Бахшҳо

Қирғизҳо монеи сафари 26 сокини Ворух ба Хуҷанд шудаанд

Сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара, ки ҳоло ҷазирақаламрав асту дар пайи тирпаронии 10 июли соли ҷорӣ роҳаш ба сӯи марказ баста гардид, аз эҷоди баъзе мушкилҳо шикоят доранд.

Онҳо мегӯянд, ба далели баста будани роҳ 26 хатмкунандаи мактабҳои миёнаи Ворух натавонистаанд барои имтиҳонсупорӣ ба Хуҷанд раванд. “Маълум нест, сарнавишти онҳо чӣ мешавад. Оё имтиёз хоҳанд дод, ё не?”,-пурсид яке аз мусоҳибони мо. Инчунин, ба гуфтаи онҳо, рӯзи ҷумъа марзбонҳои қирғиз иҷоза надодаанд, то як мошини Ёрии таъҷилӣ ба Ворух гузарад.

Ин дар ҳолест, ки то кунун музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба раҳбарии Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири кишвар ва ҳамтои қирғизи ӯ - Абдураҳмон Маматалиев ба анҷом нарасидааст. Вале бар асоси хабари расонаҳо, ҷонибҳо то ин дам тавофуқ кардаанд, ки як гуруҳи иборат аз намояндагони ду тараф ҳодисаи тирпаронӣ дар маҳалли Бедаки ҷамоати Ворухро, ки як куштаву ҳафт захмӣ боқӣ гузошт, таҳқиқ хоҳад кард.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳарбиёни қирғиз дар ҳоле ба сӯи сокинони осоиштаи Тоҷикистон оташ кушоданд, ки “онҳо дар ҳудуди заминҳои кишоварзии хоҷагии кооперативии “Ворух”-и ноҳияи Исфара бо корҳои гузаронидани қубури обгузар машғул буданд”. Бино ба иттилояи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ки баъд аз зуҳри 10 июл дастраси расонаҳо гардид, “ҳамин вақт ба назди онҳо марзбонони қирғиз, ки дар дидбонгоҳи “Тамдиқ” воқеъ дар қитъаи баҳсталаби сарҳадӣ хизмат менамоянд, наздик шуданд ва нисбат ба сокинони осоишта рафтори номатлуб зоҳир карда, талаби ғайриқонунии қатъи корҳо ва тарк кардани мавзеъро пеш оварданд. Марзбонони Тоҷикистон, ки дар наздикӣ воқеъ буданд, барои муайян кардани ҳолати бавуҷудомада, ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, кӯшиш карданд, то амалҳои ғайриқонунии марзбонони қирғизро боз доранд. Дар ҷавоб ногаҳон аз ҷониби марзбонони қирғиз тирпаронии нишондор оғоз гардид.”

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар ин замина ба Бишкек нота фиристода, гуфтааст, марзбонҳои кишвар дар ин ҳодиса аз силоҳ истифода накардаанд. Бо ин вуҷуд, мақомоти қирғиз бо пахши баёниҳо ҷониби Тоҷикистонро дар ин тирпаронӣ муттаҳам карда, ҳатто гуфтанд, гӯиё тоҷикҳо аз миномётҳо истифода кардаанд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон бо пахши иттилоияе гуфт, “ҳудуди 30 шаҳрванди Тоҷикистон азм доштаанд, аз қаламрави Қирғизистон аз дарёи Каравшин ба деҳаи Бедаки Ворух қубури об гузаронанд. Ҳайати марзбонони қирғиз ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, талаб кардаанд, ки кор қатъ шавад, чун ин минатақаи наздисарҳадӣ аломатгузорӣ нашудааст. Дар ҷавоб шаҳрвандони Тоҷикистон ба суи марзбонон санг партофтаанд ва марзбонон ба сӯи ҳаво тир холӣ намудаанд. Ҳайати марзбонони тоҷик, ки дар он наздикӣ қарор доштааст, ба сӯи қирғизҳо тир холӣ намудааст. Дар натиҷа миёни марзбонҳо тирпаронии кӯтоҳ сурат гирифтааст.”


Акс аз Азия-Плюс
Мӯҳр
Исфара
Точикам, дар ватани хеш, чаро муттахамам....

Ттт
Гузаронданд ин киргизхо. Мо бояд якчоя шуда ба мисли дигар миллатхо такдири ин заминхоро хал кунем. То хол ин заминхо демаркатсия шудаги нестанд. Ин заминхо, заминхо точикон аст то кай мо аз ин мугулон тарсида мегардем. Ба пеш!!!!

Сино
И панохгирии Умарали Куватов дар Киргиз окибатхои хуб доданд ку ...

Али Сугди
Аз сарвари Давлат Чаноби Оли ва Хукуматии Чумхурии Точикистон як хохиш дорам сарвазир Кохир Расулзодаро барои гуфту гу бо киргизхо шахси маъсул таин кунан Алимардонов М аз пайи нархи гушту картошка шаван бехтар мешуд

Бародари азиз бисер пешниходи хуб кардед. Алимардонов агар омада бо арзон кардани гушт сару кор гирад чудо хам нагз мешуд. Дар ин мохи шарифи рамазон бо мардум чалб намешуд. 1 килло гушт 36 -38 ин дар точикистони мо чабри мусулмонон аст.

бахси байни 2 давлати хамсоя бояд аз руи конунхои байналхалки хал карда шаванд.

Муродали Алимардон ва хайати расмие, ки хамрохи у мебошад ба гайр аз Шерали Хайруллоев дигар ягон нафарашон забони русиро хатто дар сатхи ибрози оддитарин калима хам намедонанд. Ман дар Киргизистон зиндаги мекунам ва бовар кунед, ки баъди хар як аз ин вохурихо, ки Алимардон ва Рачабали Рахмонали бо макомдорони киргиз мегузаронанду бинобар сабаби надонистани забони руси фикру акида ва пешниходхояшонро баён карда наметавонанд чи кадар дар байни ин мардум хандахариш шудаанд. Огои Эмомали Рахмон! як бор ба хайати вазирону макомдорони Путин назар афканед ва бубинед, ки хатто як муйсафеди 70 сола бо номи Сергей Лавров-вазири корхои хоричи чи тавр бо забони англиси суханрони мекунад. Вазирону макомдорони Шумо бошад мунтазам аз пайи маишату шикамчарони боки дар каллаи онхо аз сиёсату давлатдори ва нангу номуси хифзи сарзамину амнияти мардум чизе нест, чунки дар сари онхо чизи аз хама мухим барои давлатдори -саводи кофи вучуд надорад. Махз бо хамин гуна тоифахо Шумо аллакай як кисми сарзаминатонро аллакай аз даст додед ва ин чиз дар таърихи инсоният бори аввал аст,ки чунин мукадассотро осонакак бо ду дасти адаб бароварда медиханд. Хизматхои 23 солаи Шуморо бо ин чиз агар дар паллаи тарозу гузоранд, хатто тарозу аз ин вазнгузории 23 солаат дар мукобили сарзамини аз даст додаат хеч аст. Дар кучактарин лахзаи вазнини ин тоифахо туро танхо гузошта фирор мекунанд. Таърих инро борхо исбот намудааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)