Бахшҳо
08 июл 2014 14:22Тоҷикистон / Сиёсат

Таассуфи Сангинов аз музокироти бенатиҷа бо қирғизҳо (САДО)

Ҷумъабой Сангинов - муовини аввали раиси вилояти Суғд, мегӯяд, дар музокироти охирини ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзи 7 июл дар Қайроққум сурат гирифт, ҷонибҳо доир ба масоили марзӣ ба мувофиқа нарасидаанд.

Ба қавли ӯ, дар нишасти навбатӣ масъалаи мушкилоти сохтмони роҳ матраҳ гардида, дар он ду масъалаи асосӣ мавриди баҳс қарор гирифтааст: “Якум, муайян кардани хатти гузариши роҳи «Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ» дар ҳудуди марзи Исфара-Ботканд ва дар ҳамин замина муайян кардани хатти гузариши роҳи мустақили «Исфара-Ворух», ки имконияти бештареро барои рафтуомади сокинони ҷамоати Ворух таъмин мекунад.”

САДОИ ҶУМЪАБОЙ САНГИНОВ

“Дар нишастҳое, ки дар марзи Қирғизистон ва ҳам дар Тоҷикистон сурат гирифтанд, мутаассифона, на дар мавриди муайян кардани хатти гузариши роҳи Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ» ва «Исфара-Ворух» ва ҳам дар мавриди муайян кардани муқаррароти созишномаи байни ҳудуди Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа нарасидем”,-илова кард Ҷумъабой Санигинов.

Муовини аввали раиси вилояти Суғд афзуд, ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардааст, роҳи гузариши «Исфара-Ворух» бояд роҳи мустақил ва тамоми паҳлӯҳои идоракунию истифодабарӣ ва назорати роҳ бояд бар ӯҳдаи мақомоти дахлдори Тоҷикистон бошад. “Вале ҷониби Қирғизистон ақида дорад, ки ин роҳ бояд дар истифодаи дутарафа бошад ва назорати роҳ низ ба мақомоти дуҷониб вогузор карда шавад. Мо гуфтем, агар замоне, ки Шумо истифодаи дутарафа пешбинӣ мекунед, чӣ зарурати сохтмони роҳи нав аз ду тараф дорад?”,-мегӯяд Санигинов.
Мӯҳр
.
О наметони гуфтушунида нарав он чо. Ин чо дипломатхои прфессионал лозиманд, на агроному зоотехникхо.

Хамаон дипломатхои професионалат 1000 гектара хитоихоба доданд дар Мургоб. Бо з чи мехохи. Ин марадака хуни мастчохиш чуш зада барои хоки ватан чуур мезанад агар не ин Алимардоновои шумо кайхо то худи исфараро ба киргиз мефурухт.

Дар хакикат хам агар чаноби Сангинов неву дигар мансабдор дар ин музокирахои байни точику киргиз иштирок мекард Ворух аллакай ба марзи киргизистон хамрох карда мешуд.Ин чи хел гуфтушунид ки то хол бе натича мебошад. Халки Ворух ба пеш...

Ч. Сангинов ба ибораи як навиштаи Фараж девори Сугд аст. Ин одам барои манфиати миллат талош карда истодааст. Мардуми шарифи Исфара захматхои ин дипломата хуб медонад. Бравво, Сангинов. Як вачаб замина намедихем ба касе. Мардуми Исфара ба пеш!!!

Юсуф
Дуруд бар марди хастагинопазир ва тоҷики асил САНГИНОВ!!!!!!!!!!!!!!
Мисли санг дар муқобили деву аду истодааст!

чоркухи
бо инхел сангинову хучандию душанбегию мухтору нимат кор намешад гуфтушунидро факат хочаи алогихо кунад хаминхо сархад кучо будагиша медонад дигар рохихал нест ба пеш бародархои азаз

Масчои аз Х- АЪЛО
.,
О наметони гуфтушунида нарав он чо. Ин чо дипломатхои прфессионал лозиманд, на агроному зоотехникхо....
Ба фикри ту ки бояд равад?дипломатхои ту аллакай пораи Точикистонро ба ХИТОЙ тухфа карданд.Офарин мухтарам Сангинов!Медонем,ки сухани шумо дар ин музокирот асоси нест,лекин бо вучуди ин шумо кушиш доранед то аз манфиати точикони ин минтака тарафгири кунеду сухани мардумро ба алимардон расонед!Мо мардуми масчоии Хочаи Аъло тарафдори шумо хастем!Хохиш мекунем харгиз ба суханхои киргизхо бовар накунед.Зеро ин халк то расидан ба максади худ тамоми ваъдахоро медихад,Лекин вакте максадаш ичро шуд аз ваъдахои додагии худаш сарпечи мекунад!Мо мардуми минтака(асосан Хочаи АЪЛО) максади асосии киргизхо,ки ин дигар намудани мачрои дарёи "Исфара"хаст медонем ва хохиш мекунем,ки ягон зарра ба киргизхо гузашт накунед!Зеро бо сохтани рохи худ ва ба блокадаи доими гирифтани Ворух боз чандсад гектари дигар заминхои бахси аз кухсори кишамишу каравшин ба дасти киргизхо хохад рафт! Дар хакикат шумо ДЕВОРИ СУГДЕД!Шахси ВАТАНДУСТ Баору БОНОМУС!Марди банангу бономуси кухистони!Мастчохии хакики!

точико расо гаргаранг ми шумо мо рахха наметем аз дучониб шавад мо бастан мегирем воруха моба куктош оксой тамдика тетон обба хушк мекунем оянда воруха киргизтон мекунем монд хушр бошетон вилояти сугдба об наметем мо зурдия 4 млн ахолимо хаю хаммаш калладор шумон 8 млн беакл

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)