Бахшҳо

Чин боз садҳо миллион $ ваъда кард: Раҳмон гуфт, мо меомӯзем...

Ширкати “Чунтай-Шоҳроҳи нави абрешим”, ки асосан ба сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзии ноҳияи Шинҷони Чин машғул аст, пешниҳод намудааст, ки ба соҳаи пахтакории Тоҷикистон то 200 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ кунад.

Ин нуқта имрӯз, 14-уми июл дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо мушовири калони ин ширкати чинӣ Ли Ян Ҷе таъкид шудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Ли Ян Ҷе дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки онҳо тасмим доранд дар Тоҷикистон истеҳсоли пахтаро бо истифода аз технологияҳои навтарини ҷаҳон дар ҳамкорӣ бо деҳқонону мутахассисони тоҷик ба роҳ монда, барои коркарди то 15 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр корхонаҳои гуногуни саноатӣ бунёд намоянд: “Тибқи нақша онҳо ният доранд, ки оянда бо маҳсулоти тайёр натанҳо бозори дохилии Тоҷикистонро таъмин кунанд, балки содироти онро ба хориҷи кишвар ба роҳ монанд.”

Ба иттилои манбаъ дар давраи аввал бо ҷалби беш аз 120 миллион доллари амрикоӣ сармояи мустақим зиёда аз 6 ҳазор ҷойи корӣ бунёд меёбад: “Дар оянда ҳаҷми сармоя то 200 миллион доллари амрикоӣ ва шумораи ҷойҳои корӣ то ба 15 ҳазор бояд расонда мешавад.”

Дар посух Эмомалӣ Раҳмон аз пешниҳодҳои ирокардаи чиниҳо хуш пазироӣ намуда, таъкид доштааст, ки барои қабули тасмими ниҳоӣ нақшаю барномаҳои ҳамкорӣ бояд ҳамаҷониба омӯхта шаванд.
Мӯҳр
Ватан дуст
Чй даркор амй хитойи ватан милати мора аз байн бурданиЯн мо точико хдмон ватанмона иншоаллох обод мекнем мо намехохем мисли уйгуро гулом шидан яг фикр кнен бародаро чи кор кадестен шмо

Бенфика
Шарм бояд ин мардумро,ки кишварро бо 5-6 миллион ахоли дар 17 соли сулх ба чунин кишвари карзгир ва мухточ табдил додаанд.Айб аст бародарон айб!

Бехтарин хабар!

Танхо чихати мухим ё пахлуи корро кушоду равшан пешкаши мардум кардан лозим аст, ки ин хам бошад 1) фоизи 200 миллоин дар як сол чанд аст?; 2) Оё мардум барои пардохти ин фоиз омода хастанд?; 3) агар ин барои манфиати "гурухи махдуд" бошад, хангоми мафлис (банкрот) шудани нафарони ин "гурух", бори баргарднидани карз ва фоизаш бар сари мардуми одди (бучаи давлат) намефатода бошад?

Пахтачин
Пешниходи хубе барои рушди сохаи кишоварзи.Чин дар самти кишоварзи хело давлати пешрафтааст. Вакти он расидааст, ки ДЕХКОНИ точикро аз хоби гарон барои хамкории судманд бо дехконони Чин, бедор кард. Чи илоч, Замини кам дорем вале...

Омухта мешавад,Танхо бад розиги дода мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)