, ӯро нуҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Гулрухсор Ширинова -- навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 низ муҷрим шинохта шуда, даҳ дарсади маоши яксолааш ба фоидаи давлат рӯёнда хоҳад шуд.
Мӯҳр
.
Хеле химмат кардед Раис. Браво!

Шахбол
Раис.... Давлататро фил бардорад, миёнаш бишканад. Х,иммататро пашша Хиндустон барад

Хахаха...! Э бечорахоеее ин хукуматдорои мора харчи зурашон ба як кафш (шлопка ё калуш бошад?) мерасидааст. шармандахо наход шлопкаи 5суматона боз таъриф кунед дар васоити ахбори умум. Ё ин хукуматдоро ахмакан ё мардума "издиваца" доран БАХУДО! О ту гу ки оилаи Шахбола бо чои истикомат таъмин кардем, барои онки падари Шахбол хонаю дараша фурухта бачаша табобат кард, ин гапо мондаги "ба Шахбол шлопка такдим намудем!!!!"

ЭЭ мардум ба хамин хангомаи озадогон бовар кардед. Инхо хангома мекобад дигар коре надорад. хабара медодаги боши дуруст те. Бад бе духураги. ОО гуи ки ахволи шахбол хуб шудааст. Дар беморхона бо супориши макомоти Сугд доруву дармон бе пул. духтур бе пул хизматаша мекунад. хар ду се руз аз макомот хабаргириш меранд. Вакте хабар оварданд ки холаш хуб шуд бо умеде ки ин бачча ба рох медарояд як кавш такдим намуд. Ту чи хангшма мекни дар мулокот 65 нафар аз Вао буданд. Бо хабари духурагит дигаронро шарманда накун.

Дусташ
Худи хамин руз (08_07_2014с) часади хизматчии харби Хомидов Чурабой, соли таваллудаш 1991, миллаташ точик, оиладор. сохиби 1 фарзанд, оне ки 1солу 2 мох боз дар сафи куввахои мусаллах адои хизмати харби менамуд, ба зодгохаш дехаи Качровути н.Гончи оварда шуд. Аммо сабабхои маргаш номаълум. Ба гуфтаи баъзехо гуё у худро овехтааст

Ба рости иттилоот аз хар гуша хар хел садо мебаровардаст. Мардум, ман шахсан дар хамон чо карор доштам. Кафше, ки Кодири гуфт ба маънои руяки нафахмед. Мухим нияти Кодири аст. Вай дигар тухфахоро кардааст, акнун аз хурсанди "ман хатто кафш хадя кардам" гуфт. Сони ин чи хел харидуфуруш - агар як касро дар харби зананд Кодири бояд ба у хона медодаст? Аз кучо хона медихад? Аз хисоби андозхои месупоридаи ману шумоми? Имруз кам нестанд мардуме, ки бекорба дар чояшон мурда истодаанд. кам нестанд бачахое, ки дар куча аз бадмасти якдигарро мекушанд. кам нестанд нашъамандоне, ки ба саломатиашон зарар меоранд. Ба хама хукумат хона тияд ми? Ин кай нархи хама чизро бо хона чен мекардаги шудетон...

Дусташ
Худи хамин руз (08_07_2014с) часади хизматчии харби Хомидов Чурабой, соли таваллудаш 1991, миллаташ точик, оиладор. сохиби 1 фарзанд, оне ки 1солу 2 мох боз дар сафи куввахои мусаллах адои хизмати харби менамуд, ба зодгохаш дехаи Качровути н.Гончи оварда шуд. Аммо сабабхои маргаш номаълум. Ба гуфтаи баъзехо гуё у худро овехтааст

Ман ҳам иштирокчии ҳамин нишаст будам. Биёед чӣ лозим ҳамин ғаразҳову мардумро ба ҳар сӯ кашидан. Қодирӣ гуфт, ки ба Шаҳбол кӯмак расонида мешавад. "Вазъи саломатии Шаҳболи ҷавонмард беҳтар шудааст ва бо орзуву нияти нек ман ба ӯ ҳатто кафш тӯҳфа кардам" - гуфт бечора. Аз ҳамин ҳангомаафканӣ ки фоида мебардорад? Ин мардак бо нияти нек тӯҳфа кардаасту ду се ҳангомабоф дооод мезанад! Боз мегуем ки давлат пеш намерад. О ин чиркковӣ кати куҷо пеш меред?

Агар ягон притензия мебуд, дадои шахбол худаш мекад. Аз номи у гап назанед. Як бор худатона ба чои Кодири шинонидан даркор, баъд мебинем чи хел ракс мекардед. Худи хамон журналист дар хаёташ ба ягон кас аккалан руймолча додас ми? Кодири кафш додааст ку нияти саломати када. Вай журналистба ин дафъаш дурбин титон гапои Кодирия дуртарашро медидаги шавад. шукр кунитон Хучанди худомо раис саромова, ягонта аз чануб оварда монад на кафша мебению на интервьюя. Хаммата подвалба буда танобата медод.

Раис дар мохи муборак кори хайр крадед офарин! мешудаст ку! тандурустии нохия агар химат кунад як сузандоруи дигар кумак кунад ба шарофтаи истклолияти ватани махубуб басо хуб мешуд!

Бас кунед аз такдири Шахбол сенсация сохтанро. Ин бечора лухтаки журналистон ва хочагонашон гаштааст. Мусибате ки ба сараш омад худаш басанда аст боз шумоён ба манфиати гарзхои сиёсии худ онро истифода мекунед. Ин кадар дод мезанед суми калон доред ягон чи кумак кардед. хамин вилояти Сугд буд уро дастгири кард акнун ба по хезондани аст. Шумо бо хабархои игвоангез одмаони хайрхохро аз нияташ бармегардонед. Бо тобишхои ифлосатон хамин бечораро аз кумакхо махрум мекунед. Ки ки ба Шахбол ососн дорад ба сараш биёд бад мефахмад!!!!!!!!

Нафаре, ки ин матлабро чоп кардааст шарм кунад!!! Хангоматалаби хам худуд бояд дошт !!! Кодири бо воситаи ердамчиам тухфаи худро фирисондам. Барои тезтар шифо ефта У кафши нав тухфа кардам гуфт. Аз ин чиз хангома кофтани журналист чи маъни дорад? Ин пеш аз хама сохибтахассус набудани у далолат аст !!!

99
Ако, кафшаша гирифтид, ҷӯравоша кӣ мегира?

Тахмина, Душанбе
Пойфзол тухфа кардан хуб аст. Ин маънии онро дорад, ки тез сихат шаву гум шав. Зеро бе маблаг табобат кардани ту на ба ман, на ба сардори Раёсати тандурусти, на ба сардухтури беморхона фоидае надорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)