Бахшҳо
10 июл 2014 13:27Тоҷикистон / Сиёсат

“Дар саффи мақомот ҳанӯз шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ ҳастанд”

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ дар маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Додситонии кулли Тоҷикистон аз вуҷуди шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ дар сафҳои мақомот нигаронӣ кард. Эмомалӣ Раҳмон ин ҳарфҳоро рӯзи 10 июл, ҳангоми баршумурдани парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи кормандони мақомоти қудратӣ баён дошт.

Ӯ гуфт, аз соли 2010 то кунун нисбат ба 1 ҳазору 211 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз ва тафтиш шудааст. Аз ин ҳисоб, ба гуфтаи раиси ҷумҳур, ба Вазорати умури дохилӣ - 406 нафар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ - 112, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ - 170, Вазорати дифоъ - 261, Гвардияи миллӣ - 34, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ - 20, Агентии назорати маводи нашъаовар - 11, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия - 6, Вазорати адлия - 28, прокуратура - 18, судҳо - 32, мақомоти андоз - 77 ва Хадамоти гумрук 69 нафар рост меояд.

Инчунин, ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, аз соли 2010 то имрӯз 58 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. “Маълум мешавад, фаъолияти роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ доир ба тарбияи кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон ва аз рӯи технологияҳои пешрафтаи кадрӣ интихобу ҷобаҷо кардани онҳо ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ нест”,-таъкид дошт раиси ҷумҳур.

Дар ҳоле ки ба таъкид ҷаноби Раҳмон, “мардум ба фаъолияти давлат мувофиқи рафтору кирдори кормандони прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, садоқати онҳо ба Ватан ва давлату миллат, поквиҷдонӣ, сатҳи касбиву салоҳият ва маърифатнокиашон баҳо медиҳанд. Яъне ҳар қадаре, ки мардум ба шаффофияти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эътимод дошта бошанд, қудрату тавоноии давлат ҳамон қадар зиёд гардида, адолати иҷтимоӣ ва зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат таъмин мегардад”.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ гуфт, “ман ба ҳар яки шумо бовар карда, роҳбарии ин ё он соҳаро ба зиммаатон гузоштаам. Яъне, ман ҳамчун роҳбари давлат ва кафили Конститутсия ва ҳар яки шумо ҳамчун роҳбари ин ё он сохтору мақомоти давлатӣ дар назди халқи азизи кишвар масъулияти баробар дорем. Фаромӯш накунед, ки иҷрои ин масъулият аз ҳар кадоми мо заҳмати шабонарӯзӣ, фаъолияти содиқонаву софдилона ва муҳимтар аз ҳама, поквиҷдонӣ, дасту дили пок, нияти нек, азму иродаи қавӣ, садоқат ба Ватан, миллат ва давлат, инчунин аз ҳама гуна манфиат боло гузоштани манфиатҳои милливу давлатӣ ва суботу оромии кишварро мехоҳад”.
Мӯҳр
.
Гап-гап-гап....натича хеч чиз

АБИТУРЕНТ
ФАКАТ ГАПИ ХОЛИ. ШУКРОНАИ ИН МИЛЛАТУ ДАВЛАТ КУНед. ))

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)