Бахшҳо

Э. Раҳмон: “Агар бо духтарони онҳо ҳамин амали нангинро раво бинанд, ҳолашон чӣ мешавад?”

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Додситонии кулли кишвар, ки дар “Кохи Ваҳдат”-и Душанбе баргузор гардид, аз хариду фурӯши одамон, бахусус занону кӯдакон, изҳори ташвиш карда, онро шармандагӣ ва барои миллати мо бегона донист.

Ӯ рӯзи даҳуми июл, ҳангоми суханронияш, дар хитоб ба мардону ҷавонони тоҷик гуфт, “таърихи миллати соҳибтамаддуни мо ягон вақт ҳодисаи аз ҷониби ҷавонмардони худ ба хориҷа бурда, фурӯхтани зани тоҷикро ёд надорад. Куҷо шуд нангу номуси миллӣ, ватандорӣ ва виҷдону имони мусулмонии мардону ҷавонони мо?!”

Раиси ҷумҳур афзуд, “шахсоне, ки барои қонеъ сохтани нафси бади худ занону духтарони мардумро бо роҳи фиреб ба хориҷа бурда мефурӯшанд, тасаввур намекунанд, ки агар касони дигар бо духтарони онҳо ҳамин амали нангинро раво бинанд, ҳолашон чӣ мешавад”.

Бо зикри ин нукта Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти додситонӣ, Вазорати умури дохилӣ, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи занон, Кумитаи дин ва Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон хост, бо қабул шудани қонуни нав “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” муборизаро бо ин зуҳурот пурзӯр намоянд.


Зикри нооромиҳо дар хориҷ ва даъват ба ҳушёрӣ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки яке аз сабабҳои асосии ташкили ин мулоқот зиёд шудани арзу шикоятҳои мардум аз болои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сохторҳои қудратӣ ва дигар мақомоти идораи давлатӣ мебошад. Ӯ мансабдоронро ба масъулиятшиносӣ даъват намуда, дастур додааст, ба арзи мардум фавран расидагӣ карда шавад. Эмомалӣ Раҳмон аз равандҳои номатлуби сиёсӣ ва ноустувории авзоъ дар минтақаю ҷаҳон ва ҳамчунин аз вазъи кунунии ҷиноӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратиро ба омодагии хуби касбӣ, ҳушёрию зиракӣ даъват намуд.

“Разбор”-ҳои маргбори мактаббачаҳо

Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин афзоиши ҷинояткориро миёни ноболиғон мояи нигаронӣ хонда, зикр намудааст, ки агар дар соли 2010 ноболиғон дар қаламрави кишвар 530 ҷиноят содир карда бошанд, ин шумора дар соли 2013, 33 дарсад боло рафта, ба 725 расидаааст: “Ҷинояти авбошии фоҷиабор аксар ҳолатҳо дар заминаи муноқишаҳои байнимактабии наврасону ҷавонон сурат мегирад, ки бештар дар Душанбе ба назар мерасад.” Дар идома Эмомалӣ Раҳмон аз бемасъулиятии баъзе падару модарон интиқод намудааст, ки ба фарзандони ноболиғашон имконияти идора кардани воситаҳои нақлиётро дода, ҳаёти худи онҳо ва дигаронро зери хатар мемонанд.

Ҷазои ронандаҳо барои қонуншиканӣ сангинтар мешавад

Дар идомаи баррассии садамаҳои нақлиётӣ раисиҷумҳур илова намудааст, “роҳу нақбҳои мошингарди сатҳи ҷаҳонӣ сохта ба истифода додани мо на ба он хотир аст, ки суръати ҳаракати мошинро аз меъёр зиёд намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар гузорем”. Ӯ дастур додааст, ҷазои маъмурию ҷиноятӣ ва моддӣ барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, хусусан барои рондани мошин дар ҳолати мастӣ ва боис шудан ба садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва ҳамчунин роҳ додани ноболиғон ба сари чамбараки мошин бояд шадид карда шавад: “Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузории ин соҳа таҳия ва ба ҳукумати кишвар пешниҳод карда шавад.”

Хулосаи президент: “Ҳанӯз ҳам силоҳ дар дасти афроди ҷиноятпеша мавҷуд аст...”

Эмомалӣ Раҳмон бо зикри афзоиши ҷиноятҳо бо истифода аз яроқу аслиҳа хулоса кардааст, ки “ҳоло ҳам яроқу аслиҳаи ғайриқонунӣ дар дасти шахсони ҷиноятпеша мавҷуд аст”. Ӯ дастур додааст, барои дарёфту мусодира намудани аслиҳаи оташфишон аз дасти нафарон ва гурӯҳҳои ҷинояткор чораҳои муассир амалӣ карда шаванд.

Амалиёти ғайрикасбии мақомот зарба ба обрӯйи ҳукумат аст

Аммо раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки амалиёти мақомот касбӣ ва бомасъулиятон гузаронда шаванд: “Барои дар сатҳи зарурӣ ва босифат анҷом ёфтани фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи кадрҳои соҳа ва сатҳи донишу малакаи касбии онҳо зарур аст. Ҳар як амали дар сатҳи ғайрикасбӣ, бесифат ва ё бе масъулияти зарурӣ иҷронамудани кормандони соҳаҳои номбурда зарба ба обурӯ ва нуфузи давлату ҳукумат мешавад.”-афзудааст Эмомалӣ Раҳмон


Э. Раҳмон: “Агар бо духтарони онҳо ҳамин амали нангинро раво бинанд, ҳолашон чӣ мешавад?”

Э. Раҳмон: “Агар бо духтарони онҳо ҳамин амали нангинро раво бинанд, ҳолашон чӣ мешавад?”

Э. Раҳмон: “Агар бо духтарони онҳо ҳамин амали нангинро раво бинанд, ҳолашон чӣ мешавад?”

Э. Раҳмон: “Агар бо духтарони онҳо ҳамин амали нангинро раво бинанд, ҳолашон чӣ мешавад?”

Э. Раҳмон: “Агар бо духтарони онҳо ҳамин амали нангинро раво бинанд, ҳолашон чӣ мешавад?”

Э. Раҳмон: “Агар бо духтарони онҳо ҳамин амали нангинро раво бинанд, ҳолашон чӣ мешавад?”

Э. Раҳмон: “Агар бо духтарони онҳо ҳамин амали нангинро раво бинанд, ҳолашон чӣ мешавад?”

Э. Раҳмон: “Агар бо духтарони онҳо ҳамин амали нангинро раво бинанд, ҳолашон чӣ мешавад?”

Э. Раҳмон: “Агар бо духтарони онҳо ҳамин амали нангинро раво бинанд, ҳолашон чӣ мешавад?”

Э. Раҳмон: “Агар бо духтарони онҳо ҳамин амали нангинро раво бинанд, ҳолашон чӣ мешавад?”

Э. Раҳмон: “Агар бо духтарони онҳо ҳамин амали нангинро раво бинанд, ҳолашон чӣ мешавад?”

Э. Раҳмон: “Агар бо духтарони онҳо ҳамин амали нангинро раво бинанд, ҳолашон чӣ мешавад?”

Э. Раҳмон: “Агар бо духтарони онҳо ҳамин амали нангинро раво бинанд, ҳолашон чӣ мешавад?”

Э. Раҳмон: “Агар бо духтарони онҳо ҳамин амали нангинро раво бинанд, ҳолашон чӣ мешавад?”
Мӯҳр
ростгу
маншаи хамаи бадбахтихои миллати точик ин бесалохияти, форигболи ва бадкинагиву бепарвогии мансабдорони тасодуфи мебошанд на чизи дигар.

Шаҳрванд
Офарин ҷаноби Президенти кишвар. Барои раиси як кишвар ингуна суханронӣ мезебад. Хоҳиш доштем, ки ин нафарон ва касоне, ки ба онҳо ҳамкор ҳастанд дар телевизион нишон диҳанд, ки иқрор мекунанд аз кори хатои кардаашон ва ба суоли Президенти кишвар ба воситаи оинаи нилгун ҷавоб диҳанд.
Офарин Раиси муҳтарам, барои ин масъаларо бардоштан.

.
Командаи ФАС дода шуд. Дар рузхои наздик 505 сутенерро капида махкам мекунанд.

.
ростгу,

Не чура, танхо айби мансабдорон нест. Худи мардум аз одамгари кайхо баромадааст.

хайрон
Хар духтаре ки ба ин рох меравад сохиб падару модар бародар амаку таго язна ва холабачаю тагобача дорад. \\бо он ки миллати мо серавлод аст. \кучост номуси точики гурури точики гардани болои точики. \пайвандонамонро сохиби кунему аз каштали дигарон нагирем. ба гайбату дуругу шайтони ва бахили миллате чоеро нагирифтааст. ХУДО ин хислатхои бадро аз мо дур кунад. омин

хамаи ин фиску фасод аз бенавои аст. агар зисту зиндагии мардуми мо хуб мебуд ин кор намешуд.

инсоф,
Баъзехо як хел коммент менависан ба мисле ки дар хонаи худуш проблема нест, ма хайронум як бугард гирду атрофта нигох кун, дигар давлатора хаму проблемахо дар хамаи чо хаст. ду пеши фоиша нарай фоишахам як ду бор меброя дига мебина ки хичка намебара намеброя. хуласи гап хами гап ки ай хонаи худтон сар кунен. хар як проблемае хал намешава, и дарак аз он мета, ки проблема сари хаму чомеадахай.

99
Э-ээ, оқои Раҳмон!
Бубахшед, ки шумо ҳам, то ҳол ба ни дунё аз пушти панҷара менигаред ва гӯё дар асри санг зиндагӣ мекунед! Охир он одамрабоёну одамфурӯшон на ин ки номус доранд, балки одам нестанд ва барои чунин корҳо зану фарзандони худро низ мефурӯшанд! Чунин девсиратонро одам гуфтан нашояд ва ҷазои онҳо қатл асту бас! Ин соддагии тоҷикона моро хароб кардааст ва шумо ҳам то ба ҳол аз он набаромадаед!
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не ба-д он чашм, к-андар ӯ нигарӣ
гуфтааст, Рудакии бузург зиёда аз 1000 сол пеш. Вале ман 2 мисраи дигари онро каме тағйир медиҳам:
Ҳамчу дарёст аз гунаҳгорӣ,
Киштие соз, то ба-д он гузарӣ.

Зиндагии мардумро бехтар гардонед.Бечора мардум саросону саргардон ,дур аз ватану оилахои худ дар азоб аст.

Бисёр дарднок аст, ки ин Хукумат худро дар хама накшхо мегузорад. Президент гох мутахассиси барк мешаваду гох заминсоз, гох афсару гохи дигар фарханги ва инак дируз Рахмон худро дар накши Прокурори генерали нишон дод.

Зафар.
Чаноби Оли бамаврид кайд карданд, то кай ин ашхоси худобехабар ба хотири чор танга шуда фарзандони ба чон баробари дигаронро ба савдо мезананд. Ин барои миллати бофархангу сохибтамаддун шармандагист.

Точикистони
Ташаккури зиед ба Э Рахмон бисер хушнуд гардидаам ки ин масъала аз мадди назари рохбарияти кишвар дур намондааст.Хамватанони азиз барои чи мо дар хама масъала президенти кишваро танкид мекунем харкас бояд худ проблемаи зиндагияшро хал кунад ин вазифар президенти кишвар нет дига кор надорад ки аз паи хал мушкили зиндагии хар яки мо шавад пас корои давлатдоири ки пеш мебара .Барои хами хар кас бояд барои зиндагии хуб талош намояд .Президентай гуфта гунахгор шуд ХАМИ ТИНЧИ ВА ОЗОДИ БАРОИ МО БАСАНДАЙ...

tj
Офарин Чоноби Оли

Bachahoro ki az namozu masjid bozmondi ana razbir mekunandu mekushand......ziddi din ki jang elon karda zanonro ozodii ziyoda dodi....ana tanfurushiu kudakfurushi mekunand

сабаби ин хама аз худо руй гардонидану риоя накардани шариат аст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)