Бахшҳо
14 июл 2014 09:44Тоҷикистон / Сиёсат

Абдуллозода дар бораи номаи Ёқуб ва "ғайб задани" Низомхон Ҷӯраев (ВИДЕО)

Нусратулло Абдуллозода (Абдуллоев), раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, номаи Ёқуб Салимов то ҳол дастраси ӯ нагардида, намедонад, аз онҳо чӣ дархосте шудааст. “Ин хабарро фақат аз расонаҳо дидем”,-афзуд ӯ дар нишасти хабарии 14 июл дар Душанбе.

Ёқуб Салимов, собиқ вазири умури дохилӣ, сардори гумрук ва сафири пешини Тоҷикистон дар Туркия, ки беш аз 11 сол боз дар боздоштгоҳи муваққати Вазорати адлия нигаҳдорӣ мешавад, дар оғози моҳи ҷорӣ аз Додгоҳи олӣ хоста буд, ӯро шартан пеш аз муҳлат озод кунад. Дар ин бора Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеи Салимов хабар дода, афзуда буд, аризаи дахлдорро нафари таҳти ҳимояташ рӯзи 27 июн дар ҳузури ӯ навиштааст. Ба қавли ин вакили мудофеъ, Салимов аз чор се ҳиссаи ҳукми додгоҳро дар боздоштгоҳ адо намуда, тайи ин муддат вазъи саломатияш хеле бад шудааст.



Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар нишасти матбуотияш ба қазияи якбора ғайб задани Низомхон Ҷӯраев ҳам дахл кард. Ӯ гуфт, агар дар куҷо будани Ҷӯраевро медонист, ҳатман ӯро даъват карда меовард. “Дар куҷо будани Низомхонро бояд аз мақомоте пурсид, ки ба фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ машғуланд”,-таъкид дошт Нусратулло Абдуллозода.

Нозимхон Ҷӯраев, собиқ раиси корхонаи спирти Исфара, як моҳ пештар аз Душанбе “ғайб зад” ва мақомот ӯро мавриди ҷустуҷӯ қарор додаанд. Бахтиёр Насруллоев, вакили мудофеи ӯ, гуфт, рӯзи 23 июн аз Додгоҳи олӣ занг зада, гуфтаанд, ки нафари таҳти ҳимояташ фирор кардаву ҳоло дар пайгард аст. Ин дар ҳолест, ки дар рӯзҳои аввали гумшавии Низомов, Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик ва яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, дар ғайб задани Низомхон Ҷӯраев – соҳибкори боздоштшудаи тоҷик кормандони Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистонро айбдор кард. Ӯ гуфт, “агар, дар ҳақиқат, Ҷӯраев фирор карда бошад, кормандони масъули Оҷонси зидди фасоди молии кишвар бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд.” Ба гуфтаи Қудратов, ин соҳибкори боздоштшудаи тоҷик аз замони “омадан”-аш ба Тоҷикистон дар бинои Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар нигаҳдорӣ шуда, таҳти назорати кормандони оперативии ин ниҳод қарор доштааст.

Низомхон Ҷӯраев, ки ӯро дар Тоҷикистон бо чанд иттиҳом, аз ҷумла даст доштан дар куштор, азхудкунии маблағ ва таъсиси гуруҳи мусаллаҳ муттаҳам медонанд, 18 августи соли 2010 дар яке аз минтақаҳои шаҳри Маскав аз сӯи пулиси Русия бо дархости ҷониби Душанбе боздошт гардида буд. Додгоҳи олии Русия дар он замон ба қароре омада буд, ки ӯро ба ватанаш истирдод кунад. Вале дар пайи эътирозҳои шадиди ҳуқуқшиносон аз ин қарори худ даст кашид. Дар ибтидои соли 2012 Ҷӯраевро аз боздоштгоҳи Зеленогради Русия раҳо намуданд. Вале баъд аз чанд муддати беному нишон гардиданаш нохост дар Тоҷикистон аз худ дарак дод. Ӯ тариқи телевизионҳои давлатии кишвар гуфта буд, ба Ватан бо хоҳиши худ омадааст, то ба мақомот таслим шавад. Ба гуфтаи Ҷӯраев, гӯиё ӯ аз Русия тариқи қаламрави Қазоқистон ва Қирғизистон ба Тоҷикистон омадааст. Вале ба навиштаи расонаҳои хабарӣ Низомхон Ҷӯраев аз тарафи чанд тан аз ҳамватанони худ рабуда, ба Ватан оварда шудааст.

Баъд аз боздошт ва оғози мурофиаҳои додгоҳии Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва раҳбари Ҳизби сабтиномнашудаи Тоҷикистони нав моҳи сентябри соли гузашта дубора номи Ҷӯраев дар сархати расонаҳои хабарӣ қарор гирифт. Оҷонсии зидди фасоди молӣ он вақт бо такя ба нишондоди Низомхон Ҷӯраев эълон кард, ки гӯиё Зайд Саидов дар замони вазири саноат буданаш корхонаи “Тоҷикатлас”-ро аз ӯ ба зӯрӣ гирифтаву дар иваз пуштибонияшро ваъда додааст. Иттилое, ки баъдан Зайд Саидов воқеияти онро рад карда, дурӯғе беш надонист.
Мӯҳр
Динамо
Шояд Низомхон Чураев аз илми сехру чоду бархурдор бошад. Чунки ваи Раиси корхонаи химия буд. Просто химичит - чашмбанди кардаги. Агар ин фарзия дуруст бошад, аник ки вай хаст байни мо - на бино ба чашм, нест - на дар шакли Низом. Ба хар сурат аз Адолати Суди гурехта намешавад. Боз Пайдош мекунанд.

Умар
Шинос шавед ин нафар кахрамони миллати точик раиси //// Олии Точикистон"!Шахсе,ки тавонист дар муддати рохбариаш системаи судии Точикистонро ба НОТАРИУС табдил дихад.Офарин Абдуллоев!Ин кахрамонии шуморо миллати точик харгиз аз ёд нахохад баровард ва номи шумо бо хатти заррин дар таърихномаи миллат нависта хохад шуд!Хатто як судяе нест,ки дар ин система акалан як парвандаро бе пул ичро кунад...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)