Бахшҳо

Ҳамлаи Исроил ба Ғазза ва 100 куштаву 670 нафари маҷруҳ

Шумораи қурбониёни навори Ғаззаи Фаластин дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии мусаллаҳонаи нерӯҳои Исроил ба ин минтақа наздик ба 100 нафар расидааст.

Ба иттилои Шабакаи телевизионии “ал-Ҷазира”, 98 нафар аз сокинони Ғазза кушта шуда, беш аз 670 нафари дигар ҷароҳати вазнин бардоштаанд. Манбаъ мегӯяд, теъдоди зиёди қурбониёнро пиронсолон ва кӯдакон ташкил медиҳад.

Бо ин ҳол, ҳамлаҳои ҳавоии ҳарбии Исроил ба ин минтақаи анклавии Фаластин идома дошта, бештар манозили зисти аъзои фаъоли Ҳаракати Ҳамос мавриди ҳадаф қарор дорад. Ин шабакаи телевизионии арабзабон овардааст, нерӯҳои ҳавоии Исроил рӯзи ҷумъа - 11 июл манзили зисти Ғанном, яке аз сокинони Ғаззаро бомбаборон кардаанд. Дар натиҷа 5 узви ин хонавода ба ҳалокат расида, тақдири аъзои дигари зери хокмондаи он ҳанӯз маълум нест.

Ин ҳамлаҳои хунини Тел-Авив дар ҳоле ба ин қисмати анклавии Фаластин шуруъ гардид, ки се тан аз ҷавонони исроилӣ рӯзи 12 июни соли ҷорӣ аз сӯи афроди номаълум дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун рабуда шуда, ҷасади онҳо баъд аз чанд рӯз пайдо гардид. Мақомоти қудратии Исроил дар ин қазия Ҳаракати Ҳамосро муттаҳам карда, садҳо тан аз фаъолони вобаста ба онро боздошт кардааст. Рӯзи 3 июли соли ҷорӣ низ як ҷавони фаластинӣ дар Каронаи бохтарӣ рабуда шуда, баъдан ҷасадашро пайдо карданд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои торнамои "ал-Арабия", Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони фаластинӣ рӯзи 11 июл гуфтааст, интизор меравад, амалиётҳои низомии артиши Исроил ба навори Ғазза то чанд соати дигар оғоз шавад. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Исроил барои оғози ин амалиёт иҷоза додаасту неруҳои он аз сокинони назди марзии навори Ғазза хостаанд, ҳар чи зудтар манозили зисти худро тарк кунанд, ки амалиёт шуруъ хоҳад шуд.

Навори Ғазза дар канори баҳри Миёназамин дар Ховари Миёна ҷойгир буда, аз қисмати ҷанубу ғарб бо Миср ва аз тарафи шимолу шарқ бо Исроил ҳаммарз аст. Масоҳати умумии он 360 километри квадратиро ташкил дода, ҳудуди 1 миллиону 300 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Беш аз 99 дарсади сокинони навори Ғаззаро мусулмонон ва 1%-и онро ақаллияти масеҳиёни фаластинӣ ташкил медиҳад.
Мӯҳр
саидчон
магар ин зулм нест дар ин моҳи муборак рамазон кудакони бегуноҳ ва муйсафедони бегуноҳро тарики ҳамлаҳои бадбахти яхуд карор гирифтан

Саьуди, Аморат, Катар, Ирон, Хамос, Абубакри Багдоди, ва ба тамоми у нафарони ки чиход элон карданд дар Сурияю Ирок мана бихишти шумо дар Газа! Худованд тамоми мардуми Газаро аз палидхо нигохбон бошад: ОМИН

Justice
Кани акнун хамон HRW, ки аз хукуки мардум оиди Рогун сухан карда буд, дар ин бора гап мезад. Ин ширкатхо хамма сагони хизматии амрикову исроиланд.

Justice
РОМА,
Шохони Сауди факат дар гами шиками калони худ хастанду аз холи мусалмонхо гам надоранд. Холи ин гуна шохон чи мешуда бошад.

ВАТАНДОР
ХУДО ЛАЪНАТ КУНАД ШУМОРО БО ЧУНИН КИРДОРИ ВАХШИЁНААТОН

Сино
Лаънат ба исроили госиб! Лаббайк яа Газза! Фластин дар калби мост!

осор
ирон кучо шуд акалан 100 ракетааш те самалёт медихи мусалмон мусалмона кушад инчо яхуд мусалмона нобуд кард ором шиштаи

Абдуращмон
Ин натиҷаи табаддулоти давлатӣ алайҳи ҳукумати ихвониҳо ва ба қудрат расидани Сисӣ дар Миср аст. Замони дар сари қудрат будани мусулмонон ин ҷуҳудон дар эзорашон тар карда буданд.
Мусулмонони ҳамаи мамлакатҳо як шавед!!!!

Justice,

Бародари азиз Рома,

Зурии мо дар он аст, ки мо дигар бародари мусалмони худро (дар мисоли ваҳҳобӣ-коммунист, шиа-суннӣ) аз пеши худ коффир бароварда, мулки ободи онҳоро (Тоҷикистон 1992-1997, Чеченистон 1996-2002, Ирок 2001-..., Афғонистон 2001-..., Либия ва Сурия 2010-...) валангор менамоем, хуни кӯдак, зан ва пири мусалмонро мерезонем, хонаашро хароб мекунем.

Музаффар Розиков
Худоё Фаластиниёнро кумак расон.Мусалмононро мутахид гардон Душманони Исломро халок гардон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)