Бахшҳо
10 июл 2014 17:08Тоҷикистон / Иқтисодӣ / Акс

АКС: Дӯконҳои холӣ ва бастаи гӯштфурӯшӣ дар Душанбе

Дар пайи даъвати Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, ба инсоф ва насби дурбинҳои назоратӣ сокинони пойтахт аз набудани гӯшт дар бархе аз бозорҳо шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, тайи чанд рӯзи охир бархе аз гӯштфурӯшон фаъолияти худро ногаҳон қатъ кардаанд ва ё гӯштҳоеро аб фурӯш мебароранд, ки зоҳиран хеле истодаанд ва ҳайвони харобанд.

Холаи Назира, сокини пойтахт ва муштарии доимии бозори “Шоҳмансур” низ аз ин иқдоми ногаҳонии қассобон нигаронӣ карда, гуфт, ҳоло бо нархи 40 сомонӣ низ ӯ наметавонад, гӯшт харад. “Намедонам, ба ин гӯштфурӯшон чӣ шудааст?! Ҳамаашон яку якбора ғайб задаанд ё барои фурӯш гӯшти хуб надоранд. Ҳама мегӯянд, ба хотири он ки онҳоро барои поин бурдани нархи гӯшт дар моҳи Рамазон маҷбур кардаанд. Аз барои савоб ин хел намешавад. Рости гап, ҳамон вазъи пештара беҳтар буд, чун қиммат ҳам буд, гӯшти хуб ёфта мехаридӣ, ҳоло чӣ?”- афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, яке аз қассобони пойтахт, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, сабаби холӣ будани дӯконҳо иқдоми иҷбории мақомот барои поин бурдани нархи гӯшт аст. Ӯ дар шарҳи гуфтаҳояш афзуд, “чаро қимати кунҷораю чигит ва нархи иҷораи дӯконҳо боло равад, иҷоза асту нархи гӯшт не? Агар мақомот мехоҳад, дар моҳи Рамазон нархи гӯшт поин равад, бигзор дар ин моҳ ҳаққи иҷораи моро кам кунанд ва мо низ аз ҳисоби он нархро поин барем. Мо говро аз кӯча қапида кушта намефурӯшем...”

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи ҳукумати кишвар, ки 30 июн баргузор гардид, низ аз болобарии сунъии нархи маводи ғизоӣ, хусусан гӯшт дар моҳи шарифи Рамазон изҳори нигаронӣ карда, барои муайян намудани сабабҳои он дастур дода буд. Раиси ҷумҳур таъкид намуд, дар моҳи шарифи Рамазон, мувофиқи расму оин ва суннатҳои мусулмонӣ, нархҳо бояд арзон карда шаванд на баръакс.

Баъдан шаҳрдори Душанбе низ аз тоҷирон ва соҳибкорони пойтахт даъват кард, ба хотири дастгирии табақаҳои ниёзманду иҷтимоии шаҳр ва дарёфти савоби моҳи мубораки Рамазон нархи 20 навъи маводи ғизоӣ, аз ҷумла гӯшт, орд, нон, равған, биринҷ, макарон, шакар, шир, тухм, сабзӣ, картошка, пиёз, чакка, бодиринг, помидор, карам, тарбуз ва харбуза то 10% ибтикоран поин бурда шавад. Инчунин, раҳбарияти бозорҳои пойтахт, аз ҷумла бозори “Шоҳмансур”, “Саховат”, “ Деҳқон” ва бозори “Қарияи боло” муваззаф гардиданд, фурӯши гӯшти гов бо нархи 36 сомонӣ дар моҳи Рамазон ба роҳ монда шуда, ба фурӯш гузоштани равғани чарбу аз сӯи қассобон манъ карда шавад.


АКС: Дӯконҳои холӣ ва бастаи гӯштфурӯшӣ дар Душанбе

АКС: Дӯконҳои холӣ ва бастаи гӯштфурӯшӣ дар Душанбе

АКС: Дӯконҳои холӣ ва бастаи гӯштфурӯшӣ дар Душанбе

АКС: Дӯконҳои холӣ ва бастаи гӯштфурӯшӣ дар Душанбе

АКС: Дӯконҳои холӣ ва бастаи гӯштфурӯшӣ дар Душанбе

АКС: Дӯконҳои холӣ ва бастаи гӯштфурӯшӣ дар Душанбе
Мӯҳр
Бозорбой
агар хукумат сару кор нагирад, бозорро худи халк ба танзим медарорад ва тарбия мекунад, эътирози гущтфурушон асос дорад, аккалан дахолат накунед, халк забони якдигарро меёбад ва таъсир расонида метавонад.

Гарибшох....
Эй гуштатон аз саратон монаде ...ду хафта пас Рамазон мегузарад..гушти шумо буй мегирад..хей дуконхоятон оташ гираде ..киргинатон барод шумоена ..хаматон бозоршино бенисоф ..мохи моен гуфта шарм намедоред..муред ман гуш намехарам аз шумоен ..хей захратон шавад пули фиребатоне....

Гӯштфурӯшон рӯяшонро сиёҳ накунанд. Пеш аз Рамазон бо 36 сомонӣ 1кг гӯшти хуб пайдо мешуд. Чӣ, магар мақомот сари онҳо фишор оварда, ки 1кг гӯштро 34 сомонӣ фурӯшанд? Ҳеҷ гоҳ! Худи қассобон мехостанд чун анъанаи ҳарсола нархи гӯштро бардоранд. Ҳамин тавр ҳам карданд. Акнун ба 36-38 сомонӣ 1кг гӯшти лоғару бетабро мехарӣ. Баҳона - гов нест. Говҳо дар айлоқанд (чарогоҳанд). Хайр, бигзор говҳо дар айлоқанд. Пас, чаро гӯшти бесифати назарногирро бо нархи гӯшти хушсифати пешина мефурӯшанд? Ин гӯште, ки ҳоло дар фурӯш аст, 1 кг ба 30 сомонӣ ҳам намеарзад. Мебинедки пас аз рамазон говҳо аз айлоқ мегарданду растаҳои гӯштфурӯшӣ аз гӯшти хуб пур мешванд, вале бо нархи хеле баланд - 40-42 сомонӣ 1 кг. Ҳар сол ҳамин хел аст.
Аз тарафи дигар, чаро ҳукумат наметавонад дар ин замина иқдоме бигирад. Ҳар сол дар кишвари Австралия барои кам кардани рақобат ҳазорҳо тан гусфандро ба тарзи сунъӣ нобуд мекунанд (мепарронанд). Намешавад, ки бо онҳо гуфтугӯ каарда, воридоти гӯштро ба роҳ андозанд. Бо киштӣ то бандарҳои Эрон оварда, аз онҷо бо трейлерҳо ба Тоҷикистон кашида шавад. Рақобати гӯшт, ки пайдо шуд, нарх ҳам боло намеравад. Агар ҳамин мурғҳои яхини амрикоӣ набошанд, нархи гӯшт умуман ба осмонҳо мехезад. Мешудаст ку оварда. Ана ҳамин хел гӯшт ҳам ворид кардан даркор. Бозорро фақат бозор мезанад. Дигар роҳ нест.

Тбилиси
Инчо мафияи зидди президент кудрати худро нишон дода истобааст ки дигар гапи президентро хатто хукуматихояш намегиранд. ин мафияи худи хукуматихо аст ки кам кам ихтилофхояшон руи об баромада истодааст. зури ин милисаву хукумат факат ба ду се ба ном муллое мерасад ки аз бепули ру ба даму дуъо овардаанд ки дарав дар тв нишонашон медиханд. ин хам давлатдори шуд охир ???????

харят ки нагуфтен хнит гунахгор аст ой хукуматдорон аз дастатон хеч чиз намебиёд. шуморо факад барои порахур ва зулм кардан дар хаки халки худ метонед! натавонед хукуматро ба пеш бурда монед чаноби устод Мухиддин Кабири пеш барад

ООООй мардум намешавад, ки мо хамаамон аз хамин гушт хури дар як мохи шарифи рамазон нафсро бандему гуштро тамоман нахарему нахурем аз гушт даст кашем. Хамаи Шумо медонед, ки гушт умрамонро кутох мекунад. Бад мебинем, ки гуштфурушон бо гуштхояшон рафта дар хонахояшон худашон бо кудаконашон бо сагу пушакхояшон буй гирифта хурдан мегиранд.

Хайванкуш
А бача шолипояра шав гузаштаи худут ахи дар у вакти ту раптаги хама ханахош раптаги ту худаш баъди соати кори раптаги дуканаи халира сурат гириптаги. Енду худуш аз сахар бияи хама при гушти хайвонай

А-а
Юсуф,
Фикри бисьёр хам хуб гуфти гуштфурушон ба хар бахонае мехоханд нархро боло баранд ва айбро ба хар кучо мепатоянд. Ин ананаи харсола ба онхо дард шудааст. Омад-омади мохи шарифи рамазонро поида мешинанд. Хайфи шумобарин мусулмонон. Мардум якбор гушт нахаред пас мебинед гушти онхоро ки мехарад.

Ба хамаи шахрвандон Дикат, дикат !!!!!!! Аз хамин руз иборатан гушт хурдан бас. Гушт хурданро кам кунед.

кассоб
бояд идорахои Точикматлубот дар мохи шарифи рамазон бо пули худ гов харида фурушанд баъдан нархи гушт ба эътидол меояд ин конуни бозор хаст гушт кам шуд талаботаш зиёд нарх боло мехезад

Дар падари ин хел гуштфурушони "мошенник" хазор лаънат. Хайфи шумо барин ба ном "мусулмон", ин пули харом аз хисоби нархи хавоии шумо насибатон намегардад, хеч гох!

Али,
Каромат,
Мешавад!!! Хоҳед бовар кунед, нахоҳед не. Ман аз оғози моҳи шарифи Рамазон фақат як маротиба 1.5кг гӯшт харидам. Дигар ҳар рӯз назди растаҳои гӯшт меояму дилам аз намуди гӯштҳо шӯрида, аз аҳдам мегардам. Аёлҳо барои ифтор аз сабзавот самбусаву дигар намуди хӯрок тайёр мекунанд. Масалан, аз карам, картошка, пиёз, нахӯд беҳтарин самбусаи дегин ё дар оташдон (духовка) пухта мешавад. Мастоба бо чака беҳтарин ғизо барои меъдаву рӯдаҳо ҳисоб мешавад. Меваҳоро намегӯед! Ба нархи 1кг гӯшти "саг" (36 сом) - 1 кг гелос (12сом), 2кг зардолу (10сом), 1 дона тарбузи хуб (7сом) ва 1 дона харбузаи хуб (7сом) харидан мумкин. Мебинедки мизатон пур аз нозу неӯмат шудааст. Ба 7 сомонӣ 1кг олучаи сиёҳак харед, аз он барои ду рӯз (0.5 кг) нӯшобаи яхин (компот) тайёр мешавад. Модоме мақомот пеши роҳи шармандагиро дар бозори гӯшт гирифта наметавонад, ё худаш онро ташкил мекунад (барои шарманда кардани президент ЭР), ягона чора бойкот аст. Маслиҳат ҳаминки, дигар касе ба дӯкони гӯштфурӯшон наздик нашавад. Ҳам асаб ором мешаваду ҳам киса пур хоҳад монд.

ДОНИШЧУИ АСР
БАЛЕ БАРОДАР РОСТ ГУФТИ . АГАР ХУКУМАТ МЕХОСТ АЗ ХИСОБИ ХУД НАРХУ НАВОРО АРЗОН МЕКАРД . ВАЛЕ МУТАЪСИФОНА ХУКУМАТ ДОИМ МЕХОХАД КИ МАРДУМ ХАМАРО АЗ ХИСОБИ ХУД МЕКУНАНДУ БА НОМИ ХУКУМАТ АФОРМИТ ШАВАД . МАРДУМ ХАМ ГАРАНГ ВА АХМАК ДИГАР НЕСТАНД . АГАР ИЧОРА ПУЛИИ ДУКОНХОРО ПОИН МЕКАРДАНД . КУНЧОРАВУ ХУРОКАИ МОЛРО АРЗОН МЕКАРДАНД . МАРДУМ ХУД АЛХАМДУ ЛИЛЛОХ МУСУЛМОНАД ХУД АКЛ ДОРАНД ТО ХАДДИ ИМКОН АРЗОНТАР ФУРУШАНД ВА САВОБХОЕРО КАСБ КУНАНД .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)