Бахшҳо

“Насиҳат”-и Оятуллоҳ Хоманаӣ ба шоирони Тоҷикистону Афғонистон

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, аз шоирони форсизабон даъват кард, дар ташаккул ва ҳифзи ҳувияти фарҳанги миллӣ саҳмгузор бошанд.

Ӯ дар дидор бо шоирони форсизабон аз кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Ҳиндустон ва Покистон дар Теҳрон гуфт, “шоир вазифадор аст, ба монанди шуарои бузурги таърихи форсзабонон мухотабони худро бо маънавиёту дамидани руҳияи умед, нишот ва таҳарруку пешрафт ғанӣ сохта, ин унсурҳо, ки созандаи ҳувияти ҳақиқии миллат ҳастанд, тақвият бахшанд.”

Раҳбари инқилоби Эрон бо ибрози таассуф, ки бархеҳо ҳамлаҳои густурда алайҳи ҳувияти исломӣ ва фарҳангиро бо вуҷуди ошкоро сурат гирифтани он намебинанд, афзудааст, “шоир бо руҳи ҳунарию нигоҳи тезбинаш ба дифоъ аз ин ҳувият бармехезад.”

Дар идома Хоманаӣ аз воқеиятҳои охири ҷаҳон, аз ҷумла дастдарозии қудратҳо ба истиқлол, сарват, дин, маънавиёт, номусу ахлоқи миллатҳо, тағйир додани ҳақиқатҳо тавассути нерӯи таблиғотӣ ва ҳаводиси ахири навори Ғаззаи Фаластин ёдовар шуда, изҳор дошт, “гоҳе барои кушта шудани як ҳайвон дар яке аз гӯшаҳои дунё ҷанҷолу таблиғоте роҳандозӣ мешавад. Аммо кушта шудани наздик ба 200 нафар, ки шумораи зиёдашон кӯдакону пиронсолон мебошанд, на танҳо барои бархеҳо аҳамияте надорад, балки Амрико ва Бритониё расман аз ин ҳамлаҳои Исроил ҳимоят мекунанд.”

Хоманаӣ таъкид кардааст, “шоир соҳиби шууру дарк ва фаҳму қудрати баён мебошад ва бояд бо бархӯрдорӣ аз ин имтиёзҳо, ки дар воқеъ неъмати илоҳӣ аст, ба ёрии мардуми мазлум барояду ҳаққу ҳақиқатро дар шеъри худ инъикос намояд.”
Мӯҳр
shoirho boyad haqiqat ro ba mardum bigand, hamon khele ki rahbari eron guftand

Офарин сухани хак? Ин кадар. Мусалмонхоро
Мекушанд. Амрико пуштибони аз бе адолати мекунад
Зеро худаш ин накшахоро ташкил кардааст
БОЯД МО БЕДОР БОШЕМ,КИ ЧИГУНА. МОРРО БА ЯКДИГАР
ЧАНГ МЕДОЗАНД????

карор
шорони точик танхо як хамосаи "бузург" доранд ва ду мухотаби дугугин: истиклоле, ки умуман вучуд надорад, сарвар ва ватан. он хам мачбури. онхо барои дифои мардуми худашон садо баланд намекунанду акнун барои мардуми араб шеър нависад? дар шахри Душанбе оби тоза нест, дар он махалхое, ки камбагалон зиндаги мекунанд, об ай этажи 2 болотар намеравад, дар арабистони беоб то 150 этаж об меброяд... боз 1000 камбуди дигар ки мардумро мачбур кардаст ки тарки ватани "чоночон" кунад

Хуввият
Ана бинед Часорати Муллоро, Ба Рохбари Инкилоби Исломи буданаш нигох накарда, аз хуввияти миллати ФОРС харф мезанад.

musalmon
Гуёки ин Хоманай худро пуштибони мусалмонхо мегирад?!! Хар руз дар Сурия садххо нафар бо ёрдами хаминхо кушта шудестан.....

Lola
ту худат котил асти Хоманай аз Аллох тарс дупагонаги накун мардуми сурияро ту куштаистодаи мардуми фаластинро низ ту кушта истодай то хозира фаластин мегуи чаро як ракета сар намети барои душманони фаластин?? аз аллох тарс рузи киёмат бо ин дуругуиёт чи чавоб мети

Баъзехои мо куранд. На сиёсата медонанд на балора

Чанги. Сурия дасти. Амрико ва Исроил
Мебошад.

тоҷик
Lola
хоҳари азизам ба ҳамон ракетаҳои ки фаластин израил ро мезанад нигоҳ кун ки аз киҷо меояд ... аз ерон... аввал фаҳмед баъд гап занед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)