Бахшҳо

Муфтӣ гуфт, ҷаннат арзон нест ва бо гап ба даст намеояд

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз сокинони кишвар даъват кард, дар моҳи Рамазон бештар ба кори хайру умури ибодат машғул бошанду даст аз тамошои филмҳо бардоранд.

Ӯ рӯзи 11 июл дар намози ҷумъа гуфт, “мутаассифона, бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон хариду фурӯши дискҳо афзоиш ёфта, бархеҳо аз субҳ то шом ба хотири гузарондани вақт кинову филмҳои силсилавӣ тамошо мекунанд, ки дар аксарияти онҳо на тарбияи руҳию на маънавӣ дида намешавад. Ҳатто бемаънигию расвогӣ низ дохили онҳо ҳаст.”

Раиси Шӯрои Маркази исломии Тоҷикистон таъкид дошт, ин гуна рӯза рӯза нахоҳад буду инсони рӯзадор бояд вақти худро дар ин моҳ ғанимат дониста, ҳамеша бо ёди Парвардигор бошад ва ба қавли ӯ, танҳо рӯзае, ки дар он сухану кирдор ва рафтори бад дида намешавад, инсонро мисли тифлаки навзод аз гуноҳ пок мекунад. “Ҷаннат арзон нест, он бо суханҳои беҳудаву хушку холӣ ба даст намеояд. Ҷаннат гарон аст, чун ҷои қиммату макони роҳат аст. Барои ба даст овардани ҷаннат инсон бояд хеле заҳмату саъю талош кунад. Тавре медонем, модели охирони мошини “Мерседес” ба осонию арзонӣ ба даст намеояд. Маблағи зиёд бояд ҷамъ кунӣ, ки ин модели охиронро соҳиб шавӣ. Бо 5 ё 6 ҳазор чунин мошин, ки дар дохилаш роҳат мекунӣ, соҳиб шуда намешавад”,-таъкид дошт ӯ.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба ҳисоб рафта, дар тақвими исломӣ баъд аз моҳи шаъбон ва қабл аз моҳи шаввол меояд. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Бар асоси қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имсол моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон субҳи 28 июн оғоз ва то 28 июл идома хоҳад ёфт. Тибқи тақвими ин ниҳод, мусулмонони Тоҷикистон дар шабонарӯз наздик ба 17 соат аз хӯрдану ошомидан худдорӣ мекунанд.
Мӯҳр
Огои Саидмукарам чаннат барои таимоми мусалмонхо бе пул аст одам метавонад бо аьмолхои некаш ба чаннат ворид шавад ба хости парвардигораш: Чаханнам гарон аст ки бинед одам вакти кори гайри шариати мекунад ба монанди зино, майнуши, ва гайрахо ба чт кадар сомон метавонад ин корхои зиштро анчом дихад ва дохили чаханнам гардад бо хости парвардигораш! Чаннат арзониш хамин ки

рафик Домулло, лекин дар Точикистон Мерседесу Хаммеру Лексусу ва гайра барои раисон ва фарзандони онхо ба осони ба даст меояд. Вагарна аз кучо дар Точикистон ин кадар мошинхои кимматбахо - мегуед аз мохона аст?????

Обид
Акаи Саидмукаррам
Ҳаму имомои худат мардума аз хайр кардан манъ мекунан. хаёл мекунан ки фитри рузаи онҳо сарф мешавад барои ҳамин мардумро мустақим ва ғайри мустақим аз корҳои хайр манъ мекунанд. Шумо ба мардум фаҳмонед, ки фитри рузаро мо бояд ва ҳатми ба имомон диҳем? Зеро зиндагии онҳо хуб аст ва камбағалон бошад вуҷуд дорад? Ислом чӣ мега? Ба камбағалу камбизоато ё ба имомо?

Кулоби
Масчидхора барои чанат махкам карди ?

Абдуллох
Сухани шумо ба чавононхам дахл дорад ë танхо аз 18 сола болоба дахл дорад. . А чавононро аз ибодат махрум мекуннду боз шапа шумо занед.

gol
Бовар кy Мусалмони хакики кам шида
Дигарора гап мезанем омо худамона назар
Намекунем

Дахри
Мардуми содда. Агар дузаху бихишт мебуд илм мавчудияти онхоро кайхо исбот мекард. Хамаи ин афсона аст. Бихишту дузах - хамааш дар хамин дунё аст. Инсон бояд зиндагиро ганимат донад ва сазовор зиндаги кунад. Ба умеди бихишт нашавед. Бо канд гуфтан дахон ширин намешавад.

Умар
Ман силсилафилми таърихиву тарбиявии Хазрати Умар(р)-ро тамошо карда истодаам ва ба онхое, ки гуфти муфти филмхои фахш тамошо мекунанд, тавсия медихам ин филмро дастрас карда, тамошо намоянд, то аз таърихи Ислом ва хулафои рошидин огах шаванд. Назари чаноби муфти оиди ин филм чи гуна бошад?

000
Абдуллох,
Э и гапа ай гҷо ёфти? Рост, дар масҷид вақте то 18 мумкин набошад барои калонсолора гапош мешава неки ба 18 сола ва майдаҳакора не. Ҳамихелай аки Муфти?? Ҳами сиволи мора ҷавоп медоден.

фируз
муфтии. авал худатон ислох шавед ба ба дигарон бифахмонед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)