Бахшҳо

Эшони Маҳмудҷон: “Зан гули сари сабад аст, на пешхидмати ресторану роҳрӯби кӯча”

Эшони Маҳмудҷон, рӯҳонии саршинос, аз муҳоҷирати занони мусулмони тоҷик ба шаҳру минтақаҳои мухталифи Русия шадидан изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, "зан аз назари Ислом гули сари сабади хонадони падар ва шавҳар аст, на пешхидмати ресторан ва роҳрӯби кӯча."

Ӯ афзудааст, “воқеан, ин мусибат ва даҳшат аст, ки зани мусулмони тоҷик баробари мардон кӯлбори сафар дар пушт дил ба дарё занад ва то Сахалину Камчатка барои ҷустуҷӯи ризқу рӯзӣ сафар намояд ва худро чун гӯсфанди заифе дар водии гургон қарор диҳад. Кош, Садруддин Айнӣ зинда мебуд ва достони дигаре, на аз саргузашти Одинамардҳо, балки аз сарнавишти Одинамоҳҳо ва Одинагулҳои Тоҷик, ки модарони ояндаи миллатанд, менавишт”.

Рӯҳонии шинохтаи тоҷик ин ҳарфҳоро дар посух ба суоли яке аз корбарони торнамои Тураҷон.Орг, сайти хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо, навиштааст. Корбаре бо номи “Хоҳари исломӣ” аз Эшони Маҳмудҷон пурсидааст, “дар оянда барои кор ба Русия рафтаниам. Дар онҷо бо сатр ба кор намегиранд ва бовар надорам, ки сатрро то охир мебандам. Хеле метарсам аз Худованд, намедонам, чӣ кор кунам.”

Эшони Маҳмудҷон дар ҷавоб навиштааст, “тавсияи банда ба Шумо ин аст: агар ба Русия сафар кардани Шумо зарур бошад, пас, ба хотири ҳифзи каромат ва иффати худ бо ҳамроҳӣ ва таҳти назорати кадом нафар аз маҳрами худ сафар кунед. Ва илло дар ҷои зисти худ коре муносиби ҳоли худ биёбед ва ё шавҳаре мувофиқ ба шаъни худ биёбед ва бо қаноат кору зиндагӣ кунед. Аммо он ҳарфҳое, ки навиштаед: имрӯз бидуни сатр бигардаму баъд аз адои фаризаи Ҳаҷҷ сатри доимиро қабул намоям, инҳо ҳамааш фиреб ва ваъдаҳои шайтонӣ аст, ки Худованд дар Қуръон моро аз фирефта шудан ба инчунин ваъдаҳои шайтонӣ ҳушдор додааст.”

Дар идома рӯҳонии тоҷик мегӯяд, ба хотири муҳоҷирати корӣ тарк намудани сатри исломӣ ҳеч гоҳ ҷоиз ва рухсати шаръӣ намебошад. Вай афзудааст, “зан аз назари Ислом дар сурати доштани сарпараст вазифадор нест барои таъмини нафақаи худ кор ва ё сафари корӣ бикунад. Бояд падар ва ё бародарҳо дар сурати надоштани шавҳар нафақаи ӯро таъмин намоянд.”

Дар ҳоли ҳозир бар асоси иттилои расмӣ ҳудуди 1 ва бар асоси манобеи ғайрирасмӣ ҳудуди 2 миллион сокини кишвар барои дарёфти ризқу рӯзӣ дар Русия қарор доранд, ки як қисми онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Мӯҳр
.
Халки баномус занхояшонро ба ин руз намерасонад.

махина
ХУДОВАНД ШУМОРО НИГОХ ДОРАД .ДАРДИ ДИЛИ МО МОДАРОНИ ТОЧИКРО ГУФТЕД.

дар ватан фабрикаю завод набошад пас чи кор кунем?

абдуллоҳ
dfnfy, Ин суола ба ҳукуматдорон диҳед ва посузашро аз онҳо талаб кунед.

bo salom ba hamai mardumi Aziz va sharif, az inki mebinem zanhoi tojik yane nomusi milati mo baroi nabudi zindagi ravonai kishvare meshavad ki dar onjo boyad bo obrui khud yak pule darovarad, dili inson ba dard meoyad, to kai boyad mardumi kambizot vale sharofatmandi mo inchunin zindagi doshta boshand................

Том и Чери
Бехтарин фатво- бидуни политика. Дуруст аст, ки зан бе пуштибон осебпазир аст. Ба зани Точик бояд эхтиром гузошт.

99
Ташбеҳи "Одинамоҳ" хеле бамаврид ва дуруст гуфта шудааст.
Мардони моро
Номуси динӣ!
Номуси миллӣ!
Номуси мардӣ лозим аст, ки занҳои мо муҳоҷир нашаванд! Барои ин аввал давлати мо бояд барномае сари кор биёрад! Куҷо шуд он вазорати навташкили ҳифзи иҷтимоӣ ва кумитаи муҳоҷират? Оё онҳо то ҳол вазифаҳои худро намедонанд ё муайян накардаанд?

Тарафдор
Офарин бар шумо фарзанди ба ору номуси точик мухтарам эшони Махмудчон Худованд ёру мададгору нигахдоратон бошад хамеша.

Мухочир
Нангу номуси давлатмардони мо имруз несту нобуд шудааст. Модар точик рафта таги пойи русро тоза мекунад, то худ ва фарзандонашро аз гуруснаги начот дихад, вале хукуматдорони мо ба чойи он ки чойхои кор мухайё намоянд, ба гасби буча даст зада истодаанду хар руз як иди бемаънии нав бароварда истодаанд. Мардхоро ку ба кор таъмин карда натавонистед, акалан барои занхо дар Ватан шароит фарохам намоед, ки ба мухочират нараванд. Бовар кунед бо ин муносибате, ки шумо бо халки худ карда истодаед, насли оянда харгиз шуморо нахохад бахшид ва номхоятон бо хати сиёх дар сафхаи таърих дарч хохад шуд. Нангу номус, ифтихору гурури миллии шумо ру ба фано шудан дорад.

Рахмат ба Эшони Махмудчон. Аз кумитаи занон дида, ин нафарон бештар дар фикри ободиву осудагии занону модарон хастанд. Зинда бошед, бобои Эшон!

Домуллои азиз ин одамхо ранги шумо да чои шишташ пул кор намекунад, ки инро шумо манъ кунед, Шумо хукуки манъ кардан надоред. Ин зан ба ки шу кунад модоме, ки дар Точикистон мардхо нисбат ба занхо каманд.

Корафтода
Ба эшонҳо не, балки ба Китоб, Мактаб бояд рӯй овард!
Мана дар куҷост ҷавоб ба саволҳо!

Комил
Хамин Турачонзодахо хаминкадар пулдор хастанд ки метавонанд чанд цехи дузандаги ё ин ки корхонахое созанд ки дар онхо занхо мисли гули сари сабад кор кунанд барои чи намекунанд хаминкадар пулро бо худ ба он дунё мебаранд чавонмарди магар хамин хаст нанги ватандори магар хамин хаст аз дур истода гап задану назорат кардан осон барои харчи кисса гайрат даркор ана ин аст чавонмарди ки барои халки худ чонатро дарег намедори ин гапхоро харуз аз хамин занхохам мешунавем бехуда худатро ташвиш надех.

Мухаммад
Комил,
Турачонзодахо пулу мол доранд ва метавонанд цеху фабрикахо кушоянд, лекин медонанд ки баъд аз кушодан омада онхоро ба зури мушту мансаб кашида мегиранд. Бозори Кабири чи шуд? фабрикахои Зайд Саид чи шуд? Комил гуе ки намедони имруз сари сохибкорон чи оварда истодаанд ааа?

касе ки зиндагии тинч дорад гапи зиёдати назанад, ин занхо аз масти рафта кучаруви ва пешхизмати намекунанд онхоро зиндаги мачбур кардааст агар онхо хам мисли хамин домуллохо дар хона нишаста пул кор кардан тавонанд хеч гох рохруви намекунанд зиндаги хар хел хаст ба хаминхо хам кордор шудед оё шумо медонед, ки онхо чи гуна зиндаги мекунанд. агар шавхар хам дошта бошанд маоши онхо намерасад агар ин домулохо бисёр гамгор бошанд аввал акалан дар мохи шарифи рамазон нарху наворо арзон кунанд баъд ба занхои камбагал кордор шаванд. домуллохо худро гули сари сабад мехисобанд занхо мехнат мекунанд ва пули хаки халоли мехнати худашонро мехуранд на дузди мекунанду на пули харом ба даст меоранд. хар кас аробаи худашро кашад

Мухаммад
Рустам,
ба ки шу кунанд???? ин саволро аз касоне пурс ки дузанию сезаниро чиноят мехисобанд на аз хазрати домулло

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)