Бахшҳо
11 июл 2014 11:54Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Таҷлили 57-умин солгарди имоматии Оқохони IV дар Тоҷикистон

Имрӯз, 11-уми июл пайравони исмоилияи Тоҷикистон, ки теъдодашон беш аз 200 ҳазор арзёбӣ мешавад, 57-умин солгарди ба тахти имомат нишастани имоми 49-уминашон- Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV-ро таҷлил мекунанд.

Исмоилиёни Тоҷикистон, ки аксарашон дар Бадахшон иқомат доранд, изҳор медоранд, ки ин санаро чун тамоми исмоилиёни ҷаҳон ба таври густардаву барномаҳои мухталифи фарҳангию маърифатӣ ҷашн мегиранд.

Оқохони IV имоми 49-умини исмоилиён, ки шаҷараашон аз нахустин имом, Ҳазрати Алӣ оғоз мешавад, рӯзи 11-уми июли соли 1957, дар синни 20-солагӣ баъди бобояш Султон Муҳаммадшоҳ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шуд.

Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ 13 декабри соли 1936 дар Женеваи Швейтсария таваллуд шуда, дорои дипломи таърихи Ислом аз Донишгоҳи Ҳарвард аст. Ӯ бунёдгузор ва сарвари «Шабакаи Рушди Оқохон» (AKDN) мебошад, ки аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта дар соҳоти гуногуни Тоҷикистон фаъолият дорад.
Мӯҳр
Тахти зарринат муборак бошад

Расул
Ана Огохон 57 сол шуд дар сари тахт нишастааст. Рахмон хамаги 22 сол нишастааст, лекин мо точикон уро ба худкомаги муттахам мекунем.

лоик
Бародари азиз тахти ин волохазрат давогарнадорад ва он интихоби нест ва моли авлодиаш.Аммо Точикистон барои миллати точик ва курсии он аз падари ягон кас нест ва моли халк аст.Президент интихобшаванда аст ва насиби шахси лаекатманд дар муддати муаяни аз руи сарконун мебошад на аз як шахс.

"Оқохони IV" не, дурустараш "Оғохони IV" fellow

точикписар
Расул,
Бародар бедор шавед. Якбор аз сарконуни давлат дидан карда шинос шавед бо моддахои марбута. Ин хел фикрихои хомро наменависанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)