Бахшҳо

Абдуллоҳ Абдуллоҳ: “Ҷафое, ки Ҳомид Карзай дар 13 сол ба мардуми Афғонистон кард, касе накарда”

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Афғонистон, аз натиҷаи муқаддамотӣ ё пешакии даври дувуми интихоботи кишвараш норозигӣ карда, худро баранда эълон дошт. Ӯ дар ҳоле ки дар ҳузури садҳо тарафдоронаш сухан мегуфт, аз онҳо хост, барояш фурсат диҳанд, то ваъдаи додаашро амалӣ кунад.

“Ҳукумати мардум омаданӣ аст, ба ман чанд рӯз вақт бидиҳед. Ман ба раъйи Шумо, ба орзуи Шумо, ба ормони Шумо хиёнат намекунам”,-таъкид дошт ӯ.

Доктор Абдуллоҳ дар идома афзуд, “аз мардум мехоҳам, чанд рӯз ба ман вақт бидиҳанд, то ман он чиро ки ба Шумо ваъда додаам, ба курсии амал бинишонам. Мардум таваққуъ доранд, ман ба зудӣ ҳукумати худро ташкил диҳам. Ман ба мардуми Афғонистон ваъда медиҳам, ки ба зудӣ ҳукумати Шумо ташкил хоҳад шуд. Бидуни шубҳа барандаи интихобот мо ҳастем”.

Вай дар ин суҳбаташ, инчунин, гуфт, субҳи 8 июл бо Барак Обама – раиси ҷумҳур ва Ҷон Керрӣ – вазири умури хориҷии Амрико суҳбати телефонӣ доштааст. “Суҳбатҳои муфассал доштем. Ҷон Керрӣ рӯзи ҷумъа ба Афғонистон хоҳад омад. Ӯ ваъда кард, дар ифшои тақаллуб ва дифоъ аз ҳақиқат, Амрико дар канори Афғонистон хоҳад буд”,-баён дошт ӯ.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳангоми суханронияш ба Ҳомид Карзай ҳам ишора кард ва аз ҷумла гуфт: “Ман имрӯз хабар шудам, ки ин ҷо тасвири раиси ҷумҳур пора шуд... Қалбан бо ин амал мухолиф ҳастам. Қалбан! Дар ҳоле ки медонам, ҷафоеро, ки ҳамин оқои Карзай ба мардуми Афғонистон карда дар 13 соли гузашта ва фурсати таърихиву тилоии мардуми Афғонистонро бардбод дода, дар ҳеч фурсате ин ҷафо ба мардуми Афғонистон сурат нагирифтааст”.
Мӯҳр
Пулихумри
Доктор Абдулло, рухафтода машав. Ин бори аввал нест, ки хакки мардуми шарифи Афгонистонро БЕШАРАФОН медузданд.

Толибшо
Дируз як модари точик писаре ба дунё овард ва имруз номашро доктор Абдулло гузошт!!!!! Пирузии доктор Абдулло ба хамаи модарони точик муборак бошад!

Генерал артиш, Ато Мухаммади Нур, доктор Абдуллоро раиси чухур ва итоати худро аз фармонхои у эълон кард:


https://balkh.af/index.php/component/k2/item/201-%D8%A7%D8%B9%D9%84%D8%A7%D9%85%D

B%8C%D8%A9-%D8%B3%D8%AA%D8%B1-%D8%AC%D9%86%D8%B1%D8%A7%D9%84-%D8%B9%D8%B7%D8%A7-

%D9%85%D8%AD%D9%85%D8%AF-%D9%86%D9%88%D8%B1-%D8%B1%DB%8C%DB%8C%D8%B3-%D8%B9%D9%8

5%D9%88%D9%85%DB%8C-%D8%B4%D9%88%D8%B1%D8%A7%DB%8C-%D8%A7%D8%AC%D8%B1%D8%A7%D8%A

6%DB%8C%D9%87-%D8%AC%D9%85%D8%B9%DB%8C%D8%AA-%D8%A7%D8%B3%D9%84%D8%A7%D9%85%DB%8

C-%D9%88-%D9%88%D8%A7%D9%84%DB%8C-%D8%A8%D9%84%D8%AE

Дахбеди Самарканд
Доктор Абдулло, балам биги ДУ ТАКСИМАШ букуне, дигар хеч чой фикраш нест. Шуморо нисфи мардуми Афгонистон аллакай пуштибони кард, яъне Худованд ба Шумо хакки талаби тахту точро додааст.Агар ин Паштунхо бо бародарои Узбактабори бисёрруя- Дустумаш ва Покистони Толиб-Инкубатораш ин хакикатро сарфи назар кунанд, илохиам Худо хору бенасиб гардонашон ва хеч вакт муаффак нашаванд.

99
Афғонистон имрӯз ё фардо тақсим мешавад!!!
Ин корҳое, ки ҳоло дар он ҷо шуда истодааст, кори абарқудратон аст!
Онҳо худро кишваршиносу сиёсатмадор метарошанд, вале мушкили аслии Афғонистонро дарк намекунанд. Ин мушкил метавонист, дар ин интихобот каме осон шавад, агар ин тақаллуб намебуд!!! Вале, бовар надорам, ки пас аз ин тақаллуби густарда, ки аз тарафи ин абарқудратон роҳандозӣ шуд, Афғонҳоро боз ба ҷанг мекашад!!! Вале ин бозигарон бой медиҳанд!

Яъне, инҳо ба ин корашон гуфтаниянд, ки "ана дидед, мо рафтем, боз Афғонистон ноором шуд!"

Нилуфар
иншоАллох расман ба макоми Президентии доктор Абдуллох Абдуллох рузхои наздик эълон хохад шуд. Абдуллох арзандаи ин маком аст! Барояш аз даргохи худо комёбихои беназирро таманно дорем! Ба пеш, ШЕРИ ТОЧИК!!!

Шокир
Akаи Абдулло ба такдир тан дихед мансаби шохи дар насиби шумо кашидаги набудааст

.
Надиханд ба точикон. Аз дасти точик гайр аз майдабозиву авлодбози дигар чизе намеояд.

точик
ба худо ки зеби шохи хам хамин дошт вай Гани мисли як келас аст.

Ачиб, агар Х.Карзай бар зидди мардумаш дар тули 13 соли охир чафо кардааст, пас ин зербиноро дар Афгонистон ки сохт, сохтори давлату давлатдориро ки танзим кард ?? Ё ки инро хукумати ,,Мучохиддин,, кард, ки Афгонистонро бо чангхои дохилии худ порча порча карда боиси зухури характи ,,Толибони,, одамхур дар Афгонистон шуданд. Миллионхо кас дар рафти чангхои байни хамдигарии хукумат мучохидин, ки огои Абдуллох намояндаи он аст, куштаву гуреза шудаанд. Ин магар чафо зидди миллати Афгонистон нест ??

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)