Бахшҳо
09 июл 2014 09:42Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Раиси Кумитаи андоз: “Агар Созидание пул насупорад, маҷбурӣ меситонем”

Масъулони Кумитаи андоз бо дастури Давлаталӣ Саидзода -- муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон асоснокии санҷиш ва ҷаримабандии ширкати “Созидание”, соҳиби Hyatt Regency-ро, тафтиш карда, посух додааст, ки тамоми меъёрҳои қонун риоя шудаанд.

Дар посухи Кумитаи андоз, ки зери имзои раиси ин ниҳод Нусратулло Давлатзода нашр шудааст, таъкид гардидааст, санҷиши ширкати “Созидание” бар асоси қонунгузории Тоҷикистон сурат гирифтааст: “Фаъолияти “Созидание” аз 1 январи соли 2009 то 1 декабри соли 2013 аз санҷиш гузаронда шуд, ки дар натиҷа пинҳонкунии андозҳо бо назардошти ҷарима ва фоизҳо дар ҳаҷми 322 миллиону 352 ҳазору 898 сомонӣ ошкор гардид.”

Раиси Кумитаи андоз: “Агар Созидание пул насупорад, маҷбурӣ меситонем”Кумитаи андоз мегӯяд, “Созидание” дар бораи муассисаш низ маълумоти нодуруст пешниҳод кардааст: “Дар гузориши ширкат ба Кумитаи андоз, ки соли 2013 ироа шудааст, муассиси ягонаи ҶДММ “Созидание” ширкати WTT Hotels one Limited-и Кипр нишон дода шудааст. Зимни санҷиш муайян шуд, WTT Hotels one Limited ҳиссаи худро соли 2008 ба ивази 100 миллион доллар ба ширкати “SUNLINK LIMITED-и Кипр фурӯхтааст, аммо аз ин амалиёт, андоз аз даромад ҳисоб ва пардохт накардааст.”

Нусратулло Давлатзода мегӯяд, даъвои ширкати “Созидание”-ро дар мавриди беасос будани иддаои мақомоти андоз ахиран додгоҳи иқтисодии Душанбе низ рад кард. Ӯ ҳушдор додааст, тамоми маблағҳои дар рафти санҷиш ошкоркардашударо бояд “Созидание” ба буҷет пардохт кунад: “Дар акси ҳол, мақомоти андоз тибқи қонунгузорӣ ҷиҳати маҷбуран ситонидани маблағҳои ҳисобшуда тамоми чораҳоро меандешад.”

Ин дар ҳолест, ки бархе аз соҳибназарон санҷиши ширкати “Созидание”, ки соҳиби меҳмонхонаи Hyatt Regency ва маркази соҳибкории “Созидание” дар Душанбе мебошад, супоришӣ унвон мекунанд. “Созидение” ба Олег Дерипаска, миллиардери рус ва соҳиби ширкати “Русал” марбут дониста мешавад, ки ахиран алайҳи корхонаи алюминиюми тоҷик ТАЛКО иқдом намуда, садҳо миллион доллар талаб дорад. Санҷишу ҷаримабандии “Созидание” як навъ посух ба иқдоми ширкати Дерипаска алайҳи ТАЛКО арзёбӣ мешавад.

Аммо Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, расман ширкати “Созидание” ба Русия ягон иртибот надорад: “Мутобиқи маълумоти расмӣ муассиси ягонаи “Созидание” ширкати “SUNLINK LIMITED”-и ҷумҳурии Кипр, мебошад, ки ба Русия алоқамандии ҳуқуқӣ надорад.”
Мӯҳр
я Созидание нееЯ хаамаи точикистона мачбури чи кадаре форату ситонидесте Худо бгирату бо и короту, Худо таЪфикту бта ки дига налога бландыш накыне, ки ируз пага то пеши ситорохора мерасоне ставкаи андоза.

Бо хамин гуна муносибат бо андозсупорандагон, дигар инвесторхо ба Точикистон аз маблагузори хазар мекунанд.Чи хел корхона хиссаи худро ба дигар корхона фурухтааст андози даромад хисоб кунад,ки ин куллан нодуруст аст.Агар WTT Hotels one Limited ҳиссаи худро ба Точикистон маблаггузори намекард чи мешуд хеч чиз на андозхои супоридагиаш мешуду на дигар.барои хамин аз шумо огои Давлатов хохиш мекунем,ки инвесторхоро нагурезонед.Онхо мераван маблаггузориашонро дар дигар давлат мекунанд.Ин нагз не ин зарари Точикистон............

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)