Бахшҳо
09 июл 2014 11:06Тоҷикистон / Иҷтимоӣ / Акс

АКС: Таҷаммӯи донишҷӯён дар назди бинои Вазорати дифоъ

Ҳудуди сад донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон субҳи 9 июл дар назди бинои Вазорати дифои кишвар ҷамъ омада, хостори суҳбати рӯбарӯ бо Шералӣ Мирзо шуданд. Ин гуруҳи донишҷӯён, мегӯянд, онҳо дар кафедраи ҳарбӣ низ мехонанд ва устодон ҳангоми тамрин барояшон беасос “нб”-и зиёд гузоштаанд.

Ба қавли яке аз ин донишҷӯён, ки теъдоди умумияшон бештар аз 160 нафар будааст, ҳарчанд тамрин соати ҳаштуними субҳ оғоз меёфту онҳо дар ин вақти таъиншуда ҳозир мегардиданд, аммо устодон барояшон “нб” гузоштаанд. “Шояд баъзан кадоме аз мо дер мекард, аммо ин хел нест, ки ҳамаи мо якбора ин қадар “нб” гирифта бошем. Ҳатто вақте бо сабаби узрнок ҷавоб мепурсидем, устодон боз барои мо “нб” гузоштаанд”,-афзуд яке аз мусоҳибони мо.

Ин гуруҳи донишҷӯён мехостанд, мушкили худро шахсан бо Шералӣ Мирзо – вазири дифои Тоҷикистон дар миён гузошта, аз ӯ барои ҳалли он кумак бихоҳанд. “Зеро дар сурати ҳал нашудани ин мушкил маҷбурем соли ояндаро интизор шавем”,-гуфт яке аз донишҷӯён.

Аммо ба ҷои Шералӣ Мирзо нафарони дигари масъули Вазорати дифоъ ба назди донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ баромада, онҳоро ба парокандашавӣ даъват карданд. Онҳо гуфтанд, ин гуруҳи донишҷӯён низомномаи кафедраи ҳарбиро вайрон карда, ба машқи низомӣ хунукназарона рафтор намудаанд. Ба қавли масъулони Вазорат, ин миқдор донишҷӯён дар Донишгоҳи миллӣ 286 нафарро ташкил медиҳанд.


АКС: Таҷаммӯи донишҷӯён дар назди бинои Вазорати дифоъ

АКС: Таҷаммӯи донишҷӯён дар назди бинои Вазорати дифоъ

АКС: Таҷаммӯи донишҷӯён дар назди бинои Вазорати дифоъ


АКС: Таҷаммӯи донишҷӯён дар назди бинои Вазорати дифоъ
Мӯҳр
Студент
Гумон мекардам, ки офсарон фақат ба кору рафтори паст даст мезананд, маълум мешавад ки ин структура одамгариро кайҳо фаромуш кардааст. Охир ин структура агар соз кор мекард, облава намебуд. Вале дар вазорати дифоъ маълум мешавад, ки ҳам аскарбачаҳо ва ҳам донишҷӯҳо зулм мешаванд. Ин бисёр бад аст. Чаро вазир наметавонад ин зулмро аз сари аскарҳо ва ин донишҷуҳо дур кунад?
Фардо ба кӣ бовар карда кор кунем? Мо ҳам ҳамин ахлоқи зулм карданро ёд мегирем. Як солдат мегуяд, агар дар хидмат зури аскарон ба зулмат нарасад худи офсарон ба зулм кардан мепардозанд. Ин даҳшат аст рафиқ Вазири дифоъ. Инҳо як рӯз ҳамааш зада мебарояд. Миллатро хидмат кунед.

Абдуллоҳ
Худо қувват диҳад хақталоши ҳақталабиро одат кунед

Табиб
Озодагон, Озодагон акси умуми гир, бо аксхои наздик сари ин бачахоро мехури))

Бародархо дар хамин рузи мохи шариф тухмат намекардед хуб мешуд.Ин донишчуен дар чамъомадхо иштирок накардаанду боз дуруг гуфта тухмат мезананд.Аз донишкадаи тибби мувофики руйхат 340 нафар бояд дар чамъомад иштирок мекарданд.Зиеда аз 100 нафар ба чамъомад бе ягон узр иштирок накардаанду,мехоханд мисли нафароне,ки иштирок кардаанд ба имтихонхо рох дода шаванд.Акнун шумо хакталабон худ казоват кунед.

Ин донишчён якум ин ки дар дасхо иштирок надоштанд, дуюи дар сбор набуданд ва сеюм на сохаи тиббиро хуб мехонанду на сохаи харбиро. Ман хам будам ду корманди вазорати мудофиа оамда гуфтахои мана исбот кард хама пароканда шуданд.

акмал
ин хамаш дуруг ва нодуруст аст.

Саид
Офарин! Чавонон фаъол мешавад. Бояд барои хакикат мубориза бурд.

пахлави
дар ин чамъомад одамоне чамъ омаданки бо сабаби узрнок 1 тоги нб доранд, ва мехоханд ки онхоро ичозат диханд то ки 1 нбро отработка кнанд, дар кучо тугри мегирад барои 1 нб шахсро хорич кунанд

Э донишчуёни сода наход хамина надонед, ки аз 250$ то 300$ барои збор медодед, шояд "НБ" намемонданд ё барои хар рузи наомадагитон 20сомони. Ман хам соли 2012 збор рафта будам хамаи ина медонам! Шахсоне ки умуман намерафтанд аз 250 то 300$ гапзанон мекарданд. Ё агар ягон руз намерафтан 20сом/руз тарификатсия буд!

1-2 нб-ра дар назар мегиран. 6-7-руза, иштироки бачахора дар и рузхои гарми мохи Рамазон дар назар намегиран? Дар хар 1(НБ) 1-руз (такроран) тамрин (бо гуруххои оянда) гузаран хуб меша.

Aladin
Справедливо ли исключать студента за 1нб ?

бародаро охи чаро и студентора пешаки огох накарданд, ки барои 1 нб хорич мекунанд, солои пешина 200 долар дода намерафтан сбор, и студенто 1 нб доранду 10 рузи дигар иштирок доштанд да дарсо

Шахси масъул
Ба кулли донишчуён, назарнависон, хонандагони торнома ва падару модари донишчуён мехохам расонам, ки ин чо як холати нофахми (недоразумение) ба вукуъ пайвастааст. Биёед ба тартиб:
1. Аввал, ин ки донишчуи Донишгохи тиббиро танхо бо фармони Ректори Донишгохи тибби метавон хорич кард. Айни замон, яъне то санаи 10 июли соли 2014 чунин фармон ба тасвиб нарасидааст.
2. Дуввум, ин ки тибки дафтархои бакайдгирандаи (журналхои давомот)-и устодони кафедраи тибби харбии Донишгохи тибби ва хамчунин афсарони кисмхои харбие, ки дар он онхо тамрини донишчуён гузашта буд, дар хакикат хамаи он донишчуёне, ки даъво доранд, лоакал 1 гоиб (Н/Б) доранд. Якчанд нафарашон то 5-6 ва аз ин хам зиёд гоиб (Н/Б) доранд.
3. Саввум, ин ки тибки фармони Вазири мудофиа хар як донишчу, ки дар давраи гузаштани тамрини харби (СБОР) хамчун курсант ном бурда мешавад, бояд хатман дар хама рузхои тамрин сари вакт ба машгулиятхо хозир шавад ва дар холати доштани хатто 1 гоиб (Н/Б) ба супоридани имтихон рох дода намешавад. Хамчунин, тибки ин фармон ба машгулият дер омадан баробари ба машгулият наомадан ба кайд гирифта мешавад, яъне дер омадан хам хамчун гоиб (Н/Б) кайд мешавад.
4. Чахорум, ин ки афсарони мутассадии баландмакоми Вазорати мудофиа, Раёсати Донишгохи тибби ва устодони кафедраи тибби харбии Донишгохи тибби имруз, яъне 10 июли соли 2014 соати 13.00 дар бинои асосии Донишгох бо хамаи он донишчуёне, ки ба ин казия алокаманданд, вохурии ошкоро барпо менамоянд ва итминони комил хаст, ки дар ин вохури ин масъала пурра халли худро меёбад.
5. Панчум, ин ки ба назарнавис "ТАБИБ" гуфтаниям, ки мо дар кишвари демократи зиндаги дорем, ва хар як шахс, аз он чумла донишчуи Донишгохи давлатии тиббии Точикистон ба номи Абуали ибни Сино хукук дорад, ки дар чорчубаи конун аз манфиатхои худ химоят кунад. Хамаи он донишчуёне, ки дар расмхои гирифтаи "Озодагон" симояшон намоён аст, барои ин икдомашон аз тарафи Раёсати Донишгох ягон мучозот карда намешаванд!!!
6. Ба назарнавис "КОРБАРИ ДОИМИ" гуфтаниям, ки беасос ва бедалел нисбати Донишгохе, ки тибки гуфтахоятон Шумо онро хатм кардаед, тухмат накунед. Зеро дар Донишгохи тибби таи 6-7 соли охир хама имтихонхо тавасути маркази ягонаи тести, ки зери назорати бевоситаи Раёсати Донишгох мебошад, кабул карда мешаванд ва овозахои ба пул ё ягон воситаи дигар имтихонро гирифтан, гоиб (Н/Б)-ро нобуд кардан, ё пул дода тамоман ба тамринхои (СБОР)-и харби наомадан куллан бардуруг мебошанд.
Боки хама саломат бошед. Ташаккур ба диккататон!!!!!

Донишҷу
Порагирӣ намубаст-ку? Бо меган дар донишгоҳҳо ва донишкадаҳо ҳамаи маълимо пора мегиран. Меган у хонаву дар ва мошинҳо ҳамааш аз ҳисоби пора аст. Росташ ин будааст, ки инҳо пора намегирифтаанд ва аз маошашон инҳоро ба даст овардаанд. Худоро шукр агар рос боша

ба озодагон рахмат, ба шарофати ин сайт ба доди мо донишчуйон расиданд, рахмат ба ин журналист

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)