Бахшҳо
10 июл 2014 11:18Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Тағоймуродов дар бораи нархи об, садамаи писараш ва қарзи ТАЛКО

Алимурод Тағоймуродов, роҳбари кулли “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон” (ЖКХ) мегӯяд, ояндаи наздик нархи об дар кишвар боло хоҳад рафт.

Раиси “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон”, ки ба истиснои Душанбе хизматрасонӣ дар дигар навоҳии Тоҷикистонро ба уҳда дорад, таъруфа (тариф, тарофа)-ҳои ҳозираи обро зиёновар донист. Ӯ хизматрасонии оби ошомиданиро дар навоҳии кишвар мисол овард, ки арзиши аслии он 2,2 сомониро ташкил медиҳад: “Аммо мо аз шаҳрвандон дар навоҳии Тоҷикистон ҳамагӣ 80 дирам ҳаққи обро мегирем, ки бар зарар аст. Ин нархҳо бояд ҳадди ақал ба арзиши аслии хизматрасонӣ баробар карда шаванд.”

Тағоймуродов дар қатори қарздорҳои калон аз об корхонаи алюминиюми тоҷик - ТАЛКО-ро ном бурд. Дар маҷмуъ, Тағоймуродов таъкид намуд, ки барои таъмини пурраи мардуми Тоҷикистон бо оби ошомидании тоза 1 миллиарду 700 миллион доллар зарур аст ва барои амалӣ намудани ин кор ҳудуди 80 сол лозим меояд.

Раиси корхонаи “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон” дар мавриди садама бо иштироки писараш, ки шоми 23 ноябри соли 2013 иттифоқ уфтода, ду кушта барҷой гузошт, изҳор дошт, ҳанӯз таҳқиқоти ин қазия анҷом наёфтааст. Ӯ бори дигар таъкид намуд, писарашро дар он садама гунаҳкор намеҳисобад: “Боқӣ тафтишот ва додгоҳ муайян хоҳанд кард, кӣ гунаҳкор аст.”

Қаблан Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб ронандаи “Тойота Ландкрузер”, Бахтиёр Тағоймуродов, ки писари Алимурод Тағоймуродов, собиқ раиси ноҳияи Восеъ, муовини раиси Хатлон ва айни ҳол мудири кулли корхонаи «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» мебошад, аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба мошини тамғаи "Мерседес-Бенз", таҳти идораи ронанда Максим Зохови 27-сола бархӯрдааст.

Ба иттилои БДА, дар пайи ин бархӯрд, Мерседес ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, бо «Опел Астра» бармехӯрад, ки дар натиҷа ду мусофири мошини "Опел Астра" ба ҳалокат мерасанд.
Мӯҳр
Озодагон, чаро он икдоми хубе, ки доштед оид ба пурсиши дороихои мансабдоронро идома намедихед. Хело икдоми хуб аст, мардум мефахмад, ки рохбарони "камбизоат"-и мо чигуна зиндагонии "факирона" доранд. Илтимос идома дихед,,,,,

Мухтарам Тагоймуродов шумо мугуед ки мо аз шахрвандон 080 дирам мегирем шояд лекин коргарони шумо масалан махалаи 82 ум микрорайон 2 с 50 дирам мегиранд мо квитанция дорем боз бади соати 6 бегох омада таъбамонро хира карда мебураванд афсус шумо аз кори инхо дарак надоштаед кани коркунони фасод ки лачоми унора кашаду пули зиедати гирифтаашонро ба фоидаи давлат бар гардонад

шох
Якум,ки дар ин садама ду кас не се кас фавтидааст ва гунахгори асосии ин садама писари Шумо хаст мухтарам ТАгаймуродов аз ХУдо битарсед барои курсию мансаб шуда охиратонро насузонед,дуруг нагуед, дар тори сарамон Худо хаст, мохи шарифи рамазон аст...як нафари аз ин бачахо се руз пеш оиладор шуда будааст ва падару модараш худи хамон руз ба воситаи телефон гуфтаанд,ки ту навхонадор шудаи мо рохи туро дар рохи калони мошингард нигох мекунем,ки ба хона туро назди арусат бирасонем то ки тарсида намони... ба чои писари нозанинашонро пешвоз гирифтан онхо падару модари бечорае,ки як умр дар хаки у месузанд тани бечони уро пешвоз гирифтаанд... боз ТАгаймуродов мегуяд, ки писараш гунох надорад... озодагон хакикат бошад чоп мекунед. ,?????

ахмад
Дар махаллаи 101 сари хар одам барои об 3.50 мегиранд.

ыв
Аз кадом кавм бошанд ин тагаймуродовхо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)