Бахшҳо
11 июл 2014 12:48Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Шукурзода дар бораи “ҳила”-ҳои нави тоҷирон барои фиреби мизоҷон

Бахтиёр Шукурзода, раиси “Тоҷикстандарт” мегӯяд, тоҷирони кишвар барои фиреби мизоҷон аз усулҳои нав кор бурда истодаанд.

Шукурзода, рӯзи 11-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки баробари пурзур шудани муборизаашон бо маҳсулоти пастсифат савдогарон низ “ҳила”-ҳои навро ихтироъ мекунанд: “Талош мекунанд, маҳсулоти пастсифат ё мӯҳлаташ гузаштаро фурӯшанд. Нишондиҳандаҳои муҳлати истифодаи молашонро тоза карда, дигар мекунанд. Мо ҷазоро вазнин карда истодаем. Корро мо нафақат бо роҳи назорат, балки бо усулҳои фаҳмондадиҳӣ низ пеш бурда истодаем”.

Раиси “Тоҷикстандарт” барои тоза кардани бозорҳои кишвар аз маҳсулоти пастсифат таъкид намуд, ки шаҳрвандон низ бояд фаъол бошанд ва дар сурати ифшои камбудие ба мақомот хабар диҳанд.

Дар робита ба натиҷаҳои фаъолияташон дар моҳи Рамазон масъулини “Тоҷикстандарт” мегӯянд, давоми 10 рӯз аз бозорҳои шаҳри Душанбе 400 тонна нушокиҳои навъи Piko-и истеҳсоли Қирғизистонро аз фурӯш гирифтаанд: “Дар ин давра ҳамчунин 45 тарозуи чинӣ, ки истифодаашон манъ аст, аз фурӯшгоҳу бозорҳои пойтахт мусодира шудаанд.”
Мӯҳр
Darvesh
Janobi Rais 1 savol? Oyo Shumo khud zaboni khitoiro medoned????? Agar nadoned I kursiro kholi kuned!!!

Фарух
Раис мо хабар мекнему лекин шумо ягон сумша мегирен сарш метен, баъд чи фоида...

Фарух,
Дуруст гуфтӣ. Агар дар тамоми дунё харидор шоҳ бошад, дар Тоҷикистон савдогар, фурӯшанда ва аробакаш шоҳанд. Онҳо метавонанд моли бесифатро бо нархи баланд фурӯшанд (монанди гӯштфурӯшҳо), ба сари харидор фарёд зананд, ба моли фурӯхташуда квитансия надиҳанд, молро дубора гашта нагиранд, кормандони андозро бо "аҳли оилаашон бихаранд". Аробакашон чапу рост ба пойҳои шумо бизананд ва бахшиш напурсанд. Агарчи шикоят мекунед, аксари ҳолатҳо шикоятдиҳанда худаш дар бало мемонад, системаи даъво ҳамин хел сохта шудааст. Агар шикоятро давлат худаш "ташкил" накунад... Аз ин хотир касе ба кучое шикот намебарад. Аламро фурӯъ мебаранду бас.

666
Ин хел бошад чаро хама молу коло ба забони гайр(яъне точики-давлати)нест чора намебинед хама кур курона мехарем ва дар он чи навишта шудааст намедонем дар конун хаст е на агар бошад ки бояд назорат барад?

666,
Мақомоти Тоҷикистон то ҳадди қазоқҳо ғурӯри миллӣ надоранд. Қазоқҳо забонашонро забони интернет карданд. Ҳар маҳсулоте, ки ба Қазоқистон ворид мегардад, шарҳ бо забони қазоқӣ дорад. Доруҳора бинед! Роҳбарони Тоҷикистон аз паси сарватандӯзӣ мебошанд. Ҳоло ба дараҷаи кофӣ молу дунё ҷамъ накардаанд. Онҳоро ғами забони модарӣ чӣ? Аз тарафи дигар, ҳама чизро ба забони русӣ вогузор кардаанд. Аз тарси русҳо - хоҷаҳояшон. Русия ҳамеша сарашон фишор меорад, ки "русский язык в Таджикистане должен остаться!" - забони русӣ дар Тоҷикистон бояд бимонад. Сеюм инки ақлашон намерасад, ки фалону бисмадон корро кардан даркор. Барои онҳо манфиати миллӣ донаи арзан барин қадр надорад. Манфиати кисааашон бошад бас. ЗАБОНИ ТОҶИКИРО ФАҚАТ ВА ФАҚАТ ХАТИ ФОРСӢ НАҶОТ МЕДИҲАД. Онҷо ҳама чиз тайёр аст. Чизеро тарҷума кардан даркор нест.

Куҷков
Юсуф,
ва
666,
Қонун дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ончиро шумо зикр кардаед танзим мекунад ва истешсолкунандаро муваззаф мекунад, то маълумот дар бораи маҳсулотро ва таркиби онро ба забони давлатӣ нишон диҳад. Вале сад афсус, ин чиновникҳои мо ин бандро як статяи долябандӣ кардаанду халос.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)