Бахшҳо
10 июл 2014 15:43Тоҷикистон / Сиёсат

Номи Раҳмон дар қатори Сталин, Қаззофӣ ва... Хумайнӣ дар китоби “Падарони ҳамаи мардум”

Исми Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба китоби “Падарони ҳамаи мардум” ворид шудааст. Дар ин китоб раҳбароне гирд оварда шудаанд, ки атрофи номашон кеши шахспарастӣ шакл гирифтааст.

Аммо президенти Узбакистон Ислом Каримов ба ин феҳраст шомил нашуда. Ба иддаои муаллифон, дар Узбакистон аксҳои бузурги Каримовро зиёд намебинед. “Каримов дар ин қатор нест”, - гуфтааст Томас Кунце, муаллифи китоби “Падарони ҳамаи мардум”.

Китоби мазкур чанд ҳафта қабл дар Олмон нашр шуда, иҷозатномаи аввалинро барои чопи он дар хориҷи кишвар Қирғизистон дарёфт кардааст ва ҳоло онро нашриёти “Алтын Тамга”-и Бишкек ба нашр расондааст.

Ба китоб беш аз 20 шахсияти таърихи муосир, ки шахсиятпарастӣ ба таври васеъ атрофи онҳо шакл гирифтааст, шомил шудаанд. Аз ҷумла номҳои Гитлер, Сталин, Мао Ким Ир Сен, Қаззофӣ, Хумайнӣ, Сафармурод Ниёзов, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Нурсултон Назарбоевро онҷо вохӯрдан мумкин аст.
Мӯҳр
Аку хами олмонихо то холо хам аз руи Гитлер -акошон дар дунё шармандаанд ва чи кор карданшона намедонанд. Ин китоби чопкардаащон факат ба хамон Гитлер дуруст меояду халос. Ин олмонихо аз кадом давлат ё президенте, ки алам доранд, номи он президентро овардаанд.

Донишчу
Хамаи ин "падарон" шахспарасти ро барои тахкими кудрати хеш истифода карданд, вале баъзеяшон ин кудратро барои миллатхо сарф карданду бо як либоси танашон рафтанд. Мисли Сталин ва Хумайни. Яъне, барои худ ва хонаводаашон ин шахспарастиро истифода накарданд. Барои хамин, дар катори онхо овардани дишар шахспарастонро ки факат кудрату молро мехоханд, чандон хуб нест. Дар харду холат шахспарасти хаст, ки хеле бад мебошад, вале фарк хам хаст байни онхо.

Донишчу,
Писари Сталин дар 27 солагӣ генерали авиатсия шуда буд. Магар инро Сталин намедонист? Чаро нагуфт, ки "Ҳой, лаганбардорон, ин коре ки мекунед, хуб нест!" Дар бораи зулми режими Сталин қиссаҳо зиёданд. Инҷо фақат яке аз онҳо: Боре дар фасли зимистон дар Русия бачаҳои хурд як ҷо шуда, болои барф бозии шошакунак мекунанд. Яке аз онҳо бозиро монда, болои барф бо шошааш С Т А Л И Н менависад. Сабаб дар инки, шабу рӯз исми Сталин дар забонҳо буда ва дар зеҳни ҳама нишаста буд. Бача дигар калима наёфта, ҳамин калмаро зудтар ба хотир оварда будааст. Чӣ мегӯед ки, ин "ҷиноят" базуди дар маҳалла овоза шуда, садо ба "боло" меравад. КГБ омада падару модарашро ҳабс мекунад ва бачаро ба ятимхона равона мекунанд.

Чаноби Оли Рахмонов бехтарин шахсият аст

дониш душанбе
Имруз тамоми ин одамони хирадманро бо маколахои яхудиен ба чашми халк бад мекунанд.Аввало ин рохбархо ба яхудхо шароити аловмони надоданд.Агар онхоро озод мемонданд инхо чахонро оташ мезаданд.Имруз ки мисли он рохбархо нест яхудихо хама чо алов мезананд

тоҷик
РОМА,
ин гапро нагу айб аст е аз ҷаноб ба ту чизе мерасад

дониш душанбе,
Вақте худамон ношуд ва нокомем, кӯшиш мекунем дигарҳоро айбдор ҳисобида, ҳамаи камбудиҳоро ба сари онҳо бизанем. Яъне, аламро аз онҳо бигирем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)