Бахшҳо

Суоли “Озодагон” аз мансабдорони тоҷик: Қаср доред?

Дар пайи даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои қатъи қасрсозиҳо ва оғози сармоягузорӣ ба истеҳсолот “Озодагон” аз чанд мансабдор, вакили парлумон, фаъолони ҷамъиятӣ ва сокинони оддӣ дар бораи дороияшон суол кард:

Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод

Ман чанд то хона дораму амволи дигар, инро декларатсия карда ба ҳукумат пешниҳод кардаам. Ман як ҳавлӣ дорам, ки дар давраи дар бонки тиҷоратӣ кор карданам, ба тариқи қарзӣ харида таҷҳизонидагиям ва баъди анҷоми он дар ҳамонҷо зиндагӣ дорам. Барои ман дача зарур нест вақте, ки ман ҳавлӣ дорам.

Ҳасаналӣ Карамалиев, муовини раиси палатаи Савдо ва саноат

Ман як хонаи дуҳуҷрагӣ дорам тамом ва дигар ҳеч чӣ надорам.

Маҳмадалӣ Ватанов, вакили парлумон

Ман як хона дорам, хонаи шахсӣ, хонаи хуб аст. Ман намедонам дигар қасру кушкаш чист?

Исмоил Талбаков, вакили парлумон

Ман як хона дорам ва онро ҳануз такмил накардам. Онро қарз гирифта сохтмон карда истодаам. Агар дача медоштам рафта ҳозир истироҳат мекардам.

Муҳаммад Эгамзод, корманди сафорати Тоҷикистон дар Русия

Ман ҳам дар Душанбе як хонаи 2 ҳуҷрагӣ дорам ва берун аз пойтахт чизи дигаре надорам.

Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Маскав

Ман як хонаи дуошёна дар шаҳр дораму як мошин. Дар маскав як хонаи дуҳуҷрагӣ дораму як мошину як офис. Дар душанбе хонаи дуошёнаи иборат аз 8 дар хона. 5 тояш дар табақаи 1, 3 тои дигараш дар табақаи 2 ва мошин низ дорам. Вале он ки вазир як хонаи дуҳуҷрагӣ дорад ҳеч кас бовар намекунад. Гуфтаи президент, ки қасру кушксозиро бас кунед ба мансабдорон таъсир надорад. Аллакай ҳама ҳама чизро сохта гирифтанд ва агар ҳам созанд ба номи худашон намесозанд. Ҳеч таъсире нахоҳад гузошт. Ин як худнамоишдиҳӣ буд, ки гӯиё ғами мардумро мехуранд.

Шариф Муллоев, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистон

Банда дар зиндагии хеш ҳеч гоҳ аз паи сохтани қаср набуд ва намешавад. Инсон худ бояд огоҳ бошад, ин қаср ва кушкҳоро ба олами дигар намебарад. Банда дар ҳавлии хоксорона бо аҳли байт иқомат дорад. Ба фикри банда ба ҷои қасру кушкҳо иморатҳо барои мардум созанд ва бо нархи на он қадар гарон фурӯшанд ин кори неке ҳам дар ин дунё ҳам дар олами дигар мешавад. Чизи дигареро бигӯям, ки агар корхона ва ҷойхои кории бо маоши хуб таъмин шавад, шояд муҳоҷирони мо ба ватан ба назди хонавода баргарданд. Ин амалҳоро пиёда созанд беҳтарин мешавад.
Мӯҳр
Точ
Ягон чиху чора аз заид Саид набуд бас кунед афсанаро

Сарват
Бигузор шахрвандони мо сохиби Касрхои бошукух, Млрдер ва Млнр бошанд, агар масъули мехнати зехни ва чисмонии у бошад. Оё дар мо хастанд - то ифтихор аз онхо кунем ?

Аге набоша ин хама касру кушко аз Чаноб бо хешу табораш аст? Бас кунед другро аз саратон монад хамон касрхоятон бо ин другатон Иззат Амон шумохам ба ба мисли окои Исмоил Талбаков хастид рост не?

Ин хама хонахои бохашамат аз они мардуми бечора будааст-дия. Ё аз они мухочирони мехнати. Бечора мансабдорони точик бо ин маоши ночиз аз кучо хона созанду мошин харанд. Ба кавли Бобохонов (собик генпрокурор) барои мошинхои дабдабаноки кормандони прокуратураи генерали хешовандонашон, ки дар мухочирати мехнатиянд пул фиристодаанд. Хандаи кас меояд.

Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод !!
Албата дар Бонк кор карду ин хавлиро харид !! :) Аз кормандон бонк пурсед, ки чаро Давладзод аз кор рафт, ё ин ки чаро уро гусел карданд,,,
Баъд маълум мешавад сарватмандии у,,,

Хонаи ман аз хонаи вазира созбудай, хонаи вазир 2-хучраги хонаи манбошад 4-хучраги, ман аробакаши бозори Шохмансур.

Abdulloh
пас ин хама касру кушкаш аз мардуми одди будас

рохгузар
Озодагон - як хохиш доштам - агар имконият бошад сохибони хонахое ки дар наздикии сафорати Амрико сохта шудаанд хамунора дарёбед. Бовар кунед баъди пайдо кардани сохибони аслии ун хонахо, СЕНСАЦИЯ мешавад

1
Хаммаашон доранд.Доштани каср айб нест лекин у бояд сарчашмаи сохтани касрро исбот карда тавонад.Нафароне хастанд ки бо маоши ночиз сохиби кушк аз онхо пурсон бояд шуд.Дар Олмон одати ба идораи андоз хабаркаши хаст хамин ки шахс ашеи гарон гирад ба у хабар медиханд ин аст чомеаи шахрванди.Бадан нафароне ки молу мулки шуравиро харида ба ичора додаанд андози ночиз медиханд аз масохаташ онхо ва як кампири барчомонда як хел ба онхо то 60-70%-и даромади ин амвол андозбанди карда шавад.

Ватан
Озодагони азиз, як одамора пурсиден, ки камтаракак инсоф доранд, дар масъалаи бунёди касру кушк аз хешутаборони чаноб сар кунед, сони касрхои акаи Гул Шераливу Хукумовро дар шахр, атрофи он хисоб кунед, аз кормандони сохаи барк, махсусан хамаи прокурорхоро дида бароед. Бовари дорам, ки рузе мерасад ва ин касру кушкхо, ки аз пули дуздии хакки халки точик бунёд гардиданд хатман милли гардонида шуда ба богчаи бачагона, нуктахои тибби мубадал мегарданд.

Мухтарам , охи ин вакилони парлумон худ як мохие мебошанд, ки монанди марионетка овоз додан ба хама конунхоро доранд, шумо бояд аз боло хешу таборон мепурсидед, чантои вилла дар малдивы е сейшелы доранд?

Аслидин
Э якчи рушона ............. кадиян да о шумо киро фиреб медихед раисои мухтарам барои набераю аберае ки то хол тавалуд нашудааст аз хисоби пули давлат касру хонахои бохашамат дар Варзобу Ромит сохтед боз руйи рост дуруг мегуед.Инча факат Мухидин Кабири хонаю бозору дигар боигари доштаст бечора дигар хама раисону вазирону вакилон камбагал бдиян эх бечорако ........

Озодагон, хамин икдомро идома ва аз хамаи мансабдорон бипурсед. Харчанд ба чавобашон кас боварам накунад акалан камтар механдем. Холи бинед маълум мешавад, ки Вазири тандурусти дар хобгох ва Раиси кумитаи сохтмон ва меъмори дар хонаи ичора зиндаги мекунанд. Раиси бонки милли бошад як велосипед дораду хаолос. Он хонаву дачахое, ки дар дараи варзоб мебинем аз муаллимон, духтурон, журналистон ва хосса коргарони одии корхонахои давлатианд. Ташаккур барои ин икдом !!

Мегум хамин шарифхон сами ин кадар касру хонаву мошинро бо худаш мебурда бошад!?

точир
Бародарони мухтарам и призидент намехоха яГонкас бой шавад и бахонаяйки касрхои мансабдоронро мекобан.ин барои чизу чораи сохибкореки дорад максади онхоро гирифтанаст намурем зинда бошем мебинем ки чикадар одамони одиро гам метиянд аз кучо йофти пула гуфта.хамашона хабс мекунад ба бахона мекунандки тафтишот тафтишкарда баромадки ин сохибкор ришдоштааст терорист будааст.аз худо битарс. Эмомали.як хонаи озодаи духтарут ки дар мит кор мекунат 5 милион долар арзишдорат чашмои ту намебинат уро.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)